Эмомалӣ Раҳмон: "Бетараф набошед"

Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо раҳбарону фаъолони Суғд бо нигаронӣ аз гароидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, аз онҳо даъват кардааст, то "бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди зуҳуроти пурхатари ифротгароӣ тақвият бахшанд."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 26-уми март дар рӯзи чаҳоруми сафари худ ба вилояти Суғд, бо раҳбарону фаъолони ин вилоят машварати корӣ доир намудаааст. Тибқи иттилои расмӣ, вазъи ҷиноятӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ, аз мавзӯъҳои меҳварии машварати кории оқои Раҳмон бо раҳбарону фаъолони Суғд будааст.

Оқои Раҳмон аз ҷумла аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба вижа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори нигаронӣ карда ва аз фаъолон даъват намудааст, ки “бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди ин зуҳуроти пурхатар ҷоннок намоянд”.

Дар ин мулоқот, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва додситони кулли кишвар Раҳмон Юсуф низ роҷеъ ба вазъи ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гузориш додаанд.

Дар машварати кории оқои Раҳмон бо раҳбарону фаъолони Суғд, фаъолияти кормандони маориф, ходимони дин, имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ҷомеа дар мубориза бо пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, “нокифоя” хонда шудааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки фаъолияти радио ва телевизионҳои хусусии вилояти Суғд ба татбиқи ҳадафҳои ҳукумат дар мубориза бо ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои тундрав, "комилан мусоидат намекунад."

Пайвастани ҷавонони тоҷик ва гурӯҳҳои тундрав ва афзоиши шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла дар Сурияву Ироқ ва ҳамин тавр, дар Афғонистони ҳамсоя як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз ҷангҳои Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо ба даст расидаанд.

Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари ҷангҷӯёни тоҷике, ки ба Сурия рафтаанд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ваё аз сӯи ҳаракатҳои тундраве, чун ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд. Раҳмон Юсуф, додситони кулли Тоҷикистон низ ахиран дар як матлаб дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон гуфт, аксари ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқ пайравони Салафия мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои ифротгаро як силсила тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии ин кишвар банди вижаи “зархаридӣ” шомил карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, барои он ҷанҷӯёни тоҷике, ки довталабона аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, мақомоти Душанбе афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Гуфта мешавад, дар соли гузашта беш аз 50 нафар аз ин пешниҳод истифода карда, аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштаанд.