Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳамаи мо Гулрухсорем!”


Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

Як хонуми сокини Яман дар як раҳпаймоӣ ба нишони ҳамраъйӣ бо ҳамшираи тоҷики рабудашуда ин акси худро зери шиори "Ҳамаи мо Гулрухсор ҳастем. Нест бод занрабоӣ!" нашр кардааст.

Вазорати умури хориҷии Яман гаравгонгирии ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиеваро маҳкум кард. Дар нахустин изҳороти расмии вазорати умури хориҷаи Яман дар робита ба ин қазия гуфта мешавад, ки музокирот барои раҳоии хонум Рофиева бо қабилаи Ҳариқдон, ки масъули рабоиши шаҳрванди Тоҷикистон унвон шудааст, идома дорад. Ин изҳорот аз ҷониби ҳукумати нави Яман, ки рӯзи 9 ноябр сари қудрат омад, карда шудааст.

Вазорати умури хориҷии Яман айни замон бо сафоратҳои Тоҷикистон дар Қатар ва Қоҳира ва бевосита бо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе дар тамос будааст. Рӯзи душанбе, 17 ноябр хадамоти амнияти Яман ба ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, ки амалиёти раҳоии Гулрухсор, ки

Эътирози гурӯҳе аз занони яманӣ ба тарафдории Гулрухсор Рофиева
Эътирози гурӯҳе аз занони яманӣ ба тарафдории Гулрухсор Рофиева

як ҳадафи муҳимаш зиндаву саломат озод кардани ӯ мебошад, бо нирӯи дучанд ҷараён дорад.

Айни замон, хабари рӯзи ҷумъа, 14 ноябр пахшшудаи вазорати умури дохилаи Яман дар бораи мушаххас шудани маҳалли нигаҳдории ходими тиби хориҷӣ мавҷи маҳкумияти сокинони маҳаллиро бархезонд.

Манучеҳр Абдуев, намояндаи як ширкати Русия дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки сокинони хеле зиёди Яман, ки аз сарнавишти ходими тиби тоҷик нигарон шудаанд, бо шадидтарин лаҳн гаравгонгирҳоро маҳкум мекунанд.

Дар ин акс навишта шудааст: "Ҳамаи мо Гулрухсор ҳастем. Нест бод занрабоӣ!"
Дар ин акс навишта шудааст: "Ҳамаи мо Гулрухсор ҳастем. Нест бод занрабоӣ!"

Ҳатто як хонум дар баробари акси нашршудаи хонум Гулрухсор Рофиева акси худро гирифта, бо ҳарфи бузург ба забони арабӣ навиштааст: "Ҳамаи мо Гулрухсор ҳастем. Нест бод занрабоӣ!" Ҳарфи ин хонум, ки ба нишони ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз ходими тиби тоҷик иншо шудааст, ҳамроҳ бо аксаш дар саҳифаҳои ямании Интернет мечархад.

Дар ҳоле ки сабаби рабуда шудани ходими тиби тоҷик мушаххас нест, ҳамин чиз маълум аст, ки маҳалли нигаҳдории ӯ як мазраае будааст, ки машғули парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, мисли апелсин, картошка ва дигар меваҷот будааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 14 ноябр хабар дод, ки вазорати умури дохилии Яман макони асорати ҳамшираи шафқат аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева ва ҳувияти одамрабоёнро эълон кардааст. Хонум Рофиева охирҳои моҳи октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ дар минтақаи Маъриби он кишвар рабуда шуд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Яман, ҳамаи одамрабоён аз қабилаи Оли Ҳариқдон Оли Мазъа Убайда дар ноҳияи Ал-Водӣ буда, дар гузашта низ ба роҳзанӣ машғул буда ва чандин хориҷии дигарро низ рабудаанд. Бар пояи иттилои вазорати умури дохилии Яман одамрабоён Али Носир Солеҳ Ҳариқдони 45-сола, Муҳаммад Носир Солеҳ Ҳариқдони 30-сола ва Носир Носир Солеҳ Ҳариқдони 27-сола мебошанд.

АКСҲОИ БЕШТАРЕ АЗ ГУЛРУХСОР РОФИЕВА БА ЗУДӢ ДАР ҲАМИН ҶО НАШР ХОҲАНД ШУД

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд. Ӯ аз тариқи як ширкати Русия барори кор дар Яман истихдом шуда буд.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли паёми шахсӣ ба ҳамтои яманиаш рӯзи 14 ноябр хостори кӯмаку мусоидат дар раҳоии Гулрухсор Рофиева аз дасти рабояндагон шудааст.

Ба гуфтаи Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамчунин тариқи сафорати Руссия дар Тоҷикистон аз сафорати Руссия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Гулрухсор Рофиева дархости мусоидат кардааст.

Шарҳи паёми Аслов ба ҳамтои яманиаш барои раҳоии Гулрухсор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ҷой доштаанд. Дар соли 2011 як табиб аз Тоҷикистон - Ҳомид Овчибоев - низ дар Яман ба асорат афтида, 43 рӯзро дар дасти гаравгонгирон ба сар бурд. Гаравгонгирон ибтидо дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои ин қабила шудааст, 200 миллион доллар талаб доштанд, вале мақомот дар ниҳоят тавонистанд онҳоро ба ахзи маблағи хеле камтар моил кунанд. Овчибоев аз соли 2007 дар Яман ба ҳайси табиб кор мекунад.

Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Яман бурдаанд.

Яман як кишвари воқеъ дар нимқораи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.

Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, айни ҳол дар ин кишвар аз ҳисоби ходимони тиб дар маҷмӯъ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад.

ТАЗОҲУРОТ ДАР ЯМАН БАРОИ РАҲОИ ГУЛРУХСОР РОФИЕВА

XS
SM
MD
LG