Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ аз ширкат дар интихобот худдорӣ кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр бо пахши як баёния эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ ширкат нахоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва номзади ин ҳизб Ойниҳол Бобоназарова бо пахши як изҳороти муштарак, вазъи ба вуҷуд омада дар раванди интихоботи президентиро баррасӣ намуда, бо сабаби сабти ном нашудани номзади ин ҳизб, аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд. Дар баёнияи мазкур омадааст, ки мавқеи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва номзад оид ба натиҷаҳои интихобот, пас аз ҷамъбасти расмии он эълон хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии гуфтааст, ки асноди лозим барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова дер пешниҳод шуд ва барои ҳамин сабти ном намешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархости Ҳизби наҳзати исломӣ барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова, ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳуриро рад карда буд. Фирдавс Табаров, сухангӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номаи расмӣ бо ҳамин мазмун ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзат фиристода шудааст. Ҷаноби Табаров гуфт, ки 18 октябр ба онҳо чунин нома ворид шуда буд, онҳо ҷавобашро гардонидаанд. Табаров афзуд, дар матни ҷавобияи КМИР чӣ навишта шудааст, инро худи ҲНИТ метавонад гӯяд.

Дар ин ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ чунин номаро гирифтанд ва дар он гуфта шудааст, ки ба сабаби дар мӯҳлати муайншуда пешниҳод накардани санадҳои лозим барои сабти номи довталаби курсии раиси ҷумҳур, онҳо наметавонанд, номзади пешниҳодии ҳизбро сабти ном кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи Тоҷикистонро Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, ки умдатан аз Ҳизби наҳзат ва Ҳизби сотсиал-демократ таркиб ёфтааст, ба ҳайси номзади воҳид ба мақоми раиси ҷумҳур муаррифӣ кардаанд. Онҳо ҳафтае пеш гуфтанд, ки барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова, имзои кофӣ ҷамъ овардаанд ва ба ҳамин далел аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хоҳанд хост, ки ӯро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳури сабти ном кунад. Агарчӣ дар аввал гуфта мешуд, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон натавонистааст, 210 ҳазор имзои лозим барои сабти номро ҷамъ оварад ва сабаби ин ҳам монеагузории мақомоти расмӣ будааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, раҳбарияти ҳизб ва аъзои Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) умедвор будаанд, ки шояд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо истифода аз салоҳиятҳои худ номзади онҳоро сабти ном мекунад.

Қаблан гуфта мешуд, ки шояд нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба нишони эътироз аз амалкарди Кумиссиёни марказии интихобот, ин корзори сиёсии муҳимро таҳрим кунанд, вале ҳоло маълум нест, ки онҳо дар воқеъ ин корро хоҳанд кард ё не? Аммо Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифони хукумат рӯзи 19 октябр бо нашри муроҷиатномае Комиссияи марказии интихоботро ба риоят накардани қонун муттаҳам кардааст.

Ӯ гуфтааст, талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз хусуси он, ки теъдоди имзоҳо на кам аз 210 ҳазор бояд бошад," тамоман беасос, ғайриқонунӣ ва дурӯғи маҳз аст". Ба андешаи Бобоназарова, ягон асноду арқоми расмиеро, ки далели ин меъёр бошад, на Комиссия ва на мақомоти дигаре умуман пешниҳод накардааст.

Дар муроҷиатномаи тӯлониаш Ойниҳол Бобоназарова, ба номувофиқатии амалкардҳои комиссия ба меъёрҳои қонун ишора карда ва гуфтааст, ки бо вуҷуди муроот нашудани ҳуқуқи ӯ ба ҳайси довталаб ба мақоми раиси ҷумҳур, ба аз азми худ барои ҷой гирифтани арзишҳои мардумсолорӣ дар Тоҷикистон даст нахоҳад кашид. Ӯ ҳеҷ аломате надодааст, ки интихоботро таҳрим мекунад, вале гуфтааст, бояд бо ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ қонуншиканиҳое, ки дар корзори интихоботӣ ҷой доштаанд, ифшо шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад ва Кумиссиёни марказии интихобот ба истиснои номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ба 6 довталаби курсии раиси ҷумҳур ҳаққи ширкат дар интихоботро додааст.

Аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ба интихобот меравад, аз Ҳизби Коммунист, Исмоил Талбаков. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Олим Бобоев ва Ҳизби аграрӣ, Толиббек Бухориевро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд. Азбаски ба ғайр аз ҳизби ҳоким аҳзоби дигар тарафдорони зиёд надоранд, ба гуфтаи мунтақидони ҳукумати Тоҷикстон, номзадҳои ҳизбҳои дигар, ки тарафдори ҳукумат ҳастанд, барои хок пошидан ба чашми ҷомеаи байналмилал ва демократӣ нишон додани интихобот сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG