Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ рафт

Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳ Салмон бин Абдулазиз

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар Саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба Арабистони Саудӣ рафтааст. Дафтари мабуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 20-уми май гуфт, ки оқои Раҳмонро дар ин сафар вазири умури хориҷӣ ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Ин саммит, қарор аст, рӯзи 21-уми май баргузор шавад. Масъулин мегӯянд, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Амрико Доналд Трамп, ки барои нахустин бор ҳамдигарро дар чаҳорчӯби як ҳамоиши байналмилалӣ хоҳанд дид, дар назар нест.

Трамп сарони кишварҳои исломиро ба мулоқот фаро мехонад

Ба нахустин cаммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, сарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, Навоз Шариф, сарвазири Покистон ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ даъват шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Эрон - рақиби суннатии Арабистони Саудӣ дар минтақа, ба ин ҳамоиш даъват нашудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико аз мубтакирони Саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳсуб шуда ва дар назар аст, намояндагони беш аз 50 кишвар дар ҳошияи ин ҳамоиш, дар зиёфате бо Трамп ҳузур пайдо кунанд. Бино ба иттилоидафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, интизор меравад дар ҳошияи Саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон бо бархе аз сарони кишварҳо дидор кунад.

Ин нахустин сафари хориҷии Доналд Трамп аст. Рӯзи шанбеи 20 май вай вориди Арабистони Саудӣ шуда ва бо Салмон бин Абдулазиз, шоҳи ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Бино ба иттилои вазорати умури хориҷаи Амрико, интизор меравад Доналд Трамп бо сарони 6 кишвари арабӣ -- Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Уммон ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ба таври ҷудогона мулоқот кунад.

Эмомалӣ Раҳмон бори ахир дар моҳи январи соли 2016 ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни ин дидор Арабистони Саудиро дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна шарики муҳим хонда ва хостори таҳкими ҳамкориҳо шуда буд. Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, миёни Тоҷикистон ва Арабистони Сауд панҷ санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология ва варзиш, ба имзо расиданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар назар аст дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар канори муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, мавзӯи пайвастани Душанбе ба эътилофи исломӣ барои мубориза бо терроризм баррасӣ шавад. Аммо мавзӯъҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бештар дар меҳвари мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Саудӣ қарор доштаанд.

"Пайвастан ба эътилофи зиддитерроризм ба суди Тоҷикистон аст"

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил аз талошҳои Тоҷикистон барои пайвастан ба эътилофҳои байналмилалии алайҳи терроризм истиқбол мекунанд. Зарурати ширкати фаъоли Тоҷикистонро дар ин ҳамоишу эътилофҳоро марзи 1400-километриаш бо Афғонистони ҳамсоя, ки дар он гурӯҳҳои шӯришии “Давлати исломӣ” ва Толибон зидди нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд, хеле муҳим аст. Ба истилоҳ Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо терроризм қарор дорад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик.

Ба бовари Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ, “сарҷамъ кардани қувваҳо барои мубориза бо терроризм як амри хуб аст. Агар ин кор ба раҳбарии кишвари абарқудрат сурат гирад, мафиати бештар дорад. Кишварҳои хурде чун Тоҷикистон имконоти чандон зиёде надоранд, бояд дар тадбирҳои абарқудратҳо, ки ба манфиаташон бошад, ширкат кунанд. Ҳамзамон Тоҷикистон бояд аз сиёсати бисёрсамтӣ истифода карда, бо як кишвари абарқудрат иктифо накарда, бо ҳамаи кишварҳои ҳамкорӣ кунад”.

Чаро Амрико дар мубориза алайҳи терроризм ва гурӯҳи террористии ДИИШ маҳз бо кишварҳои арабӣ эътилоф мекунад? Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, "феълан таҳаввулоту гирудор умдатан дар кишварҳои арабӣ сурат мегирад. Ҳамчунин, бештари кишварҳои араб сарватманд буда ва метавонанд бахши умдаи махориҷи тадобири эътилоф ба раҳбарии Амрикоро пардохт кунанд."

Аз сӯи дигар, Рашид Ғанӣ гуфт, ҳам Амрико ва ҳам кишварҳои арабӣ бо Эрон рақобати ақидатӣ доранд. Эрону Русия бар хилофи кишварҳои араб кишварҳои аз лиҳози низомӣ неруманд ҳисоб меёбанд. Аз ин лиҳоз, дар ин марҳила роҳандозӣ кардани эътилоф бо кишварҳои араб ба манфиатҳои Амрико созгор аст.

Саъудӣ шарики муҳими Тоҷикистон дар Ховари Миёна

Дар солҳои ахир равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саъудӣ густариш ёфта ва миллионҳо доллар кӯмакҳои билоиваз ва қарзҳои имтиёзноки Саъудӣ ба Тоҷикистон ихтисос шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни дидораш бо шоҳи Арабистони Саъудӣ Салмон бин Абдулазиз дар шаҳри Риёз дар рӯзи 3 январи соли гузашта ин кишварро дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна шарики муҳими кишвараш хонда буд.

Дар ҷараёни боздиди серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Арабистони Саудӣ панҷ санади ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология ва варзиш ба имзо расиданд ва Душанбе тааҳҳуди онҷониб барои 108 миллион доллар сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони роҳи Кӯлоб-Қалъаихумро низ ба даст овард.

Қисматҳое аз шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум бо сармояи бонкҳои Арабистони Саудӣ сохта шудааст.

Зимнан, дар ҳафтаи ҷорӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ду санади ҳамкорӣ имзо гардид. Бар асоси ин санадҳо, ки рӯзҳои 15 ва 16 май аз ҷониби вазорати молияи Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушди Арабистони Саъудӣ ба имзо расид, ин ниҳоди молӣ бунёди роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъи Хумб ва бунёду муҷаҳҳазсозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистонро сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҳазинаи ин тарҳҳо мутаносибан 115,5 миллион доллар ва 131 миллиону 250 ҳазори риёли саъудӣ ё 35 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ моҳи феврали соли 1992, баъди касби истиқлоли Тоҷикистон барқарор шуд. То соли 2014 аз ҷониби Саъудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон каме беш аз 70 миллион доллар дар шакли қарзҳои имтиёзнок ва дигар воситаҳои молиявӣ ворид гардидааст. Аз рӯи созиши ахири миёни ду давлат, Арабистони Саудӣ барои сохтмони бинои порлумони нави Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Зимнан, соли 2017 рафтуомадҳои дипломативу тиҷоратии миёни Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ афзоиш ёфт.