Умедҷон Ҳабибов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Панҷакент рӯзи 30-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, 5 чӯпони тоҷик ва чорвои онҳо то ҳол дар Узбакистон боқӣ мондаанд: «Хабарҳо дар мавриди баргардонидани чорвою чӯпонҳо асос надоранд. Ман ҳоло бо нафароне, ки бо ҳамин кор машғуланд, тамос гирифтам ва онҳо гуфтанд, ки ин гапҳо асос надоранд.»
Ҷаноби Ҳабибов афзуд, ки ҳалли мушкили дармондани чорвою чӯпонҳои тоҷик аз салоҳияти мақмоти маҳаллии ноҳияи Панҷакент берун аст ва ин масъала бояд дар сатҳи байни давлатҳо, аз тариқи вазорати корҳои хориҷӣ ва раёсати марзбонии кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 26-уми июн Кумитаи сарҳадоти Узбакистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки ба хотири ҳифзи “муносиботи созанда байни Узбакистону Тоҷикистон чорвои боздоштшударо ба ҷониби Тоҷикистон баргардондаанд.” Дар ин иттилоия гуфта мешуд, ки дар ин авохир мавридҳои марзшикании шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи ду кишвар афзудааст. Ин ниҳод аз ҷумла мегӯяд, ки рӯзи 7 июн як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ бо камонҳои шикорӣ аз қаламрави Тоҷикистон вориди Узбакистон шуда, сокинони маҳаллӣ ва чорвои онҳоро ғасб карда, ба он сӯи марз бурд.
Мавриди дувум, бино ба ин хабар, рӯзҳои 14 ва 15 июн иттифоқ уфтода, гуфта мешавад, як воҳиди марзбонии Узбакистон 5 сокини Тоҷикистонро бо беш аз 1470 сар чорвое, ки дар қаламрави Узбакистон мечаронданд, бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ боздошт кард. Ин дуруст ҳамон мавриди боздошти 5 чӯпон аз рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент аст.
Дар ҳамин ҳол, Истам Абдуллоев, падари яке аз чӯпонҳое, ки марзбонҳои Узбакистон ҳамроҳи рамаи гӯсфандон боздошт кардаанд, низ ба Озодӣ гуфт, ки то ба ҳол на аз писараш ва на аз рама хатту хабаре нест: «Рӯзи ҷумъа бояд музокирот мешуд, аммо назди марз рафтем, ҳеҷ гапе нест. Назди ҳоқими ноҳия рафтем, назди прокуратура низ даромадем, аммо онҳо ҳеҷ ҷавоби аниқе надоданд.»
Абдуллоев афзуд, рамае ки марзбонони Узбакистон ҳамроҳи чӯпонон бурдаанд, ҳамагӣ аз они мардум буд ва ҳоло соҳибонашон аз ӯву волидони чӯпонҳои дигар чорвои хешро талаб доранд ва онҳо намедонанд, ки чорвои халқро аз куҷо баргардонанд.
Қаблан мақомот ва сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 15 июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо як рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба тарафи Узбакистон бурдаанд. Ба дунбол, раёсати нирӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар робита ба ин қазия ба ҳамтоёни узбаки худ номаи расмӣ фиристодаанд.
Ҷамоати Моғиёни Панҷакенти Тоҷикистон бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон марзи муштарак дорад.