Чӯпонҳои ҷамоати Моғиёни Панҷакент, ки дар соли гузашта марзбонони узбак 1865 сар гӯсфанду 41 гови онҳоро ба он сӯи марз бурданд, рӯзи 7 май барои шикоят ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон омаданд.
Чӯпонҳо аз ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ки марзбонони Узбакистон қариб 2000 сар гӯсфанду гови онҳоро бурдаанд, мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон фақат ваъда медиҳанд, аммо дар баргардондани чорвои онҳо ҳеҷ иқдоме накардаанд.
Намозалӣ Қурбонхӯҷаев, яке аз чӯпонҳои деҳаи Моғиёни Панҷакент рӯзи 7-уми май ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омад ва гуфт, ки 6 маротиба роҳи дарозро тай намуда, ба пойтахт меояд, вале мақомоти кишвар фақат ваъда медиҳанд, ки гӯсфандҳоро бармегардонанд, аммо ҳеҷ коре то ҳанӯз накардааанд. Қурбонхӯҷаев мегӯяд: «Имрӯз ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадем, моро қабул карданд, вале фақат гуфтанд, ки кӯшиш доранд, то гӯсфандҳоро баргардонанд.»
«Мо сахт ба танг омадаем. 8 тан аз соҳибони чорво мариз шудаанд. Як ҳамсояам, ки 30 сар гӯсфанд дошт, ҳоло дастонаш меларзанд, ҳаррӯз соҳибони мол пушти дари мо меоянд, ки гӯсфандҳошонро баргардонем» - меафзояд ӯ.
Чӯпони дигар Султон Ҳайдаров, ки 400 гӯсфандашро бурдаанд, мегӯяд, имрӯз дар вазорати хориҷа ваъда доданд, ки масъалаи гӯсфандҳоро мебинанд, вале ӯ мутмаин нест, ки мақомот коре кунанд. «Баъди як моҳ расо як сол мешавад, ки қариб 2000 гӯсфанду гови мардуми Панҷакентро сарҳадбонони узбак бурданд. Ҳарчанд мо шикоят кардем, ба ҳукумати ноҳия омадем, ба вилояти Суғд омадем, 6 маротиба ба вазорати хориҷа ва чанд бор ба дастгоҳи президент омадем, муроҷиат кардем, вале ҳеҷ натиҷа нест,» - мегӯянд чӯпонони моғиёнӣ.
Ба гуфтаи онҳо, ин рама чорвои мардум буд, ки ҳоло соҳибонашон сарнавишти моли худро аз онҳо мепурсанд. Ба болои ин ҳама, мегӯянд чӯпонҳо, вақте онҳо аз боздошт дар Узбакистон баргаштанд, бахши амнияти Панҷакент Рустам Ҳайдаров, Тӯлибой Қурбонхӯҷаев ва Муҳаммадҷон Ҳайдаровро бо ҷурми марзшиканӣ 1 200 сомонӣ ҷарима ҳам бастанд. Ин чӯпонҳо нусхаи пардохти ин ҷаримаҳо дар даст мегӯянд, «мо ҳайронем, ки дар Узбакистон онҳоро ҷарима накарданд ва бидуни кадом муҷозот ба Тоҷикистон баргардонданд, вале дар инҷо моро ҷарима карданд.»
Тавре дар номаи додситонии кулли Узбакистон аз таърихи 5 октябри соли 2013 зикр шудааст, додгоҳи Шаҳрисабз бо ҳалномаи худ аз 25 октябри соли 2013 рамаи чӯпонони тоҷикро «чорвои бесоҳиб» ҳукм карда, ба ҳисоби давлати Узбкистон гузарондааст. Дар ҳамин нома зикр шудааст, ки аризаи Қурбонхӯҷаев Намозалӣ тибқи қунун баррасӣ шуда, додситони кулл дар ҷараён гузошта шавад.
Марзбонони Узбакистон рӯзи 14 июни соли гузашта 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо 1865 сар гуфанду асп ва 41 сар гов дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Пас аз як моҳ мақомоти Узбакистон 5 чӯпонро раҳо карданд, вале то ҳол аз рамаи гӯсфандони онҳо дараке нест.