Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: дар сурати ҳал нашудани мушкили марз, ҷаласаи АвруОсиёро даъват мекунад


Президенти Қирғизистон гуфт, агар мушкили марзи Қирғизистону Қазоқистон ҳал нашавад, вай ҳақ дорад, ҷаласаи ғайринавбатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро даъват кунад. Дар ин бора Отамбоев ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии 15 октябр изҳорот дод.

Вай афзуд, ҷониби Қазоқистон дар робита ба интихоботи президентии Қирғизистон дар марз чораҳои иловагӣ андешид.

"Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин тасмимашон ба интихоботи Қирғизистон рабт дорад. Эҳтимол чунин бошад, имрӯз интихобот ба охир мерасад. Ва агар дар даври аввал пирӯз муайян шавад, вале марз боз нагардад, ман ҳамчун президенти Қирғизистон... Ҳақ дорам, ки ҷаласаи ғайринавбатии ИИАО-ро даъват кунам. Агар баъди интихобот низ вазъ тағйир наёбад, он замон суол пайдо мешавад - оё ИИАО вуҷуд дорад ё на", - гуфт Отамбоев.

Вазъ дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон 10 октябр номуътадил шуд. Бино бар иттилои мақомоти Қирғизистон, соати 18-00 он рӯз ҷониби Қазоқистон ба тафтиши ҷиддии воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон шуруъ кард. Дар натиҷа дар гузаргоҳҳои марзӣ навбатпоии тӯлонӣ ташкил шуд.

XS
SM
MD
LG