Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шӯриш" дар киштии адибони ихроҷшуда. ВИДЕО, САДО


Ҳудуди 40 узви ихроҷшудаи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хостори даъвати анҷумани ғайринавбатӣ ва интихоби раёсати нави ин созмони эҷодӣ шуданд. Аммо раҳбарияти Иттифоқи нависандагон ин иддаоро бепоя дониста, гуфтанд, ки аъзои барканоршуда ҳаққи даъвати анҷуманро надоранд.

"Чистка" дар Иттиҳоди адибон ҷанҷол барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
Линки мустақим

Бо наҳваи фаъолияти раҳбарияти ҳозираи Иттифоқи нависандагон розӣ нестам ва мехоҳам, нафарони дигаре интихоб шаванд, ки ба фоидаи адабиёти тоҷик хидмат кунанд
Ҳабибуллоҳ Нозирӣ

Дар тӯли ду соли охир тақрибан 40 узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ба далели сазовор набудан ба узвият дар ин созмони эҷодӣ аз саффи он хориҷ карда шуданд. Дар миёни адибони ихроҷшуда номи афроди саршинос нест, аммо гуфта мешавад, онҳо эҷодкороне ҳастанд, ки солҳои зиёд узвияти ин созмони адабиро дошта, чандин китоби худро ба нашр расондаанд.

Пурсиш: Аз адибони тоҷик киро медонед? "Шириншоҳ, Мастер Исмоил..."

Аз адибони муосир киро медонед? "Шириншоҳ, Мастер Исмоил ва Абада"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

"Аввал аз худ бипурсанд, ки ба адабиёти тоҷик чӣ хидмат карданд?"

Ҳабиб Сулаймонӣ, шоири тоҷик, гуфт, баъд аз 15 соли узвият аз саффи Иттифоқи нависандагон ихроҷ шуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Сулаймонӣ, танҳо дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 15 китобаш нашр шуда, чандин овозхон шеърҳои ӯро ба риштаи оҳанг кашидаанд.

Нозим Қосим тобистони соли 2015 ба раёсати Иттиҳоди адибони Тоҷикистон омад
Нозим Қосим тобистони соли 2015 ба раёсати Иттиҳоди адибони Тоҷикистон омад

“Раҳбарияти Иттифоқи нависандагон қабл аз хориҷ кардани аъзои худ бояд ба саволе посух диҳад, ки худ барои адабиёти тоҷик чӣ хидмате кардааст? Мо хуб дар хотир дорем, ки дар замони раҳбарии Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Аскар Ҳаким адибони тоҷик бо чӣ ғамхориҳои раҳбарият фаро гирифта мешуданд. Аммо раҳбарияти феълӣ ҳеҷ коре дар ин замина накардааст”, - афзуд ӯ.

Нозирӣ: "Ман бо шеваи ихроҷ кардани адибон мухолифам"

Ҳабибуллоҳ Нозирӣ, сардабири маҷаллаи “Тоҷикистон”, дар оғози солҳои 90-ум ба узвияти Иттиҳоди адибон пазируфта шудааст. Ӯ, ки дар гузашта вазифаи сардабирии маҷаллаи “Помир” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”-ро ба ӯҳда дошт, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз саффи иттиҳод хориҷ нашудааст, вале бо чунин қарори раҳбарияти созмони эҷодӣ мухолиф аст. Нозирӣ гуфт, "ман бо наҳваи фаъолияти раҳбарияти ҳозираи Иттифоқи нависандагон комилан розӣ нестам ва мехоҳам, нафарони дигаре интихоб шаванд, ки ба фоидаи адабиёти тоҷик хидмат кунанд. Раҳбарияти феълӣ барои таблиғ ва пешрафти адабиёти тоҷик наметавонанд, ҳеҷ кореро анҷом бидиҳанд.”

