Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қувваи бузурге дар пушти Ҷаноби олӣ ҳаст"


Мақомоти ҲХДТ мегӯянд, "боварии калон дорем, ки пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи моҳи ноябр таъмин карда метавонем."

Мақомоти ҳизби ҳоким мегӯянд, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқотҳои пешазинтихоботӣ ва баҳсҳои телевизионӣ бо номзадҳои дигар шахсони боэътимодаш намояндагӣ хоҳанд кард.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) рӯзи 17 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, раисиҷумҳур бо корҳои давлатӣ банд аст ва аз ин рӯ, “мулоқотҳо бо интихобкунандагонро 15 шахси боэътимоди ӯ мегузаронанд. Шахсони боэътимод тамоми салоҳиятҳоро доранд ки аз номи раҳбари ҳизб дар ҳар мулоқоту вохӯрӣ мавқеъ ва барномаи номзади моро ҳимоят кунанд ва аз номи ӯ гап зананд.” Аммо оқои Солеҳ афзуд, ки кадом қарори вижае дар мавриди ширкат кардани раисиҷмҳури феълӣ дар мулоқотҳо ва баҳсҳои телевизионӣ гирифта нашудааст ва “имкон дорад, ки ӯ хоҳиши ширкат дар ягон чунин мулоқот кунад.”

Усмон Солеҳ гуфт, раисиҷумҳур бо мардум пайваста мулоқот мекунад ва мушкилоташро хуб медонад. Ин ва масруфияташ дар умури давлатӣ, ба гуфтаи ӯ, монеъ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 5 номзади дигар ба интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр дар мулоқотҳои муштарак бо интихобкунандагон ширкат кунад.

Усмон Солеҳ: Мо метавонем пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро таъмин кунем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим


Нахустин мулоқоти номзадҳо
Нахустин мулоқоти номзадҳо
Ду мулоқоти нахустини муштараки номзадҳо рӯзи 16 октябр дар Душанбе бидуни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Аз ӯ дар ин нишастҳо шахси боэътимоди ӯ – раиси маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимов - ширкат кардааст. Аммо 5 номзади дигар дар баробари муаррифии барномаҳои худ аз хидматҳои раисиҷумҳури кунунӣ низ зиёд ситоиш кардаанд.

Мунтақидон мегӯянд, ки бо хуруҷи Ойниҳол Бобоназарова – номзади ягонаи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ – майдони интихоботи президентии Тоҷикистон аз рақобат холӣ шуд. Ба бовари бисёриҳо, 5 номзаде ки дар баробари оқои Раҳмон сабти ном шуда, ба ин корзор роҳ ёфтанд, дар асл аз аҳзоби ҳаводори давлатанд ва танҳо ба хотири алтернативӣ ва пуррақобат ҷилва додани интихоботи президентӣ дар ин сабқат мондаанд.

Аммо Усмон Солеҳ номзадҳои кисагиии ҳизби ҳоким будани 5 рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябрро радд мекунад: “Ҳар номзаде ки пешбарӣ шудааст, мақому манзалате дар ҷомиа дорад ва коре аз дасташ меояд. Сухани охирро интихобкунанда хоҳад зад. Лекин номзади мо Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо кӯшиш мекунем, ки ғалабаи номзадамонро таъмин кунем. Чунки қувваи бузурге дар пушти Ҷаноби олӣ ҳаст. Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо метавонем пирӯзии номзадамонро таъмин кунем дар интихобот.”

Мунтақидон, ҳамин тавр, сафарҳои хидматии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии мухталифи кишварро, ки тайи тақрибан як моҳи охир идома доранд, низ бахше аз маъракаи пешазинтихоботии ӯ меноманд, ки бо сӯъистифода аз манобеъи маъмуриву давлатӣ ва хеле фаротар аз имконоти маҳдуде, ки Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) барои номзадҳо ба мақоми президентӣ иҷозат додааст, сурат мегирад.
КМИРТ барои маъракаи пешазинтихоботии ҳар номзад 25 000 сомонӣ ҷудо карда, ба онҳо ҳамчунин иҷозат додааст, ки аз ҳисоби худ ё ҳизби худ то 200 000 сомонии дигарро ба ин корзор равона кунанд.

Аммо Усмон Солеҳ гуфт, сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳӣ тибқи нақшаи пешакӣ сурат мегиранд ва рабте ба интихоботи моҳи ноябр надоранд: “Инҳо сафарҳои корианд ва аз рӯи нақшаи корӣ мегузаранд. Бубинед, ки дар ҷараёни сафарҳояш дар бораи интихоботу ин чизҳо ягон ҳарфе ҳам намезанад тақрибан. Лекин доим дар бораи интихоботи шаффофу демократӣ ҳарф мезананд ва кафолат медиҳанд, ки интихобот шаффофу демократӣ гузарад.”

Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Барои ширкат дар ин маърака 6 номзад - раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист ва Саидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демократ сабти ном шудаанд. Ойниҳол Бобоназарова – номзади ягонаи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ, як эътилофи умдаи мухолифин, ба далели ҷамъ наовардани 210 000 имзои лозим барои сабти номзад аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд. Аммо ин эътилоф гуфтааст, ба додгоҳ шикоят бурда, сабти номзадии Бобоназароваро талаб хоҳад кард.

Интихоботи рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аст. Се интихоботи ахири президентӣ дар ин кишвар бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт. Эмомалӣ Раҳмон 21 сол боз бар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ раҳбарӣ мекунад ва дар сурати ғалаба дар интихоботи 8 ноябр ҳаққи раҳбарии Тоҷикистон барои 7 соли дигарро ба даст хоҳад овард.

Нозирони ғарбӣ то ҳол ягон интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардаанд.
XS
SM
MD
LG