Роҳи Муҳаммад то ДИИШ. Русия – Эрон –  Афғонистон. АКСУ САДО

Ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз пайвастани як ҷавони тоҷик ба шохаи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар Афғонистон, маъруф ба "Хуросони Бузург" хабар доданд. Онҳо гуфтанд, Муҳаммад Хоҷаев – сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ – моҳи декабри соли гузашта аз Русия ба Зоҳидони Эрон ва сипас ба Афғонистон гузаштааст. Коршиносон мегӯянд, зоҳиран бо шиддат гирифтани амалиёти зидди ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия самти "ҷиҳодиён" ба Афғонистон тағйир кардааст.

Наздикони ин сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба ҳудуди Афғонистон гузаштани ӯро тасдиқ карда, аммо падараш ба далели фишорбаландии аз ҳад зиёд натавонист, дар ин бора сӯҳбат кунад.

«Парванда боз шудааст»

Як ҳамсӯҳбати мо дар Додситонии кулл рӯзи 23 феврал гуфт, ки дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. «Феълан чизе, ки барои мо маълум аст, ӯ дар ҳудуди Афғонистон қарор дорад», - гуфт манбаъ. Дар ҳамин ҳол, афроди дигари огоҳ гуфтанд, ки Муҳаммад Хоҷаев гӯё ҳамроҳи худ як кӯдаки чаҳорсолаашро низ ба Афғонистон бурдааст.

Наздикони ин сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба ҳудуди Афғонистон гузаштани ӯро тасдиқ карда, аммо падараш ба далели фишорбаландии аз ҳад зиёд натавонист, дар ин бора сӯҳбат кунад. Модараш низ таҳти муроқибати пизишкон будааст.

Бо ҳамсари рус – ба Зоҳидон

Танҳо яке аз хешовандонаш гуфт, ки Муҳаммад Хоҷаев дар Русия кор мекард ва як соли охир «тағйир ёфта», бештар дунболи навору сӯҳбати рӯҳониён дар интернет мегашт. Вай гуфт, Муҳаммад Хоҷаев зани тоҷик ва рус дошта, пеш аз сафар ба Зоҳидон ҳамсари тоҷики худро ҳамроҳи 3 фарзанд ба Мастчоҳ фиристодааст. «Вай ҳамроҳи худ Наталя Кузнетсова, ҳамсари русашро бо кӯдаки чаҳорсола ба Зоҳидон бурда, бо сабабҳои номаълум ҳамсарашро дар онҷо гузошт ва худ бо кӯдак ба Афғонистон рафт. Баъдан Кузнетсова ба Русия баргашт», - гуфт ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷике занҳояшро канор гузошта бо писари хурдаш ба ДОИШ пайвастааст

Талоши мо барои пайдо кардани Наталя Кузнетсова, ҳамсари руси Муҳаммад Хоҷаев, бенатиҷа анҷомид. Шумораҳои телефоне, ки наздикони Муҳаммад Хоҷаев дар ихтиёр доранд, аслан кор намекунанд.

«Миёнарав»-и муваффақ чӣ гуна «ҷиҳодӣ» шуд?

Муҳаммад Хоҷаев, ки Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст, дар Русия машғули кору зиндагӣ буд. Ҳамкорони собиқаш гуфтанд, ки ӯро бештар бо номи «миёнарав» мешинохтаанд, чун ҳамеша барои муҳоҷирони тоҷик кор пайдо мекард. Ҳамкорони собиқаш гуфтанд, ӯ дар Русия муваффақ шуда буд, ки барояш зиндагии хубу шоистаеро таҳия карда, ҳатто дар шаҳри Новосибирск соҳиби манзил гардад.

Сокинони рустои ба номи Фирдавсии ноҳияи Мастчоҳ, зодгоҳи Муҳаммад Хоҷаев, аз хабари пайвастани ӯ ба шохаи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар Афғонистон шигифтзада шудаанд. Онҳо гуфтанд, падари Муҳаммад солҳои дароз дар мактаб кор карда, худи ӯ аз ҷумлаи аълохонҳо буд ва ҳеҷ гумон намекарданд, ки ӯ рӯзе барои ҷанг ба кишвари бегона меравад.

«Ҳамлагари дастаи футбол дар мактаб буд»

Мақсуд Мӯсоев, мудири мактаби рақами 11-и ноҳия ва аз ҳамкорони падари Муҳаммад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар давраи таҳсил писари бад набуд, варзишгар буд. Ҳамлагари дастаи футболи мактаб буд. Бо тақозои ҳаёт ба Русия муҳоҷират кард ва ба фикрам ӯро дар онҷо ягон кас гумроҳ намуд".

Дар гузашта мақомоти Афғонистон аз ҳузури бархе ҷангҷӯёни тоҷику узбак дар ин кишвар хабар дода буданд. Коршиносон мегӯянд, зоҳиран бо шиддат ёфтани амалиёти зидди ҷангҷӯён дар Ироқу Сурия, «ҷиҳодиҳои тоҷик» самти ҳаракати худро тағйир дода, Афғонистонро паноҳгоҳ интихоб мекунанд.

Хатари ДИИШ ба Осиёи Марказӣ – аз ду самт

Фаридун Ҳодизода – коршиноси тоҷик – гуфт, "устувор набудани марзи Эрон бо Афғонистон сабаб шудааст, ки ҷавонон аз тариқи Зоҳидон ба Афғонистон гузаранд". Ҳодизода гуфт, дар сурати афзоиши ҷангҷӯёни

Фаридун Ҳодизода.

Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ин таҳдиди бузург ба минтақа хоҳад буд. «Хатари гурӯҳи ДИИШ зиёдтар мешавад, чунки дар Афғонистон аллакай Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва “Ансоруллоҳ” ба ин гурӯҳ пайвастанд. Ин хатари бузурге аст. Ба наздикӣ Замир Кобулов, фиристодаи Владимир Путин гуфт, ки дар Афғонистон ду маркази омӯзиши ҳарбӣ вуҷуд дорад, ки ҷавонони Осиёи Миёнаро тамрин медиҳад. Якеаш дар шимолу шарқи Афғонистон ва дигарӣ дар шимолу ғарби Афғонистон. Яъне мо ҳадс зада метавонем, ки гуруҳи тундрави ДИИШ метавонад, аз ду самт – Бадахшон ва Туркманистон – ба Осиёи Миёна зарба занад".

«Хуросони Бузург» аз куҷо пайдо шуд?

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” соли 2015 дар қисмати шимолии Афғонистон пайдо шуда, ин қисматро «Хуросони Бузург» номида буд. Ин “вилоят” дар харитаи “Давлати исломӣ” Афғонистону Покистон ва қисмате аз кишварҳои дигари ҳамсоя, бо шумули Тоҷикистон ва шарқи Эронро дар бар мегирад. Соли 2016 Ҳафиз Саидхон, раҳбари шӯъбаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистону Покистон дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар марзи ду кишвар кушта шуда буд.

Ин гуруҳ дар чандин минтақаҳои Афғонистон аз ҷумла дар шаҳри Кобул ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом додааст. Шумори дақиқи аъзои шохаи ДИИШ дар Афғонистон мушаххас нест, аммо моҳи августи соли гузашта муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки шумори ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба 6000 нафар расидааст.