Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл сеяки даромади муҳоҷирони тоҷикро "хӯрд"


Бино ба пешгӯиҳо, ҳаҷми пуле ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан мефиристанд, имсол метавонад дастикам 30 дарсад коҳиш ёбад? Аз ҷумла ба далели таваррум ва девалтватсияи башиддати қурби рубли русӣ.

Дар пасманзари уфти башиддати қурби рубли русӣ, ҳаҷми пуле ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан мефиристанд, метавонад дастикам 30 дарсад коҳиш ёбад. Дар ҳар сурат гумон аст, ки имсол муҳоҷирони тоҷик битавонанд қуллаи рекордии соли 2013-ро, ки аз Русия ба Тоҷикистон 4,2 миллиард доллар пул рафта буд, фатҳ бикунанд.

Чунин аст як пешбинии асосии донишмандони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки мегӯянд, таҳримоти Ғарб алайҳи Русия бо чунин як сурате ба Тоҷикистон ҳам зарба мезанад. Омилҳое, чун лапишҳои бозори кор, афзоиши пешниҳод дар муқобили талабот дар ин бозор ва ҳамчунин таваррум ва беқурб шудани рубл дар натиҷаи бӯҳрони Украина, ба назари коршиносон, боис шуда, ки раҳоварди муҳоҷирони тоҷик ва нафақат тоҷик аз сафари Русия имсол башиддат коҳиш биёбад.

Раҳмон Улмасов, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба “Российская газета” – нашрияи ҳукумати Русия – гуфтааст, соли гузашта ба Тоҷикистон аз Русия 4,2 миллиард доллар омад, ки ба ҳисоби миёна, ба ҳар сари аҳолӣ, 417 долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, пули фиристодаи муҳоҷирони узбак ба ҳар сари аҳолии Узбакистон ҳамагӣ 158 доллар будааст.

Аз тарафи дигар, пуле ки мардикорони тоҷик мефиристанд, баробари беш аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон – фақиртарин кишвари пасошӯравист ва Тоҷикистон аз ин нигоҳ, яъне муқоисаи пули муҳоҷиронаш бо ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар 3 сол боз дар Шӯравии собиқ ҷои аввалро мегирад.

“Российская газета” аммо менависад, ки муҳоҷирони тоҷик танҳо аз 20 то 50 фоизи даромади худро аз Русия ба Ватан мефиристанд. Боқӣ даромади ин мардум, бино ба натоиҷи пажӯҳишҳо, барои таҳияи аснод, хӯрду хӯрок, ҷои хоб ва барои “хӯрондан”-и мақомоти сершумори назоратии Русия, ки ҳар кадом аз мардуми муҳоҷир “ҳаққ”-и худро тамаъ дорад, сарф мешавад.

Гуфта мешавад, 11 дарсади хонаводаҳои муҳоҷирон солона аз бачаҳои мардикори худ на камтар аз 2000 доллар дарёфт мекунанд. 26 дарсади хонаводаҳои тоҷик дар сол аз Русия то 2000, 25 дарсад то 1000 ва 22 дарсади дигар ҳамагӣ 500 доллар кӯмак мегирифтаанд. 7 дарсад гуфтаанд, ки аз азизони худ дар ғурбат солона ҳамагӣ то 200 доллар мегиранд, 5 дарсад ҳаҷми кумакҳои бачаҳои муҳоҷирашонро то 100 доллар дар сол баршумурда, 3 дарсад гуфтаанд, ки аз мардикорони худ заррае кӯмак нагирифтаанд.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 800 000 то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз нисфи интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон ва сеяки дигараш ба Молдова сурат мегирад.

Дар семоҳаи аввали соли 2014 ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ҳамагӣ 5,7 дарсад коҳиш ёфта буд, вале зоҳиран уфти башиддати қурби рубли русӣ, ки танҳо дар як ҳафтаи охир 20 дарсад ва дар ним соли охир тақрибан 60 дарсади қурбашро аз даст дод ва ҳоло қурби як доллар ба 49 рубл ва як евро ба 59 рубл наздик мешавад. Ин дар ҳолест ки то эълони таҳримоти зидди Русия қурби як доллар дар давру бари 30 рубл ва як евро тақрибан 38 рубл буд.

Аз тарафи дигар, дар Душанбе пинҳон намекунанд, ки мехоҳанд маҳсулоти, барои мисол, риштаи кишоварзии Тоҷикистон ҷойгузини молҳои ғарбӣ, аз ҷумла меваву сабзавоти аврупоие шавад, ки Маскав дар посух ба таҳримоти Ғарб воридоташро манъ кардааст.

Ва ҳамин тавр, Мирсаид Саидов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Маскав чунин вазъро барои тоҷирони тоҷике, ки аз Тоҷикистон ба Русия молу коло мебаранд, сӯдманд медонад ва мегӯяд, уфти қурби рубл метавонад заминаи афзоиши додугирифти молу коло бо Русия шавад.

Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, чунин ҳисоб як навъ ҳисоб ба кӯтоҳмуддат аст, чунки корхонаҳои Русия хеле зуд бо дарназардошти қурби уфтодаи рубл қимати маҳсулоташонро бозбинӣ хоҳанд кард. Ва ҳам дар ҳоле ки уфти қурби рубл ба фоидаи чанд тоҷир аст, зарба ба ҷайби садҳо ҳазор мардикоре мезанад, ки дастмузди худро маъмулан ба Тоҷикистон бо рубли русӣ ё бо доллар мефиристанд. Пуле ки онҳо ҷамъ овардаанд, рӯз то рӯз қурби худро гум мекунад ва ҳоло ин мардум сардаргум аст, ки худро аз ин чоҳи беқурбшавии рубл чигуна халос кунад?

Абдураҳим, як муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург, ки ба фурӯши мева машғул аст, ба Озодӣ гуфт, аксари шарикони ӯ ба ҷои пул мошинҳои боркаш, аз ҷумла КАМАЗ, харидаанд, ки “пулашон насӯзад.”

Аммо ӯ мегӯяд, соли 1998, вақте рубли русӣ дучори айни чунин беқурбшавӣ шуд, муҳоҷирони тоҷик ҳамин гуна села-села мошин харида, ба Тоҷикистон фиристода буданд. Дар натиҷа нархи мошин дар Тоҷикистон чунон поён рафт, ки бисёриҳо ҳатто нисфи пули худро баровада натавонистанд.

“Ҳамон вазъияти соли 1998 такрор шуда истодааст,” – гуфт ин мусоҳиби мо, ки мегӯяд, 700 000 рубли ҷамъкардаи ӯ ду моҳ пеш қариб 20 000 доллар мешуд ва ҳоло, бо вуҷуди ду моҳи “ҷонканӣ”-ҳояш баробари 14 000 шудааст.

XS
SM
MD
LG