Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижаи Давлат: "Худо кунад, ки сурудҳои навам садо диҳанд"


Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Телевизиони Тоҷикистон рӯзи 12 май дар як барномаи мусиқӣ сурудҳои Манижаи Давлат, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Садриддини Наҷмиддинро пахш кард. Ин овозхонҳо чанд сол боз дар рӯйхати, ба истилоҳ, "сиёҳ"-и телевизиону радиоҳои давлатии Тоҷикистон буданд.

Соли 2006 Манижаи Давлат нахустин овозхоне шуд, ки баъди суқути режими Толибон дар Афғонистон ба шаҳрҳои Мазори Шарифу Кобул рафта, дар баробари ҳазорҳо тамошобин консерт дод.

Ин овозхонҳо дар гузашта маҳсули эҷодии худро тавассути Интернет ва дар консертҳои вижа барои ҳаводорони дохиливу берунӣ муаррифӣ мекарданд. Дар ниҳоят, миёнаҳои моҳи апрели имсол бо як даъвати Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизиону радио ба онҳо намоиши кору ҳунарашон дар шабакаҳои давлатӣ иҷозат шуд.

Як масъули Телевизиони Тоҷикистон рӯзи 12 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин овозхонҳо дар миёни ҷавонон ҳаводори зиёд доранд ва бахшида ба "Соли ҷавонон" дар ин шабака ба онҳо минбар дода мешавад. Ин корманди телевизион, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "ба мо мактубҳои зиёд аз номи ҷавонон ворид шуд, то сурудҳои онҳо пахш шаванд. Ин хоҳиши ҷавонон ба инобат гирифта шуд. Минбаъд ҳар суруди онҳо, ки оҳанг ва мазмуни хуб доранд, пахш мешавад".

Манижаи Давлат
Манижаи Давлат

Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик, 12 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як рӯз пеш аз шифохона рухсат шуд ва пахши сурудаш аз шабакаи давлатӣ ӯро хеле хушҳол кард. Вай гуфт, феълан вазъи саломатиаш имкони ҳузур дар барномаҳои телевизиониро намедиҳад.

Манижаи Давлат гуфт, "ҳоло вазъи саломатиам иҷозат намедиҳад, ки ба саҳна низ бароям. Фақат дар фикри саломатӣ ҳастам, вале пахши сурудҳоям аз шабакаҳои ватанӣ хабари хуб аст. Ин ба ман умеди тоза мебахшад. Худо кунад, ки рӯзе сурудҳои навам садо диҳанд." Манижа гуфт, ҳоло чанд суруди нав омода мекунад ва агар фурсат шуд, ҳатман онҳоро сабт хоҳад кард.

Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон

Шоираи Раҳимҷон, таронанависи тоҷик, аз пахши таронаи Манижаи Давлат ва овозхонҳои дигар дар шабакаи давлатӣ истиқбол кард ва гуфт, "ин иқдом фазои эҷодкориро дар Тоҷикистон ва бахусус шабакаҳои давлатии телевизиону радио бозтар хоҳад кард".

Ӯ афзуд, "воқеан, ин тасмими олӣ аст. Аз ҷумла, дар ин миён пахш шудани таронаи Манижа хушҳолкунанда аст. Чун Манижа дар баробари Шабнаму Садриддин метавонад фарҳанги тоҷикро дар хориҷ муаррифӣ кунад. Дар ҳамкорие, ки чанд вақти охир бо Манижа доштам, чанд суруд тавлид шудааст, ки иҷрои онҳо, фикр мекунам, ба қавле “як бомба” дар эстрадаи тоҷик хоҳад буд. Садои Манижа аз гузашта хеле қавитар шудааст ва ин сурудҳояш аз таронаҳои дар гузашта сабт кардааш хеле фарқ мекунад."

Сироҷиддин Фозилов
Сироҷиддин Фозилов

Манижаи Давлат 34 сол дошта, бори аввал соли 2002 дар дуэти маъруфе бо Сироҷиддин Фозилов ва таронаи “Гӯшаи бом” дар саҳна пайдо шуд. Манижа дар баробари садои зебову тақдими самимиаш, дар оғози солҳои 2000-ум бо матнҳои пурмӯҳтавои оҳангҳояш ба дилҳо роҳ ёфт.

Ин ҳамон замоне буд, ки баъди 4-5 соли хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон саҳнаи ҳунарро бештар овозхонҳои ғайрикасбиву ҳаваскор ва таҳсилнодида пур карданд ва мазмуну шеваи тақдими оҳанги сурудҳои замонавӣ бисёр интиқод мешуд. Аввалин албоми сурудҳояш “Сарнавишти ман” соли 2002 ба бозор арза шуд.

Соли 2006 Манижаи Давлат нахустин овозхоне шуд, ки баъди суқути режими Толибон дар Афғонистон ба шаҳрҳои Мазори Шарифу Кобул рафта, дар баробари ҳазорҳо тамошобин консерт дод. Баъди ин матбуот хабар ёфт, ки дар пайи консерти Манижа дар пойтахти Афғонистон ду гурӯҳи ҳаводоронаш бо ҳам задухӯрд карда, чанд нафар ҳам дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Манижаи Давлат ҳангоми ҳунарнамоӣ дар Афғонистон
Манижаи Давлат ҳангоми ҳунарнамоӣ дар Афғонистон

Вале баъд аз ин Манижа ногаҳон эълон кард, ки аз саҳна меравад, вале робитаҳои худро бо ҳунару мусиқӣ нигоҳ медорад. Дар даҳ соли охир чандин овозхони маъруфи тоҷик, назири Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳрнигори Рустам, Баҳром Ғафурӣ, Зайнура Пӯлодова, Ҷонибек Муродов ва дигарон таронаҳои худро бо оҳангҳои эҷодкардаи Манижаи Давлат муаррифӣ карданд. Таронаи “Осмон боронист”-и худи ӯ дар иҷрои Манижа дар шакли МP3 низ пахш шуд.

XS
SM
MD
LG