Хабарҳое, ки аз Чин мерасанд, ин хулосаи коршиносони байнулмилалиро тақвият медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳарчӣ бештар бо Чин ҳамкорӣ мекунад, то таъсири рукуди Русияро ба иқтисоди худ коҳиш диҳад. Рӯзи 7-уми ноябр дар Пекин миёни Тоҷикистон ва Чин чаҳор созишномаи нав ба имзо расид, ки ҳамагиро як ибора бо ҳам мепайвандад: “қарзи имтиёзнок”.
Ин санадҳо, ки дар ҳузури сарони ду давлат -- раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин имзо шуданд, ба Тоҷикистон имкон хоҳанд дод, ки аз Чин барои тарҳҳое чун сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва сохтмони корхонаҳои тавлиди креолит, алминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар доираи навсозии “Талко”-и Тоҷикистон сармоя ба даст орад.
ЧАРО ТОҶИКИСТОН АЗ ЧИН ҚАРЗ МЕГИРАД?
Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, сармоягузориҳои Чин ба Тоҷикистон ба фоидаи иқтисодии ду ҷониб тамом мешаванд ва ҳеҷ якеро аз лиҳозӣ сиёсӣ вобастаи дигаре намекунад. Вай ба Радиои “Озодӣ” гуфт, созишномаҳое, ки Тоҷикистон бо Чин имзо кард, барои таъмини рушди иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд ва ҳама дар бораи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ҳастанд. Вай афзуд, Чин дар қиёс бо дигар кишварҳо ба
Тоҷикистон дар ҳудуди 2 дарсад қарзи имтиёзнок пешниҳод мекунад, ки дар ҳолати кунунӣ барои Тоҷикистон хеле судманд ва муҳим мебошанд. Вай афзуд: “Масалан, созишномаи сохтмони корхонаҳои тавлиди креолит, алминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар доираи навсозии “Талко”. Мо ҳамасола ба 500 миллион доллар аз хориҷ барои “Талко” маҳсулот ворид мекунем. Вақте ин маҳсулот дар худи Тоҷикистон тавлид мешавад, бубинед, аввал, мо 500 миллион долларро ба фоидаи худ, на корхонаҳои хориҷ хапрҷ мекунем. Дуюм, ҷойҳои кории нав эҷод мешаванд ва ниҳоят, аз ин ҳама маблағ тариқи андозу дигар пардохтҳо ба буҷаи кишвар маблағ ворид мешавад”
Коҳиши пайвандҳо бо Русия ва афзоиши онҳоро бо Чин ширкати “Блумберг рӯзи 7-уми ноябр “Бозии Бузург”-и наве номид, ки дар он Русия тадриҷан ҷойи худро ба Чин медиҳад. Bloomberg Businessweek менависад, “Дар ҳоле ки президент Владимир Путин талош дорад, Украинаро дар қабзаи Русия нигоҳ дорад, вай мумкин аст, бахши дигари империяи ояндаи худ – ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии Осиёи Марказиро аз даст диҳад, ки ба таври рӯзафзун барои сармоя ва тиҷорат ба тарафи Чин рӯ меоранд.” Ба навиштаи маҷалла, Чин ҳам бо умеди ба пайванди худ бо бозори Аврупо табдил додани Осиёи Марказӣ ва дастрасӣ ба захираҳои бои табии он аз ин имконият истифода мекунад. Аз ҷумла Пекин нақша дорад, дар ин минтақа 16,3 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.
БОВАР = САРМОЯ?
Сара Лайин, пажӯҳишгари Маркази Хадамоти Муттаҳидаи Салтанатӣ дар Лондон мегӯяд, баъд аз рӯйдодҳои маълуми Украина “як навъ нобоварие нисбати Русия ба миён омадааст ва ҳарчанд минтақа ба Маскав пушт нахоҳад гардонд, дар ҳоли ҳозир Чин барояш коршарики мӯътамадтар намудор мешавад.”
Коршиносони дигар низ ҷараёни ҳамкориҳои Чину Тоҷикистонро “экпансия” ё густариши ҳузури Пекин дар Тоҷикистон меноманд, аммо яке аз аъзои бонуфузи ҳукумати Раҳмон, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев охири моҳи октябр дар мусоҳиба бо “Financial Times” гуфт, нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро мефаҳмад, вале Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя ниёз дорад.
“Financial Times” менависад, сармоягузориҳои ваъдакардаи Пекин баробари аз се ду ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2013 ва 40 мартаба бештар аз ҷамъи сармоягузориҳои мустақимест, ки солона ба иқтисоди ин яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон сарозер мешаванд. Дар робита ба ваъдаи сармоягзуории 6 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон дар се соли оянда, нашрия менависад, ин як аломати дигари нуфузталабиҳои иқтисодии Чин дар Осиёи Марказист.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз гармии хоси дидорҳои ахир дар Пекин хабар медиҳад, мегӯяд: “дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 40% зиёд аст. Изҳори бовар карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод аз 3 миллиард доллари амрикоӣ мегузарад.»
ҲАМ БО ЧИН ВА ҲАМ БО ИТТИҲОДИ ГУМРУКӢ?
