Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аниқ шуд, ки 5 чӯпонро бо 1000 сар гӯсфанд ба Узбакистон бурдаанд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, то имрӯз аниқ шудааст, ки 5 чӯпон ва тақрибан 1000 сар гӯсфандро аз ноҳияи Панҷакент маҳз ба Узбакистон бурдаанд.

Лейтенант Ҳимматшоев, навбатдори ин ситод рӯзи 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “ ҳанӯз маълум нест сарнавишташон, кофтукоб идома дорад, аммо аниқ шуд, ки 1000 сар гӯсфанд ва 5 даҳмардаро ба тарафи Узбакистон бурдаанд, Ин аниқ аст.” Оқои Ҳимматшоев афзуд, ин ҳодиса рӯзи 15 июн рух додааст.


Шарҳи навбатдори ситоди марзбонӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00
Линки мустақим

Ба ин тартиб, Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаров – 5 сокини ҷавони Моғиён, ки чӯпонӣ мекарданд, 8 рӯз боз зоҳиран дар қаламрави Узбакистон банд мондаанд.

Ситоди нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як рӯз қабл хабар дода буд, ки дар робита ба ин қазия ба ҳамтоёни узбаки худ номаи расмӣ фиристодаанд ва то ҳол мунтазири шарҳи ҷониби Узбакистонанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоати Моёини ноҳияи Панҷакент Ҳикматуллоҳ Исматов, қарор буд, рӯзи шанбе музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Узбакистон доир шавад, вале Зафар Шакаров, ёвари раиси ҳукумати Панҷакент рӯзи 22 июн ба Озодӣ гуфт, вазъ дар марз ором аст, аммо дар мавриди гуфтушуниди мақомоти тоҷику узбак ҳанӯз ҳарфе дар миён нест. Оқои Шакаров гуфт, ҷониби Узбакистон ҳанӯз ба дархостҳои ин ҷониб посухе надодааст.

Сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент иддао доранд, ки марзбонони узбак рӯзи 15 июн 5 чӯпони маҳаллиро бо садҳо сар гӯсфанд зӯран ба он сӯи марз бурдаанд.Ҷамоати Моғиёни Панҷакенти Тоҷикистон бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон марзи муштарак дорад.

Раиси ҷамоати Моғиён Ҳикматулло Исматов рӯзи 21-уми июн дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз сарнавишти панҷ чӯпон ва ин як рама гӯсфанд нигаронанд ва мунтазири мақомоти амниятӣ ҳастанд, ки таҳқиқи масъаларо шурӯъ кунанд.

Намозбой Қурбонхоҷаев, як сокини деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ки дар 250-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, мегӯяд, ин ҳодиса соати 5 шоми 15 июн, ҳангоми убури рама аз чарогоҳи марзии "Оқатоб" (дар қаламрави Тоҷикистон) рух додааст. Ба иддаои ӯ, сарҳадбонони Ӯзбакистон ба чарогоҳ ворид шуда, садҳо сар гӯсфанд, 41 гов ва 5 чӯпонро ба тарафи «Шӯтқишлоқ»-и Узбакистон бурдаанд. «То ҳол дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, ҳарчанд ба сарҳадбонони тоҷик ва ба ҷамоати деҳоти Моғиён муроҷиат кардем, вале то ҳол касе ба доди мо нарасидааст,» - меафзояд Қурбонхоҷаев.

Намозбой Қурбонхоҷаев дар посух ба саволи Озодӣ, ки оё сабаби интиқоли гӯсфандон ва чӯпонҳо ба он сӯи марз чӣ бошад, гуфт, ба эҳтимоли онҳо, ду ҳафта пеш сокинони деҳаи марзии Фароби ноҳияи Панҷакент ба деҳоти ҳаммарзи Ӯзбакистон убур карданд ва ҳудуди 1700 сар гӯсфанди сокинони он минтақаро ба қаламрави Тоҷикистон оварданд. «Агар инҳо гӯсфандҳои ӯзбакҳоро намедуздиданд, мо, ки дуртар аз марз дар деҳаи Моғиён зиндагӣ мекунем, ҷабр намедидем», - тахмин зад ҳамсӯҳбати мо.
XS
SM
MD
LG