Ҳабибулло Нозирӣ
Ҳабибулло Нозирӣ

Ҳарчанд Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагонро дар ҷои кораш пайдо накрдем, Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “поксозии” сафи адибон аз афроди тасодуфӣ соли 2015 баъд аз ҷаласае дар ҳузури президенти Тоҷикистон оғоз шудааст. Ба гуфтаи Мирхоҷа, дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз ҳузури афроди тасодуфӣ дар Иттифоқи нависандагон ба шиддат интиқод карда, хостори поксозии сафи адибон шуда буд.

Мирхоҷа: Иттифоқ шаҳри бе дарвоза нест

Ӯ афзуд, ки то ҳол 39 адиби тоҷик аз Иттифоқи нависандагон ба далели “каммасъулиятӣ” хориҷ шуда, ба 6 нафари дигар барои ислоҳи вазъ мӯҳлат дода шудааст. "Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон беш аз 400 узв ҳаст ва мо тасмим гирифтем, ки адибони каммаҳсул ва тасодуфиро аз сафи худ хориҷ созем. Ба ин манзур як гурӯҳи босалоҳият ба кор шурӯъ кард ва осори ҳар як адибро мавриди омӯзиш қарор дод. Ба хотири пешгирӣ аз хусумат мо тасмим гирифтем, исми адибон ва мунаққидонашонро ошкор насозем", - афзуд ӯ.

Ато Мирхоҷа
Ато Мирхоҷа

Ато Мирхоҷа дар посух ба ин саволи Радио Озодӣ, ки ба чӣ далеле адибони шинохтае назири Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтӣ, ки дар гузашта раҳбарии Иттифоқи нависандагонро бар ӯҳда доштанд, аз раёсати ин созмони эҷодӣ берун карда шуданд, чунин гуфт: “Аъзои раёсатро раҳбари тозаинтихоб пешниҳод мекунад. Аммо адибони номбаршуда дар интихоботи раёсат натавонистанд миқдори зарурии овозҳоро соҳиб шаванд. Ҳарчанд инҳо адибони собиқадор ҳастанд ва хидмати онҳо дар рушди адабиёти тоҷик андак нест.”

Муовини раиси иттифоқи нависандагон гуфт, солҳои ахир ин созмони адабӣ зоҳиран ба як шаҳри ба қавли ӯ бе дарвоза табдил шуда, теъдоди зиёди эҷодкорон бо нашри чанд китоб худро ба ин иттиҳод шомил карда буданд. Бархе аз коршиносон низ ин нуктаро то ҷое таъйид карда ва гуфтанд, зоҳиран ҳадаф аз узвияти бархе аз афрод дар Иттиҳоди адибон на ин унвон, балки шояд баҳрабардорӣ аз имтиёзҳоест, ки барои нависандагону шоирон дода мешавад.

"Бояд онҳое низ ҷазо гиранд, ки чунин адибонро ба узвият пазируфтанд"

Абдуқодири Рустам
Абдуқодири Рустам

Дар ҳамин ҳол, Абдуқодири Рустам, адиб ва муҳаққиқи адабиёти тоҷик, гуфт, зимни ихроҷи аъзои Иттифоқи нависандагон набояд бо сарнавишти инсон бозӣ кард. Ӯ гуфт, "поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз дер боз як амри зурурӣ шуда буд, зеро дар солҳои 1990 афроди тасодуфие ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд. Аммо, зимни ихроҷи ин адибон бояд ҳамзамон афроде ҷазо бигиранд, ки чунин ба истилоҳ адибонро ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта буданд. Гузашта аз ин, бар ин назарам, ки чунин поксозии сафҳо бояд дар сохторҳои давлатӣ низ сурат бигирад, то нафарони сазовор сари кор биоянд."

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис шуда, дар солҳои мухталиф раҳбарии онро адибони саршиносе ба мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат бар ӯҳда доштанд. Дар бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ дар пайи ихтилофҳо дар Иттифоқи нависандагон ҳоло чанд созмонҳои адибон пайдо шудаанд ва соҳибназарон такрори чунин эҳтимол дар Тоҷикистонро низ баъид намедонанд.

XS
SM
MD
LG