Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Миллӣ “ОК” дод. 30-солаҳо – ба президентӣ


Озода Раҳмон дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ. 16-уми феврали 2018. Акс аз Оҷонси давлатии "Ховар"
Озода Раҳмон дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ. 16-уми феврали 2018. Акс аз Оҷонси давлатии "Ховар"

Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон – аз ислоҳи қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард. Ин иловаҳо, ки даҳ рӯз пеш дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуда буд, роҳи афроди 30-соларо барои довталабӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ боз мекунад. Қаблан ин муҳлат афроди аз 35-сола болоро дар назар дошт.

Интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Акнун иловаҳо барои тасдиқу имзо ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон фиристода шуда, пас аз нашр дар матбуоти расмӣ ба иҷро хоҳад даромад. Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ, рӯзи 17-уми феврал дар паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сенаторони тоҷик ба иловаҳои нав дар қонуни интихоботи президент якдилона ризоят доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Ӯ гуфт, дар баробари иловаҳо ба қонуни интихобот аъзои Маҷлиси Миллӣ ислоҳот ба қонун дар бораи интихоботи порлумонӣ, додрасҳо, "мораторий"-и дусола ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон ва қонуни ғалларо низ баррасиву тасвиб намудаанд. Қурбонзода гуфт, раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бахусус дар масъалаи “мораторий” чанд таъкид кардааст. Убайдуллоев аз аҳли ҷомеа ва махсусан мақомоти назоратӣ ва ваколатдори давлатӣ дар кишвар хостааст, ки “ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ комилан хотима бахшанд.”

Ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ, ки шомили 19 масъала, аз ҷумла гузориши додситони кулл Юсуф Раҳмон дар бораи иҷрои қонунҳо буд, рӯзи 16-уми феврал дар Душанбе баргузор шуд. Ҷузъиёти суҳбатҳои додситон эълон нашудааст, аммо дар Маҷлиси Миллӣ гуфтанд, вобаста ба гузориши ӯ Озода Раҳмон, Фарҳод Раҳимӣ, Меҳриннисо Бобобекова ва дигарон ибрози андеша кардаанд.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

"ОК"-и палатаи болоии порлумон ба ислоҳи қонуни интихоботи президент баъд аз даҳ рӯзи тасвиби он аз тарафи Маҷлиси Намояндагон ва пас аз ду соли ворид шудани ин нукта ба Қонуни асосӣ сурат гирифт. Ҳангоми баррасии банду моддаҳои Қонуни интихоботи президент вакилони порлумон гуфта буданд, ки поин овардани синни номзад имкон хоҳад дод, ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъол шаванд.

Аммо бархе аз таҳлилгарони умури сиёсӣ мегӯянд, дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон рӯи саҳнаи сиёсат омадани ҷавонон хеле мушкил аст. Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, “бо назардошти сатҳи поёни таълим дар донишгоҳҳо, сатҳи заифи маорифу таълим, набудани рақобати сиёсӣ номзадҳои шоистаро ба саҳнаи интихобот намеорад”.

Дар айни замон, вақте масъалаи то 30-солагӣ поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пеш омадааст, бисёриҳо тахмин мезананд, шояд ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот - ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба ин курсист. Рустами Эмомалӣ моҳи декабри соли 2017 - 30-сола шуд ва то интихоботи ояндаи президентӣ ба 33 хоҳад расид.

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Соле пеш Рустами Эмомалӣ баъди собиқаи чандсолаи раҳбарӣ дар Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе нишаст.

Интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд. Аммо то кунун на Эмомалӣ Раҳмон ва на писараш дар бораи эҳтимоли иштироки худ дар ин рақобати муҳим ҳарфе нагуфтаанд.

Бино ба Қонуни асосии Тоҷикистон як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо пешниҳоди лағви маҳдудиятҳо барои ширкати раиси ҷумҳури кунунӣ ба ҳайси “Пешвои миллат” дар интихоботҳои президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ин имконро низ боқӣ мегузорад, ки дар интихоботи соли 2020 номзадиашро пешбарӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҷилави қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG