Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Э.Раҳмон аз пайвастани ҷавонони Исфара ба гурӯҳҳои тундрав


Президенти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз гароидани ҷавонони Исфара ба гурӯҳҳои тундрав аз мақомоти маҳаллӣ хост, то муборизаро бо “нирӯҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи 23 март бо сафаре дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 24 март дар суханрониаш дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара аз “далелҳои гаравидани бархе аз ҷавонони Исфара ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ” изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин амалҳои нангин ба шаъну шарафи зодагони шаҳри бостонии Исфара иснод меоранд ва бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи чунин тамоюли номатлуб гирифта шавад.”

Ӯ аз ҷумла аз мақомоти маҳалӣ ва аҳли зиёву фаъолони Исфара даъват кард, ки “дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои нерӯҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.”

Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр хитоб ба падару модарон таъкид кард, ки “фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва нагузоред, ки онҳо ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил шуда, боиси бадбахтии худашон, хиҷолату сархамии волидайну хешу таборашон ва коҳиш ёфтани нуфузу обрӯи миллату давлат гарданд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар амри аз таъсири “ҳама гуна ғояҳои бегона ва гурӯҳҳои ифротгаро” эмин доштани насли ҷавон ва наврасон аз як гиребон сар баровардани мактабу оила, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомиа, бахусус шахсони обрӯманду рӯзгордидаро зарур шуморид ва гуфт, “дар ин раванд, бисёр муҳим аст, ки аҳли ҷомеа ба ин масъала бояд бетараф набошад.”

Як манбаъ дар ҳукумати Исфара рӯзи 24 март ба Радиои Озодӣ гуфт, гароиши шумори зиёди сокинони ин минтақа ба гурӯҳҳои тундрав мояи нигаронии мақомоти маҳаллӣ низ ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти амниятӣ теъдоди зодагони Исфара дар ҷангҳои Сурияву Ироқро беш аз 40 нафар баршумурдаанд, вале шумори воқеии чунин афрод метавонад аз ин ҳам бештар бошад: “Як қисми зиёди онҳо ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба ҷанги Сурия ҷалб мешаванд ва наздиконашон дар инҷо фикр мекунанд, ки онҳо дар Русияанд. Ин беш аз 40 нафар танҳо онҳоеянд, ки ҳузурашон дар Сурия ё Ироқ исбот шудааст.”

Афзоиши шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла дар Сурияву Ироқ ва ҳамин тавр, дар Афғонистони ҳамсоя як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз ҷангҳои Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо ба даст расидаанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки танҳо аз рустои Чорқишлоқи Исфара 20 нафар, аз ҷумла бархе ҳамроҳ бо аҳли хонаводаи худ ба Сурия рафта, дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд.

Тоза дар рӯзе ки Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара аз афзоиши мавридҳои ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонони Исфара изҳори нигаронии ҷиддӣ кард, матбуоти Туркия аз боздошти боз 5 хориҷӣ дар марзи ин кишвар бо Сурия хабар дод. Гуфта мешавад, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари ҷангҷӯёни тоҷике, ки ба Сурия рафтаанд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ваё аз сӯи ҳаракатҳои тундраве, чун ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ ахиран дар як матлаб дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон гуфт, аксари ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқ пайравони Салафия мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои ифротгаро як силсила тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии ин кишвар банди вижаи “зархаридӣ” шомил карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, барои он ҷанҷӯёни тоҷике, ки довталабона аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, мақомоти Душанбе афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Гуфта мешавад, дар соли гузашта беш аз 50 нафар аз ин пешниҳод истифода карда, аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG