Дар робита ба ҳалли қазияи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман мақомоти ин кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то дар гуфтушунидҳо бо намояндагони қабилае, ки ба ин амали манфур даст задааст, натиҷаи матлубро ноил гарданд.
Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Яман Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ дар номаи ҷавобии худ ба паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки дар он аз мақомоти салоҳиятдори Яман ва шахсан аз Вазири корҳои хориҷии ин кишвар андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳалли қазияи мазкур тақозо шуда буд, навиштааст.
Абдуллоҳ ас-Сойидӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Яман шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ рабуда нашудааст. Ҷониби Яман итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман дар номаи худ изҳори боварӣ намудааст, ки дар наздиктарин рӯзҳо хабари сиҳат ва саломат озод шудани Гулрухсорро ба ҷониби Тоҷикистон хоҳад расонид.
Сарчашмаҳои иттилооти расмии Яман дар қазияи мазкур номҳои се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриби Яман марбут медонанд. Ин ашхос қаблан ҳам дар қазияҳои одамрабоӣ ва талаби мол бар ивази он гунаҳкор дониста шудаанд.
Ин посух дар ҳоле омадааст, ки Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр бо ирсоли паёми шахсӣ ба ҳамтои яманиаш хостори кӯмаку мусоидат дар раҳоии Гулрухсор Рофиева аз дасти рабояндагон шудааст. Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикисто рӯзи ҷумъаи 14 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта паёми шахсии худро ба Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ, ҳамтои яманиаш дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман исрол кард.”
Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар ин паём Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ, вазири корҳои хориҷии Яман тақозо кардааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои раҳоии ҳарчӣ зудтари Гулрухсор Рофиева тадбирҳои муассир биандешанд.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки қазияи шаҳрванди ин кишвар Гулрухсор Рофиева, аз рӯзҳои аввали хабари рабуда шуданаш аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар минтақаи Маъриби Яман зери назари мақомоти Тоҷикистон, ба хусус вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳои ин кишвар дар Арабистони Саудӣ ва Қатар буд ва талош хоҳад шуд, то ҳар чӣ зудтар ин шаҳрванди Тоҷикистон озод шавад.
Ба гуфтаи Абулфайз Атоев, вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин тариқи сафорати Руссия дар Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Гулрухсор Рофиева дархости мусоидат кардааст.
Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд. Ӯ аз тариқи як ширкатиРусия барори кор дар Яман истихдом шуда буд.
Вазорати умури дохилаи Яман чанде пеш эълон кард, ки ин ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистонро аҳли қабилаи Оли Ҳариқдон Оли Мазъа Убайда аз ноҳияи Ал-Водӣ, ки дар гузашта низ ба роҳзанӣ машғул будаву чандин хориҷии дигарро низ рабудаанд, гаравгон гирифтаанд. Бар пояи иттилои вазорати умури дохилии Яман одамрабоён Али Носир Солеҳ Ҳариқдони 45-сола, Муҳаммад Носир Солеҳ Ҳариқдони 30-сола ва Носир Носир Солеҳ Ҳариқдони 27-сола мебошанд.
Аммо Манучеҳр Абдуев -- намояндагони як ширкати русии масъули истихдоми табибони тоҷик дар Яман,мегӯяд, бо гузашти инак қариб як моҳ дар ивази раҳоии Гулрухсор Рофиева ягон талабе аз сӯи гаравгонгирон ироа нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи раҳоии ҳамшираи тоҷик дар Яман маъракаи густардае сурат гирифт, ки дар гузашта собиқа надошт ва дар мавриди ҳеҷ яке дигар аз гаравгонҳои хориҷӣ чунин талоше аз сӯи ҳам мақомоту ҳам матбуот ва ҳам аҳли ҷомиаи ин кишвари арабӣ мушоҳида нашуда буд.
Бино ба ҳисобҳо, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба тақрибан 200 нафар мерасад. Гуфта мешавад, дар Яман барои табибон маоши нисбатан беҳтар – дар ҳудуди 1000 доллар – пешниҳод мекунанд, ки ин сабаби бо вуҷуди мушкилоти зиёди амниятӣ дар ин кишвари арабӣ боз ҳам азми кор дар инҷоро кардани табибони тоҷик мешавад.