Маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало" натиҷаҳои пурсиши афкори умумро нашр кард, ки бар асоси он панҷгонаи маъруфтарин овозхонҳои тоҷик дар соли 2017 муайян шуданд.
Бар асоси пурсиши телефонии маркази таҳқиқоти иҷтимоии "Зеркало" дар Тоҷикистон, маҳбубтарин овозхони сол дар кишвар Нигина Амонқулова будааст. Аз миёни беш аз 600 ширкатдори пурсиши телефонии "Зеркало", ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ анҷом шудааст, наздики 15 дар сади пурсидашударо Нигинаро "овозхони маҳбуби худ" номидаанд.
Дар паи ӯ Шабнами Сурайё қарор дорад, ки 8,1 % овози тарафдоронро соҳиб шудааст.
Мақоми сеюми пурсиш ва ҳам ҷои аввалро дар миёни мардон Садриддини Нажмиддин гирифтааст. 6,2 дарсади пурсидашудаҳо Садриддинро овозхони дӯстдоштаи худ номидаанд.
Дар феҳрасти панҷгонаи овозхонони беҳтарин баъди Нигина Амонқулва, Шабнами Сураё, Садриддини Наҷмиддин, Афзалшоҳ Шодиев ва Зиёвиддини Нурзод ҷой гирифтанд.
Назархоҳии мазкур аз 15-ум то 18-уми декабр дар миёни 604 нафар ва тариқи телефон анҷом шудааст.
Ин назарсанҷӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки Нигина Амонқулова имсол дар саҳна кампайдо буд. Вале бо ин ҳам оҳангҳои ин овозхони шинохта дар шабакаи иҷтимоии ютуб имсол шунавандаи зиёд дошт.
Аксар шунавандаҳои Нигина Амонқулова занон буда, синну соли тарафдорони ӯ бемаҳдудият будааст - аз 16-солаҳо боло. Вале мухлисони Шабнам аз ҳисоби занону мардон тақрибан баробар буда, аксар тарафдоронаш 16 то 34-сола будаанд.
Шабнами Сураё дар давоми сол дар дохили кишвар чанд барномаи консертӣ доир кард ва баъди чанд соли дар руйхати сиёҳ будан дар ҷашнвораҳои давлатӣ тарона хонд. Садриддини Наҷмиддин, яке аз дигар овозхонони шинохтаи тоҷик, соли 2017, чун солҳои қаблӣ аксаран дар хориҷи кишвар барномаҳои ҳунарӣ дошт ва дар баҳори имсол барои дӯстдорони оҳангҳояш дар бинои Амфитеаnри Душанбе консерт гузошт.
Дар пурсиши "Зеркало" аксар мардон гуфтаанд, ки тарафдори садои Садриддин ҳастанд ва синну соли онҳо ҳам асосан то 34-сола будааст.
Шумори ҳаводорони Афзалшоҳи Шодӣ дар миёни занону мардон ва ҳам афроди синну соли гуногун тахминан баробар буда, ҳаводорони Зиёвуддини Нурзод дар миёни занон ва дар миёни 35-сола боло бештар будааст.
Гузориши видеоӣ аз 13 марти соли ҷорӣ баъди супурдани ҷоизаи "Тамошоу":