Ба рӯйхатгирии овозхонҳои тоҷик. "Хасакиҳоро ҷудо мекунанд"

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки то ду моҳи дигар рӯйхати овозхонҳоро муаррифӣ хоҳад кард. Минбаъд дар кишвар танҳо овозхонҳое, ки исмашон вориди ин феҳраст шудааст, ҳаққи баргузор кардани консерт ва овозхонӣ дар тӯю маъракаҳои мардумро доранд.

Замоне ки ба овозхонӣ шурӯъ карда будем, дар Душанбе танҳо як студияи сабти овоз буд. Ҳоло ҳазор студияи сабти овоз ҳаст ва ҳар нафар метавонад худро ҳофиз эълон кунад.
Исматулло Холов

Таҳияи феҳраст ним сол боз идома дорад

Масъулони вазорат мегӯянд, дар ин феҳраст танҳо овозхонҳо ва гуруҳҳои ҳунарии ҳирфаӣ (касбӣ) шомил шуда, овозхонҳои, ба истилоҳ, “кӯчагӣ” шомили он нашудаанд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта ба таҳияи ин феҳраст шурӯъ карда буд.

Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба рӯйхатгирии овозхонҳо ва гуруҳҳои ҳунарӣ дар кишвар қариб анҷом ёфтааст ва то ду моҳи оянда феҳристи пурраи онҳо омода мешавад.

Саидов гуфт, ҳадаф аз таҳияи феҳраст ҷудо кардани ҳунармандони асил аз овозхонҳои “кӯчагӣ”-ву “хасакӣ” аст. ​“Ба ин феҳраст танҳо овозхонҳо ва гуруҳҳои ҳунарие ворид мешаванд, ки касбӣ ҳастанд ва эҷодиёташон ба талаботи касбиву ахлоқӣ мувофиқ аст”, - иброз дошт ӯ.

Танқидҳо аз мазмуни пасти таронаҳо

Масъулони Вазорати фарҳанг овозхонҳоро пас аз арзёбии сатҳу сифати тарона, мусиқӣ ва шеваи тақдими он ба ин феҳраст шомил мекунанд. Овозхонҳое, ки исмашон дар ин феҳраст ворид намешавад, ба қавли мақомот, аз ҳаққи баргузор кардани консерт ва ширкат дар тӯйҳо маҳрум хоҳанд шуд. Тибқи қонуни танзим соҳикони тӯй дар Тоҷикистон қабл аз кирояи ҳофиз бо онҳо бояд шартнома банданд ва дар он “гонорар”-и сароянда дарҷ шавад. Сарояндагон дар навбати худ муваззаф ҳастанд, ки “патент” дошта бошанд ва андози давлатро ҳар моҳ пардохт кунанд.

Исматулло Холов

Дар Тоҷикистон салиқаи бархе аз овозхонҳо ва мазмуни таронаҳояшон натанҳо аз ҷониби шунавандагон, балки худи овозхонҳои касбӣ низ танқид мешавад. Мунаққидон бештар аз мазмуни пасти матни сурудҳо мегӯянд.

Ба унвони мисол, таронаи “Назан банга пук мешави сағера”-и овозхон Ҷамилаи Икром ва таронаҳои Қадами Қурбон, ки дар ҷое ба овози асп тақлид мекунад, мавриди мазаммати матбуот қарор гирифта буданд. Ҳарчанд ин таронаҳо дар аксар маврид аз таронаҳои овозхонҳои касбӣ дида, дар шабкаҳои иҷтимоӣ бинандаи бештар доранд.

“Қаблан як студияи сабти овоз буд”

Исматулло Холов, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, “сатҳи пасти ҳунари бархе аз сарояндагони нигаронкунада аст” ва вақте расидааст, ки вазорат минбарро ба рӯи чунин нафарон бибандад. Ӯ гуфт, “замоне ки ба овозхонӣ шурӯъ карда будем, дар Душанбе танҳо як студияи сабти овоз буд ва он ҳам дар Хонаи Радио. Ҳоло ҳазор студияи сабти овоз ҳаст ва ҳар нафар метавонад худро ҳофиз эълон кунад. Чанде пеш шоҳид будам, таронаи овозхонеро, ки бештар аз ду калимаро бе иштибоҳ хонда наметавонист, сабт карданд. Бархе аз мутахассисони сабти овоз дар студияҳо калима ба калима чунин таронаҳоро сабт ва бо барномаҳои махсус коркард мекунанд ва ин нафар мешавад - овозхон.”

Афзалшоҳ Шодиев

Холов афзуд, таҳияи чунин як феҳраст иқдоми саривақтӣ аст, чун ба овозхонҳои асил имтиёз медиҳад. Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон сензура манъ аст, аммо Вазорати фарҳанг метавонад тавассути додани салоҳияти беҳтар ба шӯроҳои бадеӣ аз роҳ ёфтани таронаҳои пастсифат, камазмун ва фаҳш ҷилавгирӣ кунад.

“Гап сари пул нест, ҳунар аст”

Афзалшоҳ Шодиев, овозхони маъруфи тоҷик ва роҳбари Филармонияи давлатӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ниҳоди зери роҳбарии ӯ Шӯрои бадеӣ фаъол аст, ки танҳо пас аз арзёбии ин шӯро толори филармония ба ихтиёри ин ё он сароянда гузошта мешавад. “Ҳар касе, ки хост ман ҳофиз гуфта сарояндагӣ кунад, вазъи ҳунар чӣ мешавад? Ман тарафдори онам, касе овозхонӣ кунад, ки ҳунари худодод дорад. Чанд нафар омад, ки пули иҷораи толорро медиҳам, бигзоред, ки консерт диҳем. Ман гуфтам, гап дар сари пул нест, намегузорам ки беҳунарон ба саҳна роҳ ёбанд”, - афзуд ӯ.

“Бигзор ҳама хонад, боҳунар мемонад, беҳунар меравад”

Аммо бархе аз овозхонҳои ҷавон мегӯянд, бояд довар халқ бошад, на мақомоти расмӣ. Онҳо мегӯянд, халқ мӯйро аз хамир ва сараро аз носара ҷудо карда метавонад.

Яке аз ин овозхонҳо бидуни бурдани номаш гуфт, “ҳамин халқ медонад, ки киро гӯш кунад, киро не. Бо гузашти солҳо ҳанӯз Аҳмад Зоҳирро гӯш мекунанд, Зафар Нозимро гӯш мекунанд, дар ҳоле ки касе онҳоро таблиғ намекунад. Завқи шунаванда паст нашудааст, балки онҳо гуногунрангӣ мехоҳанд. Бигзор ҳама хонад, боҳунар боло меравад, беҳунар худ ба худ гум мешавад.”

Бо ин ҳол, ҳама гӯшу ҳуш истодаанд, ки ин феҳрасти муҳим номи киҳоро дар бар гирифта, дарро ба рӯи кӣ хоҳад баст.