Бемайлии номзадҳо ба таблиғ ва ҷалби мардум

Соҳиби Қасри Миллат, ба бовари бисёриҳо, ҳанӯз қабл аз интихобот маълум аст.

Бо вуҷуди онки то интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ним моҳи дигар мондааст, аммо номзадҳо барои ҷалби мардум ба тарафи худ шитоби чандоне нишон намедиҳанд.
Дар кӯчаҳои Душанбе шиорҳои таблиғотӣ, ҳолнома ва ё акси довталабони курсии раиси ҷумҳурро бисёр кам мебинед. Танҳо дар телевизионҳои давлатӣ ва он ҳам бар асоси талаботи қонун, наворҳои маҳдуде дар бораи номзадҳо ва худи интихобот нашр мешаванд.

Абдураҳмон, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар интихоботҳои воқеъӣ ва пуррақобат, ки демократӣ будани ин корзорро нишон медиҳад, дар ҳамаҷо, бояд шиору ҳолнома ва барномаҳои номзадҳо дида шавад, аммо чунин чизе ҳатто дар пойтахти кишвар вуҷуд надорад. Ба бовари ӯ, сабаб ин аст, ки барандаи интихоботи Тоҷикистон кайҳо маълум аст.

Мунаввара Ҳалимова, сокини дигари пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, аз маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мансаби президентӣ огаҳ аст, вале онҳоро фақат як бор дар мулоқот бо раъйдиҳандагон дида ва номашонро низ ҳамон вақт бори аввал шунидааст. Мунаввара Ҳалимова аз интихоботи гузаштаи парлумонӣ ёд оварда гуфт, ки ҳатто дар мактабу бемористонҳо акс ва ҳолномаи номзадҳо паҳн мешуданд. Вай афзуд: «Ҳарчанд мехоҳам ва барои ман донистани ин ё он номзад, ки чигуна инсон ҳаст, ҷолиб ҳам ҳаст, ки ӯ кист, вале ин имкон то ҳол фароҳам оварда нашудааст.»

Вале худи номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ мегӯянд, мулоқоти рӯ ба рӯ бо сокинонро беҳтарин роҳи таблиғи номзадии худ медонанд.

Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, гуфт, имрӯзҳо бо райъдиҳандагон дар водии Зарафшон мулоқот анҷом медиҳад ва фардо ба қисматҳои дигари вилояти Суғд хоҳад рафт. Аммо дар мавриди он ки чаро маъракаи таблиғи номзадҳо танҳо бо чанд мулоқот маҳдуд шудаанд?, оқои Ғаффоров гуфт: «Аз 21 октябр варақаҳои таблиғотӣ ва плакатҳои худро паҳн мекунем. Агар вақт кофӣ бошад, боз дубора бо сокинони шаҳри Душанбе ҳам мулоқот мекунем.»

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ӯ бо шахсони боэътимодаш дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Рудакӣ ва шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон мулоқот карда ва акнун қасд дорад, ба дидори овоздиҳандагон ба шаҳри Хуҷанд ва навоҳии дигари Суғд биравад. Оқои Исмонов гуфт, ӯ барои маъракаи таблиғотӣ ба куммиссиюни марказии интихобот аксу ҳолнома ва барномаҳои пеш аз интихоботии худро фиристодааст ва шояд ба зудӣ шиорҳои таблиғотии онҳо омода шавад: «Ғайр аз ин ҳар ҳизб дар рӯзномаҳо таблиғи номзади худро нашр мекунад. Дар онҷо ҳам акси номзад бо тарҷумаи ҳол ва ҳам дар бораи ҳизб маълумотҳо ҳаст. Шояд ҳафтаи дигар паҳн мешавад.»

Абдураҳмон, сокини Душанбе мегӯяд, ин ҳама тарғибот ба хотири нишон додан аст, ки мардум гӯё алтернатива барои интихоб доранд. Ӯ мегӯяд, сабти номзади мухолифони давлат Ойниҳол Бобоназарова метавонист, рақобатро дар интихоботи рӯзи 6 ноябр то ҳадде таъмин кунад, аммо чунин нашуд: «Ҳамон рӯзе ки Ойниҳол Бобоназарова аз ин корзори муҳими сиёсӣ берун шуд, ман эҳсос кардам, ки ҳамон рӯз интихобот тамом шуд. Аксари номзадҳои дигарро халқи оддӣ намешиносад, бовар кунед. Дар ягон ҷо аксу тарҷумаи ҳоли онҳо ҳам нест, ки шинос шаванд.»

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мулоқотҳои 6 номзад ба мақоми президентӣ бо интихобкунандагонро барои рӯзҳои 16-31 октябр барномарезӣ кардааст. Барои муаарифии барномаҳои номзадҳо ба онҳо дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ низ 30 дақиқа вақт медиҳанд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 6 ноябр, шаш номзад ширкат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон амалан берақиб монд

Куммиссиюни марказии интихобот ахиран гуфт, ки номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназароваро, ки рақиби умдаи раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон хонда мешуд, бинобар таъхир дар пешниҳоди аснодаш сабти ном намекунад. Аммо мухолифонро инро танҳо як баҳона медонанд ва мегӯянд, бо рафъи номзадии Бобоназарова дар майдон фақат онҳое монданд, ки кисагианд ва дар асл аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ мекунанд. Ба ақидаи онҳо, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак 21 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат ба интихобот меравад. Нозирони умур мегӯянд, ки акнун, оқои Раҳмон пирӯзӣ дар ин маъракаи амалан берақобатро бидуни кадом мушкиле ба худ ихтисос хоҳад дод.