Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Раҳмон дар ҳаққи падараш: "Ӯ оташи ҷанги дохилиро фурӯ нишонд"


Озода Раҳмон бо падараш Эмомалӣ Раҳмон
Озода Раҳмон бо падараш Эмомалӣ Раҳмон

Озода Раҳмон - духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент - дар як матлаб падарашро омили аслии хатми ҷанги дохилӣ дар кишвар донист. Ӯ дар як бахши китоби Академияи илмҳо, ки дар остонаи таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ нашр шуд, гуфтааст, "ӯ тавонист оташи ҷанги дохилиро дар кишвар фурӯ нишонда, Тоҷикистонро ба давлати ободу шукуфону озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона табдил диҳад."

Тайи як моҳи охир ин паёми дувуми Озода Раҳмон дар ҳаққи падараш Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дуруст 25 сол пеш, рӯзи 16-уми ноябри соли 1992, дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидӯҷа Урунхӯҷаеви шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - баргузор шуд.

Нуқтаи авҷи Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд оши оштии тарафҳои даргир буд. Фармондеҳони Фронти Халқӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо ҳам даст доданд, савганди бародарӣ хӯрданд ва якҷо парчами кишварро бӯсиданд. Аммо баробари ба поён расидани иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, даргириҳо дар водиҳои Вахшу Ҳисор бо нерӯи дучанд шурӯъ шуд. Сессияи 16-ум, ончунон ки интизор мерафт, сулҳофарин нашуд, аммо ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз гузошт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ дар Қасри Арбоб ба курсии раёсати Тоҷикистон нишаст.

Озода Раҳмон низ дар матлаби худ гуфтааст, ки "ҳеҷ гоҳ мақому манзалат ва нақши таърихии Иҷлосияи 16-ум аз хотирҳо зудуда нахоҳад шуд." Ӯ гуфтааст, маҳз ҳамин Иҷлосия масъулияти, ба қавли ӯ, вазнини раҳбарии кишварро ба Эмомалӣ Раҳмон дод.

"Наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шӯълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд", - хулоса кардааст Озода Раҳмон.

Тайи як моҳи охир ин паёми дувуми Озода Раҳмон дар ҳаққи падараш Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ дар аввали моҳи октябр дар як навори видеоӣ ва ба таври боз падарашро ба 65-солагиаш табрик карда буд.

​Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар гузашта низ ҳимояти аъзои хонавода аз раиси ҷумҳур ё муҳабатти президент ба наздиконаш тавассути расонаҳои давлатӣ баён шудааст. Онҳо мегӯянд, аммо дар гузашта чунин муҳаббатномаҳо дар шакли клипу навори видеоӣ тавассути телевизионҳои давлатӣ баён мешуд.

Озода Раҳмон соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд. Ин духтари 38-солаи раиси ҷумҳур рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад. Ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва баъдан дар Вазорати умури хориҷӣ ба ҳайси муовини вазир кор кардааст. Шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аст.​

​Эмомалӣ Раҳмонро, ки беш аз ду даҳсола аст, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои таъйини фарзандон ва наздиконаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд. Писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ дар гузашта, раиси Хадамоти гумрук, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд ва имсол бо фармони падараш раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.​

Рухшона Раҳмонова, хоҳари Озода ва Рустам, айни замон муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст ва чанде пеш китобаш бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ”-ро дар вазорат муаррифӣ кард.

XS
SM
MD
LG