Маъмурони пулис дар ноҳияи Синои пойтахт 30 наврасро барои ҳузур дар интернет-кафеҳо боздошт кардаанд. Ин боздоштҳо дар тӯли тақрибан ду ҳафтаи охир сурат гирифта, ноболиғон “баъди корҳои фаҳмондадиҳӣ” ва волидонашон “баъди гирифтани парвандаи маъмурӣ” раҳо гардидаанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки “инчунин, нисбат ба баъзе аз моликони марказҳои интернетӣ санад тартиб дода шуд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо вуҷуди онки дар хона бо компютер ва Интернет таъмин будем, аммо ҳафтае ду бор бо дӯстонам барои бозӣ ба интернет-кафе мерафтам.Аврангзеб
Ин омор дар ҳоле эълон шуд, ки ду ҳафта пеш нозирони Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳибони марказҳои бозии компютерӣ, букмекерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор дода буданд, то хонандагони мактаб ва умуман ноболиғонро ҳамчун муштарӣ ба коргоҳи худ роҳ надиҳанд. Чунин тасмим баъд аз моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт гирифта шуд, ки шаби 2 ба 3 январ занозанӣ карда ва ду нафарашон ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҷавонон муштариёни марказҳои интернетӣ будаанд.
Ҳуснигул Шарифова, корманди яке аз марказҳои интернетӣ дар пойтахт, гуфт, “то ду ҳафта пеш афроди то 18-сола иҷозат доштанд, ки рӯзҳои шанбе ва якшнабе дар фасли тобистон то соати 8-и бегоҳ ва дар зимистон то соати 5-и бегоҳ аз хадамоти интернет-кафе истифода кунанд. Ҳоло умуман онҳоро роҳ намедиҳем ва ҳамчунин онҳое, ки аз 18 то 20 сол доранд, метавонанд танҳо то соати 8- и бегоҳ дар маркази интернетӣ бошанд.”
Нигаронии мақомоти тоҷик аз гирифтор шудани насли наврас ба бозиҳои компютерие, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, мавзӯи тоза нест. Аммо Аврангзеби Асрориён, ҷавони тоҷик, мегӯяд, ҳангоми мактабхонӣ ӯ низ ба бозиҳои компютерӣ, аз ҷумла “Контрстрайк” майл дошт, вале ин завқаш барои соҳиб шудани ӯ ба “Стипендияи истеъдоди шаҳрванди ҷаҳон” дар Аврупо мониа нагашт. Ҳоло ӯ дар Донишгоҳи Гаагаи Ҳолланд таҳсил мекунад.
“Бо вуҷуди онки дар хона бо компютер ва Интернет таъмин будем, аммо ҳафтае ду бор бо дӯстонам барои бозӣ ба интернет-кафе мерафтам. Чунки бозии гурӯҳӣ фарқ мекунад ва кайфияти махсус дорад. Падару модар медонистанд, ки аз меъёр зиёд бозӣ намекунам ва аз дарсҳо қафо намемонам. Аз ин хотир, бароям монеъ намешуданд”, – ба ёд овард ӯ.
Барномасозон мегӯянд, ҳадафи таҳияи бозии “Контрстрайк” асосан ба хотири ҷалби ҷавонон ба саффи артиш буд. Аммо бо мурури вақт ва афзоиши талабот мазмуни бозӣ тадриҷан тағйир ёфт. Ҳоло барои як соати ин бозӣ дар марказҳои интернетии Душанбе аз 3 то 5 сомонӣ пардохт мекунанд.
Рейд ва боздошти кӯдакон дар марказҳои интернетӣ ба шабу рӯзе рост омад, ки наврасон дар Тоҷикистон таътили якмоҳа доранд ва ба чӣ машғулияте саргарм кардани онҳо дар ин мавсим як суоли ҷиддӣ барои волидон аст. Абдураҳмон, сокини Душанбе ва падари 4 фарзанд, мегӯяд, ӯ рӯзи дароз дар кор аст, вале ёдаш дар хона. “Доим ба писараонам таъкид мекунам, ки мабодо беҳудагардӣ кунанд ва ё худое накарда ба маркази интернетӣ раванд. Аммо ба ҳар ҳол онҳо кӯдаканд ва дар таътил вақти зиёди холӣ доранд. Назар ба онки волидонро 120 сомонӣ ҷарима мекунанд, беҳтар аст, ки назорати марказҳои интернетиро шадид намоянд”, - афзуд ӯ.
Ин мусоҳиби мо манъи рафтани нобилиғонро ба марказҳои интирнетӣ иқдоми чандон дуруст намедонад, зеро мегӯяд на ҳама ба ин марказҳо барои бозӣ мераванд. Баъзе аз таҳлилгарон ҳам мегӯянд, дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмулан бо оқибати ин ё он мушкил кор мебаранд, вале решаи аслии онро ҷустуҷӯ намекунанд. Онҳо бар инанд, ки иқдоми пешгирифтаи мақомот ҳалли масъала набуда, баръакс, метавонад барои амиқтар шудани мушкилот сабаб гардад.
Асомуддин Атоев, коршиноси масоили интернет ва фанновариҳои ҷадид, мегӯяд, “бояд аввал таҳлил кард, ки чаро насли ҷавон ба марказҳои интернетӣ мераванд ва бозиҳои хусусияти зӯроваридоштаро интихоб мекунанд? Модоме ҷавонон ба бозиҳои компютерӣ шавқ доранд, беҳтар аст, бозиҳое таҳия намуд, ки хусусияти омӯзишӣ доранд ва нерӯи онҳоро ба созандагӣ равона кунанд. Ё мешавад барномаҳои таълимиро дар шакли аниматсиониву бозӣ низ сохт”.
Дар пойтхати Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион аҳолӣ ба сар мебарад. Дар ин шаҳр бар асоси омори расмӣ наздик ба 2 ҳазор Маркази бозиҳои компютерӣ, бозиҳои букмекерӣ ва Интернет-кафеҳо сабти ном шудаанд, ки муштариёни аксари онҳо ҷавонони аз синни 30 поин ҳастанд.