Зиёни ронандаҳои тоҷик аз ҷанҷоли Қирғизистону Қазоқистон

Дар миёни садҳо мошини дармонда дар як гузаргоҳи марзии Қирғизистону Қазоқистон се мошини боркаши шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар ҳолати номуайянӣ қарор доранд. Онҳо мегӯянд, ду рӯз аст, ки дар марз дармондаанд ва наметавонанд бо бори худ ба хоки Қазоқистон ворид шаванд.

“Ду рӯз боз банд мондем”

Вуруди сокинон ва мошинҳои боркашу мусофиркашон аз Қирғизистон ба Қазоқистон аз рӯзи 10-уми октябр маҳдуд шуд ва ба иттилои мақомоти ду кишвар, 600 мошини боркаш дар марз дармондаанд. Рӯзи 17-уми октябр на беш аз 20 мошин ҳаққи вуруд ба хоки Қазоқистонро дарёфт карданд.

Марзи Қирғизистону Қазоқистон

Додохон Сангинов, як ронандаи тоҷик, ки рӯзи 18-уми октябр бо Радиои Озодӣ аз гузаргори Ак-Тилек дар ҳудуди Қирғизистон суҳбат мекард, гуфт, ду рӯз боз барои убури марзи Қирғизистон бо Қазоқистон навбат мепоянд. Ин ронанда гуфт, дар дохили мошинаш меваи хушк дорад ва он моли як соҳибкори тоҷик дар Алмаато аст. Ӯ гуфт, “дар назди КПП-и Ак-Тилек ду рӯз боз истодаем. Мо аз Тоҷикистон як қисми борро ба Бишкек овардем ва аз инҷо бояд ба Алмаато расонем. Пеш ин хел навбатпоӣ набуд, вале ҳоло интиқоли бор ва гузаштан ба он сӯи марз мушкил шуд.”

Аз эҳтимоли вайрон шудани маҳсулот нигаронанд

Сангинов гуфт, ӯ аз Тоҷикистон меваи хушк мекашонад ва барои вайрон шудани бораш нигарон нест. Аммо гуфт, чанде аз ҳамроҳонаш, ки ронандаи мошинҳои боркашони Қирғизистон ҳастанд, вале аз Тоҷикистон ангурро ба Қазоқистон мебаранд, дар инҷо дармондаанд ва аз вайрон шудани маҳсулоти дохили мошинашон сахт нигарон ҳастанд.

Ин ронандаи тоҷик гуфт, марзи Қирғизистону Қазоқистон барои ширкатҳои боркашони тоҷик ниҳоят муҳим аст, чун роҳи асосии заминии интиқоли молу маҳсулот ба Қазоқистон ва Русия маҳсуб мешавад. Ак-Терек яке аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистон аст ва вазъ дар гузаргоҳҳои дигар, ки ҳамчунин макони убури шаҳрвандон ва борҳои Тоҷикистон аст, барои ӯ маълум нест.

Ронандагон мегӯянд, аксарияти меваи хушку тари содиротии Тоҷикистон маҳз тариқи Қирғизистон ба Қазоқистон ва Русия мерасад ва сар задани мушкил дар убури марзи Қазоқистон кори онҳоро ба бунбаст дучор карда, боис ба зиёни калони молӣ мешавад.

“Як рӯзи истодан аз 500 то 1000 сомонӣ зиён дорад”

“Як рӯз навбатпоии мо барои соҳибони бор ба камияш аз 500 то 1000 сомонӣ зарар мерасонад”, - мегӯяд Сангинов.

Зимнан, тариқи қаламрави Қирғизистон на танҳо ширкатҳои боркашон, инчунин, ширкатҳои мусофиркашонии Тоҷикистон ҳам фаъоланд. Мансур Одиев, як масъули ширкате, ки муҳоҷиронро ба самти Хуҷанд-Тюмен ва баръакс интиқол медиҳад, рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло рейсе, ки мо ду рӯз пеш равон кардем, се-чаҳор соат дар марз навбат поида, баъд вориди Қазоқистон шуд. Вале агар дар марз мушкил аз ин ҳам бадтар шавад, кори мо ҳам сахт мешавад.”

Убури мурури марзи Қазоқистон барои сокинон ҳам мушкил шудааст

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, онҳо мусофиронро дар ин самт бо мусофирбарҳои муҷаҳҳаз ва дорои шароити хуб бурда меоранд ва қимати чиптаи як тараф 4 ҳазор рубли русӣ аст.

Чун нархи билети автобус то Русия аз қатор ва ҳавопаймо ба маротиб арзон аст, қисмате аз муҳоҷирон ҳангоми сафар ба Русия ва ё дар бозгашт аз ин кишвар тарҷеҳ медиҳанд бо автобус ҳаракат кунанд.

Мушкили мусофирбарҳои муҳоҷирон

Масъулони ширкатҳои мусофиркашон мегӯянд, агар дар марзи кишварҳо сарҳадбонон зиёд вақтро нагиранд, мусофирон дар се рӯз ба макони зарурӣ рафта мерасанд. Убуру мурур дар марзи Қазоқистону Қирғизистон пас аз як суханронии тунди раиси ҷумҳур Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мушкил шуд.

Отамбоев дар як суханрониаш рӯзи 7-уми октябр, як ҳафта пеш аз интихоботи президентӣ Қазоқистонро ба пуштибонӣ аз номзад Омурбек Бабанов ва мудохила ба интихоботи Қирғизистон муттаҳам кард ва дар ҳаққи Нурсултон Назарбоев ҳам ҳарфҳое зад, ки зоҳиран президентро нороҳат кард. Отамбоев Назарбоевро як раҳбари солхӯрда номид ва гуфт, пиртарин номзади интихоботи Қирғизистон аз ӯ 20 сол ҷавонтар аст.

Нурсултон Назарбоев

Зимнан, Омурбек Бабанов, ки дар мулоқоти 19-уми сентябр бо Назарбоев иштирок кард ва боис ба нороҳатии Отамбоев шуд, дар интихобот мағлуб шуд ва номзади мавриди назари Отамбоев – нахуствазири собиқ Сооронбой Ҷеенбеков баранда эълон шуд. Вале Қазоқистон, ки дар пай маҳдудияти убуру мурури марзро ҷорӣ кард, расман гуфтааст, ин тадбирҳо бо андешаҳои тозагиву санитарӣ гирифта шуда, ҳеҷ рабте ба моҷарои охир надорад. Вале, дар ҳар сурат, вазъ дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон аз 10 октябр ба ин сӯ номуътадил шудааст. Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон, соати 18-00-и он рӯз ҷониби Қазоқистон ба тафтиши ҷиддии воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон шуруъ кард. Дар натиҷа, танҳо дар назди гурузургоҳи Ак-Тилек навбати мошинҳои боркашон ба 600 адад расидааст.

Қирғизистон рӯзи 18-уми октбяр нисбат ба ин амалкарди Қазоқистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Иттиҳоди гумрукӣ шикоят бурд. Барои баррасии вазъи марз нахуствазири Қирғизистон дар Остона қарор дорад.