Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2014: Гулрухсор Рофиева - асири яманӣ. ВИДЕО


Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

Ду моҳи охири соли 2014 ходими тиб аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева гаравгони рақами як дар кишвари арабии Яман буд. Вай ҳамоно бидуни кадом шарту шуруте дар асорат боқӣ мемонад.

Ду моҳи охири соли 2014 бисёр сокинони Тоҷикистонро сарнавишти ҳамшираи тиб Гулрухсор Рофиева, ки ба асорати як қабилаи яманӣ афтодааст, ба худ кашид. Ин ходими тибби бемористони низомии шаҳри Маъриби Яман субҳи 29 октябр дар роҳ ба кор аз ҷониби афроди номуайян рабуда шуд ва то ҳанӯз ҳеҷ хабаре дар бораи эҳтимоли озод шудани ӯ дар даст нест. Дар номааш ба унвонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамтои ямании ӯ Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ гуфтааст, кишвараш барои раҳоии Гулрухсор Рофиева ҳамаи имкониятҳоро ба кор мебарад. Вай навиштааст, ки мақомоти Яман аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то дар гуфтушунидҳо бо намояндагони қабилае, ки ба ин амали манфур даст задааст, натиҷаи матлуб ҳосил шавад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Яман шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ рабуда нашудааст. Ҷониби Яман итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд. Сарчашмаҳои иттилооти расмии Яман дар қазияи мазкур номи се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриби Яман мебаранд, ки қаблан ҳам дар қазияҳои одамрабоӣ ва талаби мол бар ивази он даст доштаанд.

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд. Ӯ аз тариқи як ширкати Русия барои кор дар Яман истихдом шуда буд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои озод шудани ходими тиб аз асорат, ҳукумати Яман натавонист дар амри озод кардани ин хонум муваффақ шавад. Ҳамчунин маълум нест, ки ҳадаф аз рабуда шудани ин ходими тиб чист ва чаро то ҳол ҳеҷ шарту шурути мушаххасе аз ҷониби рабояндагон пеш гузошта нашудааст.

Бино ба ҳисобҳо, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба тақрибан 200 нафар мерасад. Гуфта мешавад, дар Яман барои табибон маоши нисбатан беҳтар – дар ҳудуди 1000 доллар – пешниҳод мекунанд, ки ин сабаби бо вуҷуди мушкилоти зиёди амниятӣ дар ин кишвари арабӣ боз ҳам азми кор дар инҷоро кардани табибони тоҷик мешавад.

Дар як сӯҳбати видеоӣ аз Яман – Ҳайдар Аюбов, намояндаи ширкати тиббии русӣ изҳори умедворӣ кард, ки билохира Гулрухсор Рофиева сиҳату саломат озод ва ба назди хонаводааш бармегардад.

Ҳамкорони ямании Гулрухсор мунтазири раҳоии ӯ ҳастанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

XS
SM
MD
LG