Ҳадафи аслии гурӯҳи вижа ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва монеъ шудан ба таблиғи ҳар гуна равияву мазҳабҳои бегона дар масҷидҳои кишвар унвон шудааст.
Тасмим дар ин замина дар мизи мудавваре бо номи “Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ”, ки рӯзи 2 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати рӯҳониёни саршинос ва масъулони ниҳодҳои давлатӣ баргузор шуд, гирифта шудааст.
Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин иқдом танҳо ба як хотир аст- ҳамкории миёни ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ хубтар таъмин гардад”.
Гурӯҳи махсуси фаъолон дар назди масоҷид аз ҳисоби руҳониёни маҳаллаҳо ташкил шуда, раҳбарияшро раиси Шӯрои уламои исломии кишвар бар ӯҳда дорад. Тавре гуфта мешавад, муллоҳо ё имом-хатибон ҷараёни адои намозро назорат карда, дар сурати мушоҳидаи таблиғи дигар мазҳабу равияҳо ё нодуруст гузоштани намоз ба мақомоти қудратӣ хабар медиҳанд.
Аммо ба андешаи Далер Шарипов, як ҷавони тоҷик, ки панҷ вақт намозро дар масҷид мегузорад, тасмими охирини мақомот метавонад боиси хусумати мардум бо ниҳодҳои давлатӣ шавад: “Гуфта мешавад, ки имом-хатибон ё муллоҳои қишлоқ вақте мебинанд дар ягон маърака касе эътироз мекунад, "ба равияи мо намоз намегузорад" гуфта хабар медиҳанд ва нисбати ин фард чора мебинанд. Тасаввур кунед дар як маърака нишастед, ки баҳси ягон масъалаи иҷтимоӣ ба миён меояду ту норозигӣ мекунӣ. Муллои маҳалла ба шумо хусумат дошта бошад мегӯяд, ин бача салафӣ аст, бурда маҳкамаш кунед. Ё ин Таҳрирӣ аст. Яъне, мешавад гуфт, ки як инсон метавонад қурбони ноадолатиҳо шавад.”
Ҳоли ҳозир дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон дурбинҳо насб шудаанд, ки шеваи намозгузории ибодаткунандагонро назорат мекунанд. Бо ин далел диншиносон мегӯянд, ташкили гурӯҳи вижа ғайри мантиқӣ буда, ба вазъи имрӯзи Тоҷикистон созгор нест.
Абдуллоҳи Муҳақиқ, диншиноси тоҷик, мегӯяд: “Таъсиси чунин гурӯҳ ягон масъаларо ҳал карда наметавонад. Чунки дар Тоҷикистон зиёда аз чоруним ҳазор масҷид фаъолият мекунад. Дар як рӯз агар панҷ маротиба дар ҳар масҷид намоз гузоранд, пас 20 ҳазор маротиба, дар як моҳ 600 ҳазор маротиба намоз хонда мешавад. Дар шашсад ҳазор маротиба намоз, агар дар ҳар як масҷид даҳнафарӣ ё бистнафарӣ иштирок кунанд, ҳисоби намозхонҳо ба 6-7 миллион нафар дар як моҳ мерасад. Назорати онҳо ғайриимкон аст.”
Аз соли 2010 дар Тоҷикистон назорати ниҳодҳои қудратӣ дар масҷидҳо шурӯъ шуда, баъдан рафтани наврасони то синни 18 ба масҷид мамнӯъ гардид. Ҳоло дар рӯзҳои ҷумъа кормандони мақомотҳои қудратӣ дар масоҷид тартиботро назорат карда ва аз вуруди наврасон барои ибодат ҷилавгирӣ мекунанд.