Ташкили Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ, худдории ин эътилоф аз пешбарии Раҳматуллоҳ Зоиров ва бартарӣ доданаш ба Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи мухолифин дар интихоботи рӯзи 6 ноябр, нороҳатии начандон пинҳони Зоиров аз чунин “фанд” хӯрданаш, эҷоди мониаҳо дар роҳи ҷамъоварии имзоҳо ва дар ниҳоят танҳо 202 000 имзо ҷамъ кардани Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ -чунин аст чанд рӯйдоди муҳими марбут ба корзори имсолаи интихоботи президентии Тоҷикистон. Ва дар меҳвари ин ҳама исми Муҳиддини Кабирӣ – раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дорад.
Кабирӣ дар як муддати кӯтоҳе, ки мухолифини тоҷик ин ҳама ҳаводисро пушти сар гузошт, ҳам ба танқидҳои шадид рӯбарӯ буд ва ҳам бо тавсифҳои баланд. Мунтақидони тундравтар мегӯянд, ки Кабирӣ ҳамаро фурӯхт ва бо ҳукумат муомила кард. Мунтақидони мӯътадилтар бар ин боваранд, ки Муҳиддини Кабирӣ ба хотири ҳифзи ҳизби наҳзати исломиаш дар саҳна маҷбур буд дар муқобили давлат, ки дар ин авохир тамоми нирӯи таъқиботияшро болои наҳзатиҳо равона кардааст, зиёд зиёдаравӣ накунад. Ҳаводорони Кабирӣ баръакс аз ӯ ситоиш мекарданд, ки дурандешӣ нишон дод ва ҳам ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро нахустин ҳизби исломӣ дар дунё кард, ки бо як номзади зан ба интихобот меравад.
Рӯзи 14 октябр, баъди онки сарони Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ бори дигар барои маълум кардани мавқеъи худ нисбат ба интихобот ташкили ҷаласа карданд ва иттихози тасмими худро боз барои 3 рӯзи дигар ақиб андохтанд, Радиои Озодӣ бо худи Муҳиддини Кабирӣ гуфтугӯи ихтисосие барпо кард.
Озодӣ: Баҳои худи шумо ба ин ҳама ҳодисоте, ки бо Бобоназарова гузашт, чист?
Кабирӣ: Мо талош мекунем, то дар рӯзҳои оянда мавқеъи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳро муайян кунем. Ҳизби наҳзат ҳам талош хоҳад кард, то мавқеъаш дар мавриди ширкат дар интихобот ва умуман нисбат ба интихобот аз мавзеъи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ дур набошад. Назари шахсии ман ин аст, ки мо бояд тамоми ин равандро тай кунем ва роҳҳои имконпазирро биҷӯем, то битавонем дар мадди аввал номзадамонро сабти ном кунем. Чун тибқи қонун ҳанӯз фурсат ҳаст ва мо метавонем аз қарори куммиссиюни марказии интихобот (КМИРТ)ба додгоҳ шикоят барем. Тибқи қонун, барои ин 10 рӯз вақт ҷудо карда шудааст. Дар ин миёни худи КМИРТ ҳам метавонад қарори қаблиашро дигар карда, ба нафъи номзади мо қарори нав қабул кунад. Ё додгоҳ метавонад ин корро анҷом диҳад.
Озодӣ: Аммо чӣ далеле ҳаст барои рафтан ба додгоҳ?
Кабирӣ: Мо далелҳои кофӣ дар даст дорем. Зеро миқдори имзоҳои лозим барои сабти номзад ҷамъоварӣ шудааст. Қонуни асосӣ ҷамъ овардани имзои 5 дарсад аз ҷамъи интихобкунандагонро пешбинӣ кардааст. КМИРТ қаблан 210 000 имзоро талаб гузошт, вале ҳоло маълум шуд, ки мувофиқи рӯйхати интихобкунандагон 201 000 имзо ҳам кофист. Мо ба талошҳои худ идома хоҳем дод ва агар муваффақ нашудем, сипас машварат хоҳем кард, ки иқдоми баъдиамон чӣ хоҳад буд?
Озодӣ: Гап-гапе ҳаст, ки гӯё байни мухолифон ва ҳукумат, аз ҷумла бо КМИРТ, муомила сурат гирифта бошад барои чархондани ҳаводис ба тарафи дигар ва барои таъмини ҳузури Бобоназарова дар маъракаи интихоботӣ. Назари шумо чӣ аст?
Кабирӣ: На дар марҳалаи пешбарии номзад, на дар марҳалаи ҷамъоварии имзо ҳеҷ машварат ва ҳеҷ додугирифте бо мақомот набуд. Агар мебуд, кор ба ин ҳадд намерасид.Ҳар машварат ё додугирифте, ки мешавад, бояд дар чорчӯби қонун сурат бигирад ва на бо нархи миллати тоҷик. Бубинед, дар баробари талаби сабти номзади мо, тақозои дувум ҳам дорем, ки як куммиссиюни ҷамъиятӣ ташкил шавад, то имзоҳои ҳамаро – ҳам имзоҳои мо ва ҳам имзоҳои номзадҳои дигарро бисанҷанд ва баъд КМИРТ тасмим бигирад.
Озодӣ: Аз нигоҳи ҳаводорони мухолифин, худи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ аз оғоз ба чандин иштибоҳ роҳ дод, ки якеаш адами иттиҳод ва ҳамбастагӣ байни сарони ин эътилоф буд. Раҳматуллоҳ Зоировро низ зиёд мисол меоранд, ки нороҳатиашро аз пешбарӣ нашудани номзадии ӯ пинҳон намекард.
Кабирӣ: Пеш аз ҳама ба ҳамаи онҳо, ки дилсӯзӣ нишон доданду дар ин раванд ҳамроҳи мо буданд ва имрӯз аз сабти ном нашудани номзади мо нороҳат шудаанд, изҳори сипос мекунам. Инки ин мардум моро танқид мекунанд, нишон медиҳанд, ки дилсӯзанд ва аз дилсӯзӣ лаб ба танқиди мо мекушоянд. Нуктаи дувум ин аст, ки агар мо ҳама ҳамфикр мебудем, дар як равиш ва бо як услуб кор мекардем, аъзои аҳзоби гуногун намешудем.
Озодӣ: Аммо вақте шумо зери чатри як эътилоф гирди ҳам омадед, мардум мунтазир буд, ки шумо аз як гиребон сар хоҳед баровард. Аммо чунин мушоҳида мешуд, ки барои мисол, ҳизби сотсиал-демократ кӯрпаро ба тарафи худ мекашид, шумову Бобоназарова – ба тарафи худ ва як ҳамоҳангӣ дар кори шумо набуд.
Кабирӣ: Мо қисме аз ин интиқодҳоро қабул дорем. Воқеъан, бисёр хуб мебуд, агар баъди онки мо дар мавриди номзад ба тавофуқи ниҳоӣ расидем, дигар ҳамагон мусоҳиба додану гилояву шикоятро канор гузошта, нирӯи худро барои ҷамъоварии имзоҳо ва сабти номзад сарф мекардем.Ҳизби наҳзати исломӣ, агарчӣ аз ҳама охир ба номзадии Бобоназарова розӣ шуд ва инро ҳамаи дӯстонамон дар эътилоф шоҳид буданд ва медонанд. Вале баъди онки тасмим гирифта шуд, бо тамоми нирӯ дар паҳлуи муаллима Бобоназарова истодем ва ҳарчӣ аз дастамон меомад, барояш кардем.
Озодӣ: Аммо бархе худи шуморо гунаҳкор мекунанд, ки Кабирӣ иродаи кофӣ нишон надод, медонист, ки ҳукумат мамониат мекунад, вале ба гуфтаи онҳо, ҷамъ овардани 210 000 имзо барои ҳизби шумо дар ҳар сурат кори сахте набуд.
Кабирӣ: Ман бо тамоми масъулият мегӯям, ки ҳизби наҳзат заҳмати худро кашид. Ҷамъ кардани 210 000 имзо дар шароити Тоҷикистон зоҳиран кори осон менамояд. Онҳое ки дар майдон буданд, медонанд, ки гирифтани ҳар як имзо чӣ қадар кори сахт аст. Ҳатто баъзе аъзои ҳарду ҳизб аз додани имзои худи онҳо мулоҳиза мекарданд, ки мабодо баъдан ин иттилоъот дар дасти мақомоти дигар науфтад. Шояд як сабаби асосии аз ҳаққи додани имзо маҳрум кардани муҳоҷирон низ ҳамин буд, ки медонистанд, ки мо аз ҳисоби муҳоҷирон ба осонӣ метавонем миқдори лозимии имзоҳоро ба даст биорем, чунки аксари тарафдорони мо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Озодӣ: Ба сурати умум, аз ин корзори интихоботӣ барои худ чӣ дарсе гирифтед?
Кабирӣ: Ман алакай таҷрибаи ширкат дар се интихоботи парлумонӣ ва ду интихоботи президентиро дорам. Ин интихобот низ яке аз марҳалаҳо буд. Ман намегӯям, ки имтиҳони аз ҳама ҷиддӣ буд ва дар пеш имтиҳоне аз ин ҷиддитар нест. Онҳое ки фикр мекунанд, ки интихоботи 6 ноябр барои Тоҷикистон охири таърих аст ё нуқтаи атфе байни ду марҳала, иштибоҳ мекунанд. Ин танҳо як марҳала аз як раванди хеле тӯлонист. Ва ҳар каси мо ҳатман сабақҳое барои худ бардошт.
Озодӣ: Аммо чӣ сабақҳои мушаххасе?
Кабирӣ: Масалан, мо талош мекунем, то Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳе, ки таъсис ёфт, то интихоботи парлумонии соли 2015 сурати ҳизбро бигирад. Ба ин натиҷа расидем, ки набояд эътилофро ду ё се моҳ пеш аз интихобот ташкил кард. Шояд яке аз дарсҳои бардоштаи ман ҳамин бошад, ки мо дар ташкили эътилоф каме дер кардем. Ва шояд ман ва ҳизби наҳзати исломӣ дар оянда аз ҳамкорӣ бо шариконе ки ҷиддӣ ва ба аҳди паймон устувор нестанд, омода нестанд, ки барои ҳадафи умумӣ аз ҳадафҳо ва ғаразҳои шахсии худ гузаранд, худдорӣ кунем.
Озодӣ: Манзури шумо Зоирову ҳизби сотсиал-демократи аст?
Кабирӣ: На, баръакс, Раҳматуллоҳ Зоиров, Шокирҷон Ҳакимов ва дигар дӯстон аз ҳизби сотсиал-демократ то имрӯз ҳамроҳи моянд. Вале буданд онҳое ки дар як ё ду ҷаласа ширкат карданд ва баъд кадом пешниҳоди ман қабул нашуд гуфтанду эътироз карда, рафтанд.