Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти чӯпонҳои Моғиён ба дастгоҳи президент расид


Раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки масъалаи 1865 сар гӯсфанду аспи сокинони Панҷакент, ки аз тарафи марзбонони Узбакистон дар моҳи июни соли гузашта ба он сӯи марз бурда шудаанд, баррасӣ шавад.

Намозалӣ Қурбоналиев, яке аз чӯпонҳои деҳаи Моғиёни Панҷакент рӯзи 7-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи панҷшанбе қисми марзбонии ноҳияи Панҷакент се нафар чӯпонҳоро даъват намуда, бар асоси номаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳури кишвар масъалаи бурда шудани рамаи гӯсфандони онҳо аз тарафи сарҳадбонони Узбкистонро мавриди пурсиш қарор додааст.

Намозалӣ Қурбонов афзуд, ки рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта се нафар чӯпонҳои деҳаи Моғиён ба Дастгоҳи президенти Тоҷикистон омада дар мавриди баргардондани гӯсфандҳояшон ба номи Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда буданд.

Намояндаи Шӯъбаи қабули шаҳрвандон ва номаҳои сокинони кишвар гуфтааст, ки бар асоси ариза онҳо, ниҳодҳои масъулро муваззаф хоҳанд кард, ки дар масъалаи рамаи гӯсфандҳо ҷиддитар муносибат намуда, ба зудтарин фурсат баргардонида шаванд.

Дар ҳамин ҳол Изатулло Саидов, масъули Бахши қабули арзу номаҳои Дастгоҳи президент ба радиои «Озодӣ» гуфт, модоме ки масъулони ниҳоди марзбонии Панҷакент ба масъалаи чӯпонҳо расидагӣ кардааст, пас маълум аст, ки аризаи сокинони ин ноҳия ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дорад.

Намозалӣ Қурбонов афзуд, вақте онҳо ариза пешинҳод карда буданд, номаҳое, ки аз тарафи мақомоти интизомии Узбакистон дар масъалаи гӯсфандҳояшон ирсол дошта буданд, замима кардаанд. Онҳо ҳамчунон дар ин талаби худ навишта будаанд, ки аз бурда шудани гӯсфандҳояшон беш аз як сол мегузарад, вале ниҳодҳои масъул дар пайи ҳалли ин масъала нестанд.

Марзбонони Узбакистон 14 июни соли гузашта 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи 1865 сар гуфанду асп дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Пас аз як моҳ мақомоти Узбакистон 5 чӯпонро раҳо карданд, вале то ҳол аз рамаи гӯсфандони онҳо дараке нест.

Пас аз раҳо шудани чӯпонҳо дар таърихи 22 июл, онҳо борҳо ба ҳукумати ноҳияи Панҷакент дар мавриди 1865 гӯсфанду 41 сар гови шохдор муроҷиат кардаанд, вале онҳо ба ҷуз ваъда, дар ин росто кӯмаке накарданд.
XS
SM
MD
LG