Дар ҳоле, ки 15 нафар боздошт шудаву таҳқиқи пешакии куштори фоҷеабори ду ҷавон дар шаби 2 ба 3 январ дар Душанбе идома дорад, фарзияи пешакии тафтишот ин аст, ки бархӯрди ҷавонон “як қассосгирӣ” буд.
Рӯзи 5 январ мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки шумори афроди боздоштшуда бо гумони занозанӣ ва куштори ду наврас дар маҳаллаи 104-ум ба 15 нафар расидааст. Аксари онҳо ширкатдори задухӯрди хунини наврасону ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103 мебошанд. Тафтишро додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси ду моддаи Кодекси
Ин ду гурӯҳ аз қабл маслиҳат карда, ҳатто ҷои занозаниро дар маҳаллаи 104 муайян мекунанд ва бо худ корду дигар олоти оҳанин мегиранд
ҷиноятӣ - “куштор” ва “Авбошӣ бо истифода аз ашёе, ки ба сифати яроқ истифода шудааст”, идома дорад. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ин занозанӣ соати даҳи шаби 2 январ миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷа Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (соли таваллудаш 1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (соли таваллудаш 1999) аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, барои халалдор нашудани ҷараёни тафтишот ва ба даст омадани маълумоти пурра аз баёноти ширкатдорони ҳодисаҳои ахир, аз додани ҷузъиёт худдорӣ мекунанд.
Вале як манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтиш ба радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимол дар ҷараёни таҳқиқ шумори гумонбарон зиёд ё кам шавад: “Тафтишот ҳамаҷониба ба кори худ оғоз кардааст. Аз рӯи ҳодиса парванда боз шудааст, вале ҳоло кадом гумонбар бо кадом модда айбдор мешавад, маълум нашудааст. Эҳтимол нисбати чанд нафари дигар низ, ки аз ин занозанӣ пешакӣ хабар доштанд, вале ба мақомот хабар надоданд, парванда боз шавад. Рӯзҳои наздик ҳамаи ҳолати кор маълум хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Қассоси тарҳрезишуда
Манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ки бо вуҷуди хеле парокандаву мухталиф ва зиёд будани маълумот аз фоҷеаи шаби 3 январ, ҳамин чиз мусаллам аст, ки задухӯрди наврасону ҷавонони сокини маҳаллаҳои 102 ва 103 аввалин бор набуд. Ибтидо ин ду гурӯҳ ҳанӯз миёнаҳои моҳи декабр бо ҳам задухӯрд карда будаанд ва задухурди навбатӣ “қассоси занозании қаблӣ” будааст. Ба гуфтаи ӯ, дар задухӯрди аввал ҷавонони маҳаллаи 102 як ҷавони маҳаллаи 103-ро чунон лату кӯб кардаанд, ки гурӯҳи дигар дар пайи қассос занозании шаби 3-уми январро ташкил мекунад.
“Дар асл маълум шуд, ки ин ду гурӯҳ аз чанд рӯз пеш барои занозанӣ омодагӣ гирифтаанд. Мақсадашон нишон додани зӯр ба ҳамдигар будааст. Ин ду гурӯҳ аз қабл маслиҳат карда, ҳатто ҷои занозаниро дар маҳаллаи 104 муайян мекунанд ва бо худ корду дигар олоти оҳанин мегиранд”, - гуфт ӯ. Дар ин занозанӣ аз ҳар ду тараф якнафарӣ кушта шудааст.
Шоҳидони ҳодиса ба тафтишот гуфтаанд, ки таҷаммӯи ҷавононро дида буданд, вале гумон надоштанд, ки касе кушта мешавад. Аброр, як ҷавон мегӯяд, бо овози баланд дод задани онҳоро шунидааст, вале фикр накардааст, ки кор то куштор мерасад.
Бародари Иброҳим: ҳузур ва марги бародари ман дар ин моҷаро тасодуфӣ буд
Исмоил Хоҷаев, бародари Иброҳим Хоҷаев, як ҷавони дигари дар ин моҷаро кушташуда 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бародари ӯро тасодуфан ба ин занозанӣ ҳамроҳ кардаанд. “Он бегоҳ бародарам дар Маркази бозиҳои компютерӣ қарор доштааст. Наздаш меоянд ва гирифта мебаранд. Бародари ман каме бақувват буд, шояд ӯро барои кӯмакашон даъват кардаанд. Ӯ бинобар шароити сахти зиндагӣ аз синфи 9 дигар мактаб нарафта буд. Ҳоло ин ҳодиса шуд, вале мо ҳамаро аз Худо мебинем ва ҳеҷ даъвое надорем”, - гуфт ӯ.
Мавзӯи куштори ҷавонон ба яке аз масоили мавриди ташвиши бархе сокинони шаҳри Душанбе табдил шуд. Сокинони бузургсол ҷавононро дар “бетарбиягӣ” айбдор мекунанд. Ҳикмат Саидов, як сокини маҳаллаи 102-ум гуфт, дар маҳаллаи онҳо одат аст, ки ҷавонон шабона дар хиёбонҳо гаштугузор кунанду волидонашон онҳоро суроғ накунанд. “Шаб, ки гаштанд, ҳатман даст ба ягон кор мезананд. Шабгардӣ аз бекорӣ мешавад ва бекорӣ аз нодониву беҳунарӣ мешавад. Фикр мекунам, ки ин ҷавонон таҳти таъсири бозиҳои компютерӣ ва филмҳои моҷароҷӯёна аз бекорӣ ва оворагардӣ бо баҳонаҳои ночиз ҷанг мекунанд”.
Вале бархе ҳамсолони ҷавонони кушташуда мегӯянд, дар ингуна ҳолатҳо ҳама масъулият доранд ва пеш аз ҳама падару модар, ки фарзандони ноболиғу ҷавони худро иҷозати шабгардӣ медиҳанд ва агар аз вуҷуди гурӯҳбозиҳои хиёбониашон хабар дошта бошанд, пеши роҳи онро намегиранд. Дар натиҷа, ин ҷавонҳо зери таъсири кӯча ва ё лидерони хиёбонӣ мемонанд, ки онҳоро ба ҳама гуна корҳои хатарнок ташвиқ мекунанд.