Бино бар ин манбаъ дар мулоқоти 7-ум ноябр дар Пекин тасмим гирифта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои азими иҷтисодӣ тезонида шавад. Аз тарҳи бунёди қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, навбати дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма-Чин ва корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон ва ғайра. Ҳамзамон ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои дигар, аз ҷумла таъмини амнияту субот, ҳамкории миёни сохторҳои қудратӣ таъкид ва дар бобати хатарҳои ҷаҳони муосир табодули назар сурат гирифтааст.
Мулоқоти раҳбарони Чин ва Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Пекин дар ҳоле баргузор шуд, ки бархе аз коршиносон аз асабонияти Русия дар робита ба густариши равобити Тоҷикистон ва Чин сӯҳбат мекунанд. Манзара ин гуна ба назар мерасад, ки Душанбе ба умеди ваъдаҳои Маскав нашуда, даст ба домани коршарике задааст, ки на танҳо ваъда медиҳад, балки ин ваъдаҳоро ба иҷро мерасонад.
РУСИЯ ЗЕРИ БОРИ САНГИНИ ТАҲРИМҲО
Дар даҳ соли охир Русия ду даъфа ваъдаи сармоягузориҳои то 2-миллиарддолларӣ карда, аммо аз чандин тарҳи муштарак, танҳо як нреӯгоҳи барқи обӣ бунёд кардааст. Ҳамкориҳои наздики Тоҷикистон бо Эрон низ, баъд аз иваз шудани ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод низ рӯ ба камрангӣ ниҳодаанд. Дар муқобили ин Чин ба сохтмони роҳу нақбҳо, иншооти энергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон камар баста, чандин тарҳро ба поён расонд ва дар истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон ба ҷои аввал баромад.
Бино бар гузориши нави Сандуқи Байнулмилалии Пул таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба ҳамсояҳои он дар Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш хоҳад дошт. Танҳо дар ним соли гузашта шохиси рушди кишварҳои ин минтақа 0.75 дарсад кам шудааст. Аммо ин ҳанӯз поёни кор нест ва харҷи бунёди Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё якҷо бо коҳиши нархи нафт, ба таъхир афтодани бисёре аз тарҳҳо ва паҳн шудани бӯҳрони энергетикӣ барои кишварҳое, ки бо Русия наздикии зиёд доранд, хушбинии камтар медиҳад. Ин воқеиятро дар Маскав низ ба хубӣ дарк мекунанд.
“Асабонияти Русия” то ҳоло ба ғайр аз матолиби манфӣ дар бораи робитаҳои Тоҷикистону Чин дар матбуоти ин кишвар, густариши таблиғоти русӣ дар Душанбе ва тахмини он ки хадамоти махсуси Маскав дар кӯшишҳои ноором кардани вазъи сиёсии Тоҷикистон ҳамдастӣ мекунад, дигар ба шаклу шевае аён нагаштааст, аммо дар пешорӯи узвияти эҳтимолии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Гумрукӣ мумкин аст, саволи “Шумо бо кистед, бо мо ё зидди мо?” ба гунаи ҷиддӣ ба миён гузошта шавад. Шояд ба ин сабаб Тоҷикистон дар татбиқи тарҳҳои муштаракаш бо Чин рӯ ба суръатфизоӣ ва шитоб овардааст.
ҚАРЗҲОРО КӢ БАРМЕГАРДОНАД?
Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, мегӯяд, мушкил дар фурӯ рехтани сармояҳои бузурги Чин ба минтақа, пеш аз ҳама ба Тоҷикистон нест, балки ин аст, ки ин сармояро чӣ тур истифода мекунем: “Чин ба ҷои сармояҳояш асосан кону ягон манбаи дигари даромад мегирад аз Тоҷикистон. Вақте созишнома мекунем, пеш аз ҳама бояд баробари қимати он ба он кишвар ягон конро пешниҳод кунем. Масалан, агар созишнома 150 миллион доллар аст, ба ҳамин қимат бояд як кон дода шавад, то мо зиён набинем. Назорат бояд сахт бошад. На аз сармоягузории Чин, ё фишори Русия, балки фасодкории худамон битарсем. Ба мо фасодкории худамон таҳдд мекунад, на сармояҳои ҳангуфти Чин”
Коршиносон бо ишора ба “асабонияти Русия” ин нуктаро ҳам зикр мекунанд, ки худи он кишвар ҳоло барои “Нерӯи Сибир”, як тарҳи ҳукумати Русия барои тақвияти иқтисодии Сибир барои гирифтани 25 миллиард доллар аз Чин навбат истодааст. Дар бораи ин ки Амрико, бозигари дигари муҳим дар минтақа, тавсиаи иқтисодии Чинро чӣ гуна қабул мекунад, онҳо мегӯянд, барои Вашингтон заъиф шудани Русия аз таҳким ёфтани Чин беҳтар аст.
Аммо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар таҳлилҳои коршиносон ин нукта ба назар гирифта намешавад, ки сухан дар бораи қарз меравад ва ҳадафи қарз фоида аст. Вай афзуд, агар кишварҳои дигар ҳам хоҳанд, ки дар Тоҷикистон сармоя гузоранд, дарҳои Тоҷикистон ба рӯяшон боз аст. Вале суоли асосӣ ин хоҳад буд, ки Тоҷикистон ин қарзҳои Чинро кай ва чӣ гуна бархоҳад гардонд.