Муҳтавои сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар мулоқоти Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш Ван И дар ҳошияи нишасти чоруми вазирони Раванди Истамбул оид ба Афғонистон дар Пекин баррасӣ шудааст.
Маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши ин хабар мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 7- 8 ноябри соли равон ҳайати кишварашро дар муколамаи шарикони Форуми ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором раҳбарӣ мекунад.
Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором 21 иқтисоди ин минтақаро бо ҳадафи тиҷорати озод ва содда кардани сармоягузорӣ муттаҳид мекунад. Ин созмон 40% - и аҳолӣ, 54% - и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) и 44% - и тиҷорати ҷаҳониро муттаҳид мекунад.
Узвияти онро 21 давлат, ки дар соҳилҳои Уқёнус Ором ҷойгиранд (Австралия, Бруней, Канада, Индонезия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Зеландияи нав, Филиппин, Сингапур, Таиланд, ИМА, Чин, Тайбей ва Ҳонконг (Чин), Мексика, Гвинеяи нав, Чили, Перу, Русия ва Ветнамро муттаҳид мекунад. Ягона созмони байнулмилалӣ аст, ки Тайван бо ризоияти Чин узвияташро ба даст овардааст.
Ин иттиҳод соли 1989 дар Канберра бо ташаббуси сарвазирони Австралия ва Зеландияи нав ташкил шуда, котиботаш дар Сингапур ҷойгир аст ва дар он 23 дипломат ба намояндагӣ аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором ва 20 корманди кирояи маҳаллӣ кор мекунанд.
Соли 1998 пас аз вуруди Русия, Ветнам ва Перу мораторияи 10-сола барои пайдо кардани узвияти дар ин созмон эълон шуда буд. Ҳоло Ҳиндустон ва Муғулистон барои узвият дархост пешниҳод кардаанд. Ин ду кишвари осиёӣ ҳастанд, аммо дар соҳили Уқёнуси Ором нестанд.
Ҳадафи стратегии Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором, ки соли 1994 муайян шудааст, то соли 2020 ба вуҷуд овардани низоми тиҷорати озоду шаффоф ва сохтори сармоягузории либералӣ аст.
Ҳайати Тоҷикистон бори аввал таҳти сарварии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ин созмон ширкат мекунад.