Зарина Раҳмон, яке духтарони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси “Ориёнбонк” таъин шудааст. Роҳбарии ин бонкро тоҷири шинохта Ҳасан Асадуллозода ва тағои Зарина Раҳмон ба ӯҳда дорад.
Дар баробари Зарина Раҳмон, Шуҳрат Исматуллоев ва Одилшо Кабиров низ аз муовинони раиси “Ориёнбонк” ҳастанд. Дар як маълумотномаи “Ориёнбонк” доир ба бенефисиар ва ё судбардорони ин бонк, ки нусхааш рӯзи 18-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ки Зарина Раҳмон аз оғози соли 2017 ба ин симмат пазируфта шудааст.
Зарина Раҳмони 23-сола духтари шашуми президент аст, ки коллеҷро дар Британияи Кабир хатм кардааст. Исми ӯ дар матбуот бори аввал соли 2010-ум, баъди як муддат кораш ба ҳайси ровии бахши англисии барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд. Дар як сӯҳбаташ бо матбуот раиси вақти телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки мӯҳлати наттоқии Зарина Раҳмони он замон 16-сола ба забони англисӣ тахминан ду моҳ идома кард ва барои ӯ як таҷрибаи хубе шуд.
Хабари дигаре, ки исми Зарина Раҳмонро вирди забони матбуот кард, издивоҷаш бо Рамз Зуҳуров - писари калонии Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли 2013 буд. Рамз Зуҳуров хатмкардаи Академия ҳавонавардии мулкии шаҳри Алмаатои Қазоқистон мебошад. Бег Сабурӣ дар як сӯҳбаташ бо матбуот соли 2014 Зарина Раҳмонро “арӯси калонии хонадон” ва “мисли ду духтарам азизу мӯҳтарам” номида буд.
"Ориёнбонк" - собиқадортарин бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон
Бинобар гузориши “Ориёнбонк” саҳмиядорони бузургтар ва ё судбародорони аслии ин бонки бузурги Тоҷикистон панҷ ширкат - Tajik Aluminium Company Limited, Gurgin Tehnology LTD, ЧДММ «Фируз-ЛТД», ЧДММ «Ориён-Тоҷ,», ЧДММ «Лоҷвар» ҳастанд. Ин ширкатҳо ба маълумоти худи «Ориёнбонк” ҳар кадоме аз 5 то 10 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр доранд. Аммо исми моликони ин ширкатҳо, ки аз судбардорони аслии “Ориёнбонк” низ ба ҳисоб мераванд, ошкор нашудааст.
Маҷмӯи дороиҳои ин бонк дар соли 2016 -ум 2 милларду 428 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст. Бонки хусусии “Ориёнбонк” бар пояи яке аз бонкҳои кӯҳнатарини Тоҷикистони шӯравӣ ҷумҳурӣ - Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ, ки ҳанӯз соли 1925 дар шаҳри Душанбе идораи худро боз карда буд таъсис ёфтааст. Дар поёни солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ин бонк унвони “Стройбанк”-ро гирифта соли 1991 ба “Ориёнбонк” табдили ном кард. Танҳо соли 2002-ум ин бонк хусусӣ шуда ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфт.
Чеҳраҳои матбуотӣ нестанд...
Эмомалӣ Раҳмонро, ки бештар аз ду даҳсола аст Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои таъйини фарзандон ва наздиконаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон нӯҳ фарзанд дорад, вале ба фарқ аз дигар раҳбарон, фарзандони Эмомалӣ Раҳмон чеҳраҳои матуботӣ нестанд ва ҷомеа дар бораи онҳо маълумоти зиёд надорад. Бархе аз намояндагони хонаводаи президент ҳангоми сафари расмии раиси ҷумҳурии Чин ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2014 бори аввал дар ростои дурбинҳои наворбардорӣ зоҳир шуданд. Ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи се фарзанди президент – Озода Раҳмон, Рустами Эмомалӣ ва Рухшона Раҳмонова, ки мақомҳои баландро дар ҳукумати кишвар соҳиб шудаанд, бештар маълумоти расмӣ мегирад.
Озода Раҳмон 39-сола аст ва дар мақоми раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳур кор мекунад. Моҳи маи соли ҷорӣ ба Озода Раҳмон унвони мушовири давлатии адлия дода шуд. Рустами Эмомалӣ соли 2013, замоне, ки ҳамагӣ 26 сол дошт, раҳбари Хадамоти гумрук ва баъди ду сол раиси Оҷонсии мубориза бо фасод таъин шуд. Моҳи январи соли равон Рустами Эмомалӣ ба курсии шаҳрдори Душанбе нишаст. Рухшона Раҳмонова, яке дигар аз фарзандони президент соли 2016 ба мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ таъин шуд. Рӯзи 7 июн дар ВКХ китоби навиштаи ӯ “Асосҳои хизмати дипломатӣ” муаррифӣ шуд, ки ба таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик бахшида шудааст.
Фаъолияти фарзандони раиси ҷумҳур дар мақомҳои муҳим мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мухолифин аст, ки таъйини аъзои оиларо ба мақомҳои муҳими давлатӣ бархӯрди манфиатҳо ва хилофи меъёрҳои як давлати демократӣ унвон мекунанд. Аммо сиёсатмадорони ҷонибдори ҳукумат далел пеш меоранд, ки фарзандони президент ҳам шаҳрванди Тоҷикистонанд ва ҳақ доранд, аз рӯи тавони худ мақомҳоеро дар сохторҳои давлатӣ соҳиб шаванд.