Нахустин АКСи Гулрухсор баъди раҳоияш аз асорат

Гулрухсор Рофиева

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари раҳоии Гулрухсор Рофиеваро, ки аз 29 октябр дар Яман дар асорат қарор дошт, тасдиқ кард.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 10 феврал раҳоии парастори тоҷик Гулрухсор Рофиеваро, ки аз 29 октябр дар минтақаи Маъриби Яман тайи 105 рӯз дар асорати як қабилаи маҳаллӣ қарор дошт, тасдиқ кард.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари раҳоии парастори тоҷикро ёвари вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Яман полковник Набил Ваҷиҳ дар сӯҳбати телефонӣ аз номи вазири корҳои дохилии Яман Ҷалол Рувайшон ба сафири Тоҷикистон дар Қатар расондааст. Оқои Атоев бо такя ба ин манбаъ гуфт, "ҳолати рӯҳиву ҷисмонии шаҳрванди тоҷикистонӣ хуб аст."

Вазорати корҳои хориҷӣ дар баёнияаш ба муносибати раҳоии Гулрухсор Роиева бори дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, хотиррасон кардааст, ки "бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман ин кишварро тарк кунанд."

Субҳи 10 феврал ибтидо манобеи Радиои Озодӣ аз Яман хабар доданд, ки Гулрухсор Рофиеваро ҳамин рӯз, баъди сеюним моҳи асорат озод кардаанд.

Манучеҳр Абдуев, як намояндаи ширкати Русия дар Яман рӯзи 10 феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Гулрухсор Рофиева субҳи 10 феврал озод шудааст ва ҳоло дар маҳалли кораш – бемористони маркази вилояти Маъриб қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, Гулрухсор Рофиева то 2 рӯзи дигар ба пойтахти Яман, шаҳри Санъо мерасад.

Яке аз табибони тоҷике, ки дар бемористони шаҳри Маъриб кор мекунад, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Гулрухсор Рофиеваро тақрибан 2 соат пеш раҳо карданд ва ин табиб ӯро аз наздик дидааст: “Чеҳрааш каме азиятдида ба назар меояд, маълум ки хеле азоб кашидааст дар дасти гаравгонгирҳо. Вале ба сурати умум, Гулрухсор хеле хушҳол буд.”

Як табиби дигари тоҷик дар Маъриб низ раҳоии Гулрухсор Рофиеваро дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, рӯзи 11 феврал ба муносибати озодии ӯ дар Маъриб ҷашни мӯҳташаме мехоҳанд барпо кунанд.

Аммо ҳамсӯҳбатони мо дар ҳоли ҳозир дар бораи чигуна раҳо ёфтани ин парастори тоҷик изҳори бехабарӣ мекунанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ӯро дар натиҷаи ягон амалиёти вижа озод кардаанд ваё, чун дар мавридҳои дигари гаравгонгирии хориҷиён дар Яман - бар асоси ягон муомила байни мақомот ва намояндагони қабила қабилаи Оли Убайда, ки бино ба гузоришҳо, 3 бародар аз ҳамин қабила дар сеюним моҳи пеш парастори тоҷикро гаравгон гирифта будаанд.

Шоҳрух, бародари Гулрухсор Рофиева хабари раҳоии ӯро аз хабарнигори Озодӣ шунид ва бо изҳори хушҳолӣ гуфт, пеши модараш хоҳад шитофт, то ин хабари хушро ба ӯ ҳам бирасонад.

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯз 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд.

Бино ба ҳисобҳо, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба тақрибан 200 нафар мерасад.

Дар гузашта низ ду даафъа – як бор дар соли 2007 ва бори дуюм дар соли 2011 – ду табиби тоҷик аз сӯи гурӯҳҳои одамрабо дар Яман рабуда шуданд. Дар ҳарду маврид гаравгонгирон дар ивази озодии табибон пул ва аз зиндонҳои Яман озод кардани ҳамқабилаҳои худро талаб гузошта буданд ва гаравгонҳои тоҷик баъди муддате бар асоси муомилаи давлат бо ин гурӯҳҳо ба озодӣ расиданд. Вале он ду қазияи қаблӣ ин қадар тӯл накашида буд, ки асорати Гулрухсор Рофиева.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД