Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон воридоти маҳсулоти ширӣ аз Қирғизистонро маҳдуд кард


Қазоқистон нисбати панҷ ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширии Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ карда гуфт, ки ин ширкатҳо талаботро вайрон кардаанд. Дар ин бора вазорати кишоварзии Қазоқистон рӯзи 16 октябр изҳороте пахш кард.

Ин маҳдудият дар доираи "шиддат гирифтани назорат дар марзи Қазоқистону Қирғизистон" сар аз 10 октябр ҷорӣ шудааст.

Вазорати кишоварии Қазоқистон ҳамчунин хабар медиҳад, ки нисбати маҳсулоти мушаххаси ду корхонаи қирғизӣ "назорати қатъии озмоишгоҳӣ" идома дорад. "Аз замони ҷорӣ шудани назорати қатъии бойторӣ нисбати маҳсулоти қирғизӣ, коҳиши воридот ва интиқоли он мушоҳида мешавад", - хабар медиҳад вазорати кишоварзии Қазоқистон.

Ба гуфтаи ин ниҳод, аз замони шуруъ шудани назорати қатъии фитосанитарӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ 117 мошини борбар ва дар маҷмуъ 821,4 тон маҳсулот тафтиш ва аз ин шумор бештар аз 105 тон баргардонида шудааст.

Вазъ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон баъди ҳамлаи лафзии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳукуматдорони Қазоқистон дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бад шуд. Қирғизистон Қазоқистонро дар мудохила ба ҷараёни интихобот айбдор кард.

XS
SM
MD
LG