Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар посух ба саволи хабарнигорон, ки оё дар соли гузашта ягон мавриди сохтани сомониҳои қалбакӣ кашф шудааст, посухи рад дод. Вай ба боздошти чанд африқоитабор дар шимоли кишвар ишора кард, аммо таъкид намуд, ки онҳо на сомонӣ, балки долларҳои қалбакӣ нашр мекардаанд.
Хабарнигорон ба Ширинов намунаи 50-сомонии қалбакиро нишон доданд. Бо дидани ин пул вай гуфт: «Барои он ки қалбакӣ будани ин сомониро фаҳмед, мутахассис будан шарт нест. Инҷо бубинед ба ҷои галограммаи пули миллӣ, фолгаи оддӣ насб кардаанд. Мутахассисони мо то ба ҳол мавридҳои нашри сомониҳои қалбакии профессионалӣ ва наздик ба аслро мушоҳида накардаанд, ки зарурати тақвияти ҳимояи сомониро талаб кунад».
Ҷаноби Ширинов афзуд, ки Тоҷикистон имкони нашри пулро надорад ва аз ин рӯ сомонӣ аз оғоз то ба ҳол дар Олмон аз сӯи ширкати «Гизики девриет» нашр мешавад.
Ширинов бо такия ба омор гуфт, ки дар соли гузашта дар таърихи навини Тоҷикистон сатҳи тавварум ва ё беқурбшавии сомонӣ аз ҳама кам буд ва 3,7 дарсадро ташкил дод. Ба ақидаи ӯ, коҳиши нархи маводи ғизо сабаб шуд, ки таваррум дар сатҳи паст боқӣ монад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Бонки миллӣ афзуд, дар соли гузашта ин бонк 818 миллион сомонии изофиро вориди бозор кард ва ҳаҷми пули миллие, ки ҳоло дар гардиш аст, 4 миллиарду 485 миллион сомониро ташкил додааст. Вай ҳамчунин ба ҳаҷми захираи тило низ дахл карда гуфт, ҳоло бонк 13 тонна тилоро дар ихтиёр дорад, ки аз соли қаблӣ 1400 кило зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Ширинов ба қазияи пурсарусадои миллиардери эронитабор Бобаки Занҷонӣ дахл кард ва гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ӯ ва пулҳои вай ҳеҷ рабт надошт ва надорад: «Мо қаблан ҳам гуфта будем, ки Бонки миллӣ ба ин маблағҳо рабте надорад. Мо барои хотима гузошта ба ин овозаҳо мо гурӯҳи махсусро ба «Контбонк» фиристодем, то ки ҳаракати пулро дар суратҳисобҳои ин бонк дида барояд. Санҷиш муайян кард, ки дар он ҷо ягон чизе, ки вобаста ба Бонки миллӣ бошад, нест, чунки мо дар он ҷо ҳатто суратҳисоб надорем. Ман бо ҷаноби Гударзӣ, муовини раиси Бонки миллии Эрон ҳам вохӯрда, гуфта будам, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин масъала ягон пайванд надорад. Аммо намедонам, решаи ин суханҳо аз куҷост».
Ширинов афзуд, он ҳуҷҷате, ки Занҷонӣ ба Вазорати нафти Эрон пешниҳод кардааст ва он дар парлумони ин кишвар муаррифӣ шудааст, аз коғази одие беш нест ва як чизи сохтаву қалбакист. Ба гуфтаи Ширинов, дар ин ҳуҷҷат на муҳр ва на имзои ягон масъули Бонки миллии Тоҷикистон нест ва он як маълумотномаи қалбакиест, ки аз системаи мавсум ба SWIFT (Робитаҳои ҷаҳонии молиявии байнибонкӣ) гирифта шудааст.
Бобаки Занҷонӣ ки бо 15 миллиард доллар дороӣ аз сарватмандтарин мардони Эрон ном бурда мешуд, рӯзи 30 декабр бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ боздошт ва ба гуфтаи мақомот, ба зиндони Эвини Теҳрон андохта шуд. Дар Эрон ӯро аз ҷумла ба тақаллуби санади молие аз номи Бонки миллии Тоҷикистон айбдор мекунанд, ки гӯё пардохти 2 миллиарду 460 миллион евроро ба ширкати миллии нафти Эрон тасдиқ мекунад.
Бобаки Занҷонӣ дар солҳои охир яке аз сармоягузорони умдаи хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар моҳи марти соли 2013 дар расми гушоиши терминали нави автобусҳои Душанбе, ки ширкати «Asian Express»-и ӯ таъмини молӣ карда буд, дар канори Занҷонӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт. Ин ширкат бо ворид кардани 40 автобус ва беш аз 200 таксӣ талош дошт, то нақши пештоз дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст биорад ва аз парлумони Тоҷикистон дар роҳи воридоти васоили нақлия ва таҷҳизоти дигар имтиёзҳои фаровонеро ҳам соҳиб шудааст.
Дар Тоҷикистон бонке бо номи Конт низ фаъолият мекунад, ки яке аз асосгузоронаш Занҷонӣ буд. Аммо баъди таҳти таҳримҳои Вазорати молияи Амрико қарор гирифтани ширкатҳои Занҷонӣ дар баҳори соли 2013 Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки бар асоси ин таҳримот фаъолиятҳои Контбонкро маҳдуд кардааст.