Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кордкашӣ дар мактаби 53. Ҷанги гурӯҳӣ, ё баҳси ду наврас?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбарияти мактаби рақами 53 дар Душанбе ин шабу рӯз серташвишанд. Мақомот сабаби сар задани ҷанги хонандаҳо дар ин мактабро меомӯзанд ва масъулони маориф барои шаҳрдорӣ дар ин бора гузориш омода мекунанд.

Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби ноболиғон 410 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат камтар будааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи занозанӣ ва кордкашии се рӯзи пеш дар ин мактаб як хонанда захмӣ шуда, дар ҳоли ҳозир чор муҳассил бо гумони авбошӣ боздошт шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида ва тафтиши қазия идома дорад.

Аммо раҳбарияти мактаби 53 ва раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯянд, ҷанг фақат байни ду хонанда сурат гирифта буд ва як занозании маъмулии ду наврас аст. Ҳамидуллохон Фақиров, мудири раёсати маорифи шаҳри Душанбе, рӯзи 30 октябр гуфт, онҳо дар робита ба ин қазия бо масъулони мактаб ва хонандаҳо сӯҳбат доштанд ва маълум шудааст, ки ин ҷанг дар пайи баҳс миёни ду наврас сар задааст, на як гурӯҳ. “Мо бо раҳбари мактаб ва хонандаҳо сӯҳбат доштем. Ҳоло барои раиси шаҳр гузориш омода мекунем. Ин ягон ҷанги гурӯҳӣ набуда, фақат байни ду хонанда сурат гирифтааст”, - афзуд ӯ.

Ҳамидуллохон Фақиров
Ҳамидуллохон Фақиров

Дар мактаби рақами 53 зимни сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки дар ҷанги ду хонанда касе ҷароҳат набардоштааст. Онҳо нагуфтанд, ки оё дар ин ҷанг аз корд истифода шуд ё на, вале Вазорати корҳои дохилӣ ин муноқишаи хонандаҳоро як амали авбошӣ баҳогузорӣ карда ва дар хулосаи худ гуфтааст, “хонандаҳо якдигарро латту кӯб карда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, ду дафъа ба пойи хонандаи дигар задааст.”

Хабари кордкашии хонандаҳо ва ҷароҳат бардоштани як хонанда дар ҳолест, ки мақомот қаблан аз коҳиши мизони ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ҳамчунин муноқишаи мактаббачаҳо иттилоъ дода буданд. Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби ноболиғон 410 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат камтар аст.

Омӯзгори як мактаби пойтахт ҳам дар сӯҳбат бо мо гуфт, тайи солҳои ахир хонандаҳо, махсусан писарон, зери назорати шадид қарор доранд ва ҳар ҳафта намояндагони шӯъбаи кор бо ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалҳо ба мактаб рафта, бо хонандаҳо сӯҳбат мекунанд ва рафтору ахлоқ, тарзи либоспӯшиву дарсхонии онҳоро тафтиш ва назорат мекунанд. Вале х гуфт, “бо ин ҳама талошу назорат, мақомот муваффақ нашудаанд, ки падидаи кордкашиву занозании мактаббачаҳоро пурра аз байн баоранд”.

Дар аввалҳои моҳи июни имсол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти 7хонандаи синфҳои 9 ва 11-и мактабҳои пойтахт хабар дода буданд. Дар пайи занозании ин хонандаҳо 4 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳамин тавр, дар як муноқишаи дигари хонандаҳо бо донишҷӯён дар ноҳияи Рӯдакӣ моҳи майи соли равон, чор наврас бо корд захмӣ ва ду донишҷӯ барои авбошӣ боздошт шуданд. Занозаниҳои ноболиғон маъмулан дар пайи баҳсҳои ночизу хурд шурӯъ шуда ба муноқишаҳои гурӯҳӣ ва кордкашӣ анҷом меёбад.

Насимҷон Сатторов, як ҷавони тоҷик, ки моҳи августи соли равон аз зарби корди, ба гуфтаи худаш, чанд ноболиғ ва донишҷӯ захм бардошта, тоза аз беморхона рухсат шудааст, гуфт, ҳоло аз дарди ҷигар ва гурда азият мекашад. Ӯ мегӯяд, бе ягон сабаб, фақат ба ин далел ки гӯё ба сӯяшон “бад” нигоҳ карда бошад, мавриди латту кӯб қарор гирифт ва ҳамлагарон бо корд ба ҷигараш заданд.

“Онҳоро аслан аз наздик намешиносам, вале медонистам, ки дар маҳаллаи мо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо моҳи август шаб маро ба як тараф даъват карданд. Дидам ноболиғанд, фикр накардам, ки корд доранду метавонанд аз он истифода кунанд. Ҳамроҳашон рафтам бо ман баҳсу муноқишаро шурӯъ карданд. Баъдан ба тарафи чапам бо корд заданд”, - нақл кард Насимҷон Сатторов.

Ҳоло ба гуфтаи Насим тафтишоти пешакӣ дар робита ба ин қазия дар раёсати шаҳрии корҳои дохилӣ идома дорад. Насимҷон барои ба ҷавобгарӣ кашида шудани ин наврасон ба тамоми мақомот ҳатто то ба президент муроҷиат кардааст.

Омили аслии муноқишаву кордкашии ҷавонону ноболиғонро таҳлилгарон аксаран дар бекорӣ, дур мондани ҷавонону наврасон аз таълиму тарбия ва набуди марказҳои зиёди фарҳангӣ барои ин насл медонанд.

XS
SM
MD
LG