Сандуқи байналмилалии пул (СБП - IMF), як ниҳоди байналмилалии молии марказаш дар Вошингтон, дар таҳрири нави гузориши “Дурнамои рушди иқтисодии минтақаҳо” пешбиниаш нисбат ба ояндаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро бозбинӣ карда, навиштааст, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 ҳамагӣ 3 дарсад ва дар соли 2016 4,1 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ин пешбинӣ беш аз ду маротиба камтар аз 6,7 дарсад мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2014 ва қариб дувуним маротиба камтар аз пешбинии худи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мизони рушди иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравиро дар соли ҷорӣ 7,2 дарсад баровард кардааст.
Нуктаи дигари нигаронкунанда дар ин гузориш мизони таваррум (инфлятсия)-и нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аст, ки СБП дар соли 2015 барои Тоҷикистон 12,8 дарсад пешбиниаш мекунад. Яъне тақрибан дар сатҳи 12,4 дарсад мизони таварруми соли 2011 ва ду маротиба болотар аз солҳои 2012-2014, ки ин нишондиҳандаи муҳими вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 5,8 – 6,1 дарсад нигоҳ дошта мешуд. Чунин сатҳи баланди таваррум ба маъноест, ки дар соли 2015 нархи маҳсулоти асосӣ, ба мисли орду нону равған, дар бозорҳои Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, пули миллии ин кишвар – сомонӣ боз ҳам беқурбтар хоҳад шуд ва ин ҳама ба ҷайби бе он ҳам касоди мардум зарба хоҳад зад.
Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин мизони баланди таваррумро дар соли ҷорӣ имконпазир хонд ва гуфт, азбаски аксари мардум дар дохил маошу нафақаи худро бо сомонӣ мегиранд ва давлат имкони иқтисодии боло бурдани маошу нафақаҳо бо дарназардошти коҳиши қурби пули миллиро надорад, таъсири таваррумро аксари аҳолӣ эҳсос хоҳад кард.
Ин иқтисодшинос меафзояд: “Вақте мизони таваррум 12 ё 13 дарсад мешавад, ин ба маъноест, ки нархҳо на камтар аз 20 дарсад боло хоҳанд рафт. Хоҳ-нохоҳ аксарият зарбаи таваррумро дар рӯзгори худ ҳисс хоҳанд кард, чунки як бахши асосии хароҷоти хонаводаҳо хариди ғизову либос барин маҳсулоти асосист. Дар чунин шароити уфти иқтисод мардум маҷбур мешавад худро бештар бо хариди танҳо хӯрока маҳдуд кунад ва то хубтар шудани вазъ харҷашон барои харидҳои дигар, аз ҷумла барои харидории либос ё барои истироҳатро маҳдуд ва ҳатто қатъ кунад. Таъсири дардоваре хоҳад дошт чунин мизони баланди таваррум ва аксарият онро эҳсос хоҳанд кард.”
Тоҷикистон бо тақрибан 8,4 миллион аҳолиаш фақиртарин кишвар дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор меравад ва аз нигоҳи зарфиятҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон дар мақоми 136-ум меояд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон солона чизе бештар аз 8 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба ҳар сари аҳолиаш 1041 доллар ташкил медиҳад. Бино ба омори расмӣ, 35 дарсадаш зери хатти фақр, яъне бо камтар аз 1 доллар даромад дар рӯз ба сар мебарад ва асароти уфти иқтисод ва афзоиши таваррумро маъмулан бештар аз ҳама ҳамин қишри осебпазир эҳсос мекунад.
Сандуқи пул мизони эҳтимолии рушди иқтисод дар Қазоқистонро дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 2 фоиз ва дар Қирғизистон боз ҳам камтар – 1,7 дарсад – пешбинӣ кардааст, вале мегӯяд, Узбакистон имсол ба 6,2 фоиз ва Туркманистон ба 9 дарсад пешрафти иқтисодҳояшон даст хоҳанд ёфт. Ин ниҳоди мӯътабари молӣ менависад, “фаъолиятҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар соли 2015 асосан ба далели уфти нархи маҳсулот ва мавҷи дувуми асароти кунд шудани рушди иқтисоди Русия боз ҳам кундтар хоҳанд шуд.”
Омили дигари таъсиргузор, бахусус ба кишварҳои фурӯшандаи нафт, уфти нархи ин навъи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонист. Ба ақидаи коршиносони СБП, ин кишварҳо ба коҳиши давомдори интиқоли пул аз муҳоҷиронашон ва ба ин далел ба коҳиши талабот дар бозори дохилӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд ва дар дурнамои кӯтоҳмуддат танҳо сабук кардани бори андоз метавонад ба ин кишварҳо дар амри муқобила бо ин мушкилоти иқтисодӣ кумак кунад.
Юҳа Каҳконен, муовини мудири департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии СБП дар Алма-Ато ба хабарнигорон гуфт, “асароти дутарафаи кунд шудани рушди иқтисоди Русия, як шарики тиҷории калидии кишварҳои минтақа ва нархи пасти нафт ба минтақа таъсири манфӣ мерасонанд. Қурби асъор, аз ҷумла тақвияти доллари Амрико ва заиф шудани рубл мушкилро печидатар мекунанд. Дар маҷмӯъ, дурнамо барои минтақа аз замони бӯҳрони молии ҷаҳонии солҳои 2008-2009 ба ин тараф ҳеҷ гоҳ чунин паст набуд.”
Гузориш мегӯяд, фишори таваррумро дар ҳамаи кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ уфти қурби пулҳои миллиашон бештар кардааст ва Туркманистону Озарбойҷон дар ибтидои соли 2015 маҷбур шуданд, ба далели коҳиши содирот ва интиқоли пул пули миллиашонро девалватсия кунанд. Аммо меафзоянд коршиносони СБП, “Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хотири ҳимояти захираҳои байналмилалӣ ва қурби пули миллиашон ба уфти қурби онҳо дар муқобили доллар иҷозат доданд.”
Танҳо дар як соли охир қурби сомонӣ дар муқобили доллар беш аз 30 дарсад коҳиш ёфта, ҳоло қурби расмиии як доллар 6 сомонию 29 дирам таъйин шудааст. Аммо дар ҳоле ки дар саррофиҳо қурби фурӯши долларро 6,52 сомонӣ менависанд, дар асл, ба гуфтаи корафтодаҳо, доллар дар “бозори сиёҳ” ба нархи на камтар аз 6 сомонию 75 дирам фурӯхта мешавад.