Чин дар як ибтикори ҷадиде, ки талоши дигари Пекин барои тақвияти ҳузури иқтисодиаш дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари атроф ба қалам дода мешавад, аз азми худ барои таъсиси Сандуқи вижае ба маблағи 40 миллиард доллар ба манзури эҳёи зербинои “Роҳи нави абрешим” хабар дод. Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинг рӯзи 9 ноябр дар Пекин дар нишасти “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ”, ки дар ҳошияи нишасти сарони созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором (АТЕС) бо ширкати раҳбарони Чину Покистону Муғулистон ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ доир шуд, хабари таъсиси Сандуқи Роҳи нави Абрешимро дар арафаи нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнусия сӯҳбат эълон кард ва, гуфт, умедвор аст, ки ҳамсояҳояш бо шарофати ин барномаи ҷадид ба “қатори рушди иқтисодӣ”-и Чин хоҳанд часпид.
Хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин 40 миллиард доллар ваъдаи навбатии Чин барои кадом тарҳҳо ва чигуна хоҳанд шуд, вале яқин аст, ки тақсимоти маблағҳои он аз сӯи Пекин ва таҳти назорати Пекин сурат хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, худи Чин барои ин Сандуқ то 16,3 миллиард доллар ҷудо карда, умедвор аст, ки сармоягузорони дигар аз Осиё ва нафақат аз ин қора низ ба ин ташаббус хоҳанд пайваст.
Синхуа - хабаргузории расмии Чин – навиштаааст, ки Сандуқи ҷадиди ёриҳои Пекин зоҳиран дар чорчӯби “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” ва “Роҳи абрешими баҳрии асри 21” – ду барномаи пуриддаои кумакҳои молии давлати Чин амал хоҳад кард. Ин ду барнома сохтани роҳҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, фурудгоҳҳову бандарҳо дар саросари ду минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро дар назар дорад. Си Ҷинпинг гуфтааст, ҳадаф аз таъсиси Сандуқи Роҳи Абрешим “боз кардани гиреҳҳои иртибототӣ” дар саросари Осиёст.
Чин дар моҳи гузашта аз азамаш барои таъсиси Бонки сармоягузории зербиноии Осиё (Asian Infrastructure Investment Bank) хабар дода буд, ки таҳти ҳимояти молии Пекин амал карда, як навъ алтернатива ба Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд унвон мешавад.
Расонаҳо менависанд, азми Чин барои таъсиси ибтидо як бонки қораӣ ва акнун як сандуқи бузурги ҷадид барои кумак ба ҳамсояҳои ин “аждаҳо”-и Осиё дар ҳолест, ки Чин дар солҳои охир бе ин ҳам ҳузури иқтисодиашро дар кишварҳои гирду атрофи худ, бахусус дар Осиёи Марказӣ, хеле тақвият додааст.
Ҳузури Чин бахусус дар Тоҷикистон - фақиртарин кишвари шӯравии собиқ - хеле маҳсус аст. Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон аксари тарҳҳои бузург бавижа дар риштаҳои сохтани роҳҳову пулҳо ва нақбҳо бо сармояи Чин ва аз сӯи ширкатҳои чинӣ анҷом мешаванд.
Феълан аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар, ё нисфашро маҳз қарзҳои боимтиёзи Чин ташкил медиҳанд ва бар изофа, дар моҳи сентябр зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон раҳбари Чин Си Ҷинпинг ба Душанбе дар чанд соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллари дигари додааст. Аз ин миқдор беш аз 3 миллиардаш барои сохтани хатти чорум лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин сарф хоҳад шуд. Тавассути ин лӯла, ки 400 километраш аз ҳудуди Тоҷикистон – аз Турсунзода то Ҷиргатол – хоҳад гузашт ва сохтмонаш ҳам моҳи сентябр оғоз ёфт, бояд гази Туркманистон то вилоятҳои ғарбии Чин расонда шавад.
Аммо Тоҷикистон, ки баъди қатъ шудани воридоти гази Узбакистон шадидан ба имн навъи маводи сӯхт ниёз дорад, бар асоси қарордод, ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо надорад, балки танҳо бо ҳаққи транзите, ки Чин хоҳадаш дод, бояд иктифо бикунад.
Бо вуҷуди онки Чин дар ҳоли ҳозир умдатарин сармоягузори тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд, тақвияти нуфузи иқтисодии ин ҳамсояи шарқиаш барои бисёриҳо дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ чандон хушоянд нест. Бархе иқтисоддонҳои тоҷик қарзҳои Чинро навъе аз қарзҳои “истеъморӣ” мешуморанд ва мегӯянд, агар Душанбе натавонад ин қарзҳоро баргардонад, таҳти вобастагии шадиди Пекин қарор хоҳад гирифт.
Чин дар “Бозии бузург”-и ҷадид дар Осиёи Марказӣ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири ширкат дар дар нишасти сарони Сохмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнусия (АТЕС) дар Пекин қарор дорад, бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпинг Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин барои давраи то соли 2020-ро баррасӣ кардааст. Зимни ин сафар байни Душанбеву Пекин боз 4 қарордоди нави ҳамкорӣ имзо шудааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз гармии хоси дидорҳои ахир дар Пекин хабар медиҳад, мегӯяд: “Дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 40% зиёд аст. Изҳори бовар карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод аз 3 миллиард доллари амрикоӣ мегузарад.”
Коҳиши пайвандҳо бо Русия ва афзоиши равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо Чинро бунргоҳи таҳқиқотии “Bloomberg Businessweek” дар як таҳлили рӯзи 7-уми ноябраш “Бозии Бузург”-и наве номид, ки дар он Русия тадриҷан ҷойи худро ба Чин медиҳад. “Bloomberg Businessweek” менависад, “дар ҳоле ки президент Владимир Путин талош дорад, Украинаро дар қабзаи Русия нигоҳ дорад, ӯ метавонад бахши дигари империяи ояндаи худ – ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии Осиёи Марказиро аз даст диҳад, ки ба таври рӯзафзун барои сармоя ва тиҷорат ба тарафи Чин рӯ меоранд.” Ба навиштаи маҷалла, Чин ҳам бо умеди ба пайванди худ бо бозори Аврупо табдил додани Осиёи Марказӣ ва дастрасӣ ба захираҳои бои табиии он аз ин имконият истифода мекунад.
Э.Раҳмон: "Тоҷикистон метавонад пуле миёни Чин ва ҳамсояҳо бошад"
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Тоҷикистон ибтикори ташкили камарбанди иқтисодии “Роҳи Абрешим” аз сӯи Чинро дорои аҳамияти таърихӣ ва тамаддунӣ номидааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором”, ки дар Пекин идома дорад, бо ишора ба нақши ҳамсояи дар ба девори худ Чин дар ташкили камарбанди иқтисодии “Роҳи Абрешим” гуфт, “мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем”.
Дар ҳамоиши Пекин сарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз 8 кишвари қораи Осиё -- Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъйкид кардааст, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, ниҳоят муҳим аст: «Барои кишварҳои камрушдёфта, хусусан барои кишварҳое, ки роҳи баромадан ба баҳрро надоранд, ҳифзи мустақилияти худ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини устуворияти рушду густариши давлат мақоми асосӣ дорад.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш дар яке аз чорроҳаҳои ҷоддаҳои Осиё қарор дошта, метавонад мақоми пули пайвасткунандаи байни Чин ва кишварҳои дигари ҳаммарзи минтақаро дошта бошад. Ӯ дар ин росто аз ҷумла ба бунёди роҳи мустақим миёни Чину Тоҷикистон дар даҳ соли пеш ишора кардааст, ки ҳоло беш аз 60 дарсади муомилоти дуҷонибаи мол аз гузаргоҳи “Қулма-Қарасу” сурат мегирад.
Оқои Раҳмон бо ишора ба кӯҳистони будани кишвараш гуфтааст, ки яке аз вазоифи мушкили онҳо, таъмини равуо ва дастрасии сокинон ба ҳар гӯшаи он дар ҳар фасли сол аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ба бунёди шабакҳои роҳҳои мошингард ва ҳамчунин роҳҳои оҳани дохиливу байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа дорад. Аз ин хотири вай гуфтааст, ки дарҳои Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии молӣ боз аст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба осебпазир мондани минтақа ва таҳдидҳои терроризм, ҷудоиталаб ва ҷинояткорӣ дар марз ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гуфтааст, ки ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ заминаҳои таъмини сулҳу оромиро фароҳам мекунад.
Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором 21 иқтисоди ин минтақаро бо ҳадафи тиҷорати озод ва содда кардани сармоягузорӣ муттаҳид мекунад. Ин созмон 40% - и аҳолӣ, 54% - и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) и 44% - и тиҷорати ҷаҳониро муттаҳид мекунад.
Узвияти онро 21 давлат, ки дар соҳилҳои Уқёнус Ором ҷойгиранд (Австралия, Бруней, Канада, Индонезия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Зеландияи нав, Филиппин, Сингапур, Таиланд, ИМА, Чин, Тайбей ва Ҳонконг (Чин), Мексика, Гвинеяи нав, Чили, Перу, Русия ва Ветнамро муттаҳид мекунад. Ягона созмони байнулмилалӣ аст, ки Тайван бо ризоияти Чин узвияташро ба даст овардааст.
Ин иттиҳод соли 1989 дар Канберра бо ташаббуси сарвазирони Австралия ва Зеландияи нав ташкил шуда, котиботаш дар Сингапур ҷойгир аст ва дар он 23 дипломат ба намояндагӣ аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором ва 20 корманди кирояи маҳаллӣ кор мекунанд.
Соли 1998 пас аз вуруди Русия, Ветнам ва Перу мораторияи 10-сола барои пайдо кардани узвияти дар ин созмон эълон шуда буд. Ҳоло Ҳиндустон ва Муғулистон барои узвият дархост пешниҳод кардаанд. Ин ду кишвари осиёӣ ҳастанд, аммо дар соҳили Уқёнуси Ором нестанд.
Ҳадафи стратегии Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором, ки соли 1994 муайян шудааст, то соли 2020 ба вуҷуд овардани низоми тиҷорати озоду шаффоф ва сохтори сармоягузории либералӣ аст.