Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва раҳбари яке аз кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон барои беҳбуди кори ин ниҳод 9 тавсия додааст. Аз ҷумла, хостааст, ки масъалаи “суиистифода аз мансаб дар бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳии кишвар” ҷиддӣ назорат шавад. Ӯ гуфтааст, маҳз «сӯистифода аз мансаб» ба фаъолияти бонкӣ ва бозори молиявии кишвар таъсири манфӣ гузошт.
- Қаблан Бонки Осиёии Рушд низ “ошнобозӣ” ё “шиносбозӣ”-ро яке аз сабабҳои афзоиши “кредитҳои заҳрогин” ва вуҷуди «кредитҳои заҳрогин»-ро яке аз сабабҳои буҳрони бонкӣ дар кившар гуфта буд.
Баъзе мақомоти давлатӣ парвандаҳоро бо дағалона вайрон кардани мӯҳлати тафтишот баррасӣ мекунанд
Озода Раҳмон ин нуктаро рӯзи 16-уми феврал баъд аз гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ баён кардааст. Азбаски дар ҷараёни ҳисоботи Додситонии кулл хабарнигорони мустақилро аз толор ба берун бароварданд, нуктаҳои суҳбати ӯ ва вокуниши аъзои Маҷлиси Миллӣ ба он норӯшан боқӣ монда буд.
Бино ба санаде, ки рӯзи 22-юми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд, Озода Раҳмон ба Додситонии кулл, дар маҷмуъ, 9 тавсия додааст, то дар кори ояндаи худ аз он истифода кунанд. Ӯ гуфтааст, Додситонии кулл бояд мубориза ба терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ғасби худсаронаи заминро ҷиддӣ бигирад. Аз ҷумла, пешгирӣ аз ғасби заминҳои корами обӣ махсус таъкид шудааст.
Раиси дастгоҳи иҷроияи президент аз кори мақомоти тафтишотӣ ва иҷрочиёни суд низ интиқод кардааст. «Фаъолият дар самти назорати риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои қарори додгоҳҳо аз тарафи иҷрочиёни суд низ ба тақвиятбахшӣ эҳтиёҷ дорад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки қарорҳои мазкур иҷро намегарданд ва ё муҳлати иҷрои онҳо дағалона вайрон карда мешавад», - гуфтааст Озода Раҳмон.
Дар ин самт, ӯ аз як санҷиши Дастгоҳи иҷроияи президент, ниҳоди зери назараш мисол овардааст. Ба гуфтаи ӯ, санҷиши онҳо нишон додааст, ки «баъзе мақомоти давлатӣ парвандаҳоро бо дағалона вайрон кардани мӯҳлати тафтишот баррасӣ мекунанд ва риоя нашудани тобеияти тафтишотии парвандаҳо низ ба назар мерасад.» Ӯ ҳамзамон хостори таҳияи барномаи нави мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Як бахши ҷаласаи рӯзи 16-уми феврал дар Маҷлиси Миллӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъин ва ҳамон сол раҳбари Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардид. Ин духтари 39-солаи раиси ҷумҳур рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад.