Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе, ки бо марзбонони тоҷик даргир шуд, марбути Толибон будааст


Мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистон гурӯҳи мусаллаҳеро, ки рӯзи 5-уми март дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии "Панҷ" бо марзбонони тоҷик даргир шуд, марбут ба гурӯҳи Толибон медонанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон гурӯҳи мусаллаҳеро, ки рӯзи гузашта дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ"-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон даргир шуданд, ба ҳаракати Толибон вобаста медонанд.

Амонуддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом Cоҳиби Кундуз 6-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ марбут ба Толибон аст ва Мирафзал валади Арбоб, ки мақомоти тоҷик аз ӯ ба унвони раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи 9-нафара ном бурданд, аз қочоқбарони собиқ аст, ки ба ин гурӯҳ пайвастааст.

Ҷаноби Қурайшӣ гуфт, марзи Имомсоҳиб бо Тоҷикистон комилан таҳти назорати Толибон қарор дорад ва амалан сарҳад дар ихтиёри ин гурӯҳ аст. Ба гуфтаи Амонуддин Қурайшӣ, ҳоло 30 дарсади улусволии Имомсоҳиб аз ҷониби Толибон назорат мешавад.

Рӯзи 5-уми март бар асари як даргирӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷ”, як марзбони тоҷик бо исми Сӯҳроб Сафолов кушта шуд. Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия изҳор дошт, ки ин гурӯҳи нӯҳнафара сар то по мусаллаҳ буд ва Мирафзал валади Арбоб Шерафзал, шаҳрванди Афғонистон раҳбари ин гурӯҳ дониста мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти марзбонии тоҷик, дар ин даргирӣ як аъзои ин даста бо номи мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд". Бо эҳтимоли зиёд, афроди боқимондаи ин гурӯ, ки ба рӯзи 5-уми март миёни марзбонони тоҷик ва онҳо задухӯрд сурат гирифт, ба гуфтаи мақомот дубора ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Мақомоти марзбонии тоҷик ҳарчанд ин гурӯҳро “террористӣ ва кочоқбар” унвон карданд, вале мансубияташ ба ҳеҷ гурӯҳи тундравро ном набурданд.

Дар ҳамин ҳол, убур аз ин минтақаи марзиро мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон “санҷиши ҳолати омодабошӣ ва посухи марзбонон аз ҷониби террористон” унвон мекунанд. Як мақоми марзбонӣ 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо эҳтимоли зиёд убури марз аз ҷониби ин гурӯҳи террористӣ ба хотири санҷиши ҳолати омодабошии марзбонон сурат гирифтааст. Аммо ба гуфтаи ин мақом, аҳдофи ин гурӯҳ хок хӯрд, зеро барояшон собит шуд, ки убури марзи Тоҷикистон кори осон нест. Ба гуфтаи ӯ, марзбонон ба ин гурӯҳи террористӣ посухи фаврӣ дода, онҳоро пас аз як муқобилияти кӯтоҳ, водор ба фирор карданд.

Ин ҳамла дар оғози баҳор ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз қабл коршиносон эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳо аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро пешбинӣ мекарданд. Амрико низ аз хатари ҳамлаҳои терористӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳушдор дода буд. Ин ҳушдорҳо ҳам дар ҳолест, ки бархе аз вулусволиҳои ҳаммарзи Тоҷикистон таҳти назари Толибон қарор доранд ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ низ дар марз хеле фаъол шудаанд.

Рустам Назаров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, таҷаммӯи гурӯҳҳои тундгаро дар марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна беҳадаф нест. Ӯ гуфт: “Толибон ягона ва муттаҳид нестанд. Як гурӯҳаш эълон кардааст, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунад. Ҳамлаи дигар гурӯҳҳоро касе кафолат дода наметавонад. Касе гуфта наметавонад, ки ДИИШ бад асту Толибон хуб. Мо дар симои ҳарду бояд ҳамеша хатарро эҳсос кунем. ”

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ омода ҳастанд.

XS
SM
MD
LG