Раҳим Қурбонхӯҷаев, бародари яке аз чӯпонҳои рабудашуда имрӯз, сешанбеи 2-юми июл ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ташриф овард ва гуфт, дар ин нома, ки аз номи пайвандони чӯпонҳои рабудашуда навиштааст, аз давоми ёфтани қазияи чӯпонҳо ва рамаи гӯсфанони рабудашуда ба Узбакистон нигаронӣ шуда ва аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дархост кардааст, кӯмак ва мусоидати худро дареғ надорад.
Раҳим Қурбонхӯҷаев ба сабаби он, ки қазияи чӯпонҳо ва рамаҳои рабудашуда ба Узбакистон муддати беш бист рӯз ҳалли худро пайдо накард ва мақомоти маҳаллӣ низ натавонистанд то кунун дар кушодани гиреҳи ин қазия муваффақ шаванд, ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таври хаттӣ муроҷиат кардаанд. Зеро ба таъкиди ин сокинин ноҳияи Панҷакент, ин қазия як муаммои сарбастаро мемонад ва муддати бист рӯз аст, ки ҳеҷ хату хабаре аз ин чӯпонбачаҳо ва рамаи гӯсфандон нест.
Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Тоҷикистон вуруди чунин нома ба ин вазоратхонаро тасдиқ кард.
Дархости наздикони чӯпонҳои рабудашуда ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти маҳаллии Панҷакент дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфтанд, ки масъалаи чӯпонҳо ва гӯсфандҳо дар зинаҳои болои ҳукуматӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент рӯзи 2-июл ба Радиои Озодӣ гуфт, номаҳое, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон як ҳафта қабл ба мақомоти Узбакистон ирсол доштаанд, то кунун беҷавоб мондаанд.
Вай гуфт, ки ҳоло дар сатҳи ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ба ин масъала машғул ҳастанд ва бо рӯшан шудани ин қазия, матбуотро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Ин дар ҳолест, ки беш аз 15 нафар волидони чӯпонҳои рабуда шуда дирӯз дар назди ҳукумати ноҳияи ҷамъ омада, сарнавишти фарзандони худро суол карданд.
Намоз Қурбонхоҷаев, сокини деҳаи Моғиён ва падари яке аз 5 чӯпони боздоштшуда мегӯяд, ки аз ҳодисаи рабуда шудани фарзандони онҳо 20 рӯз мегузарад, вале на мақомоти ноҳияву ҷамоатҳо ва на ҳеҷ каси дигар намедонад, ки ба онҳо чӣ шуда ва дар куҷоянду ва дар чӣ шароите ба сар мебаранд: «Дар ҳукумати ноҳия ба мо гуфтанд, ки тамоми чораҳоро ҷуста истодаанд, ки ҳарчӣ зудтар чӯпонҳоро озод кунанд, лекин аз он тараф то ҳол посух наёмадааст, бовар кунед ҳар субҳ модарони чӯпонҳо доду фарёд мекунанд, ки тезтар бачаҳояшонро баргардонанд.»
Қаблан мақомот ва сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 15 июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо як рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба тарафи Узбакистон бурдаанд. Ба дунбол, раёсати нирӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар робита ба ин қазия ба ҳамтоёни узбаки худ номаи расмӣ фиристодаанд.