- Чанд ҷавон аз Русия рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ занг зада ва гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Исфафра волидони онҳоро бо худ бурда ва шарт гузоштаанд, ки танҳо баъди бозгашти фарзандонашон аз муҳоҷират раҳо хоҳанд шуд.
Падарам гуфт, ки қариб 27 нафаранд ва онҳоро дар ду утоқ ҷой кардаанд. Аввал пурсидаанд, ки фарзандонатонро аз Русия бармегардонед? Агар ҳа, имзо гузоред. Дар ҳолати барнагардонидани фарзандонатон дар ҳаминҷо мемонед.
Мақомоти шаҳри Исфара то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд, аммо масъулони маҳаллаҳо мегӯянд, мақомот касеро маҷбур ё дастгиру маҳкам накардаанд. Ба гуфтаи онҳо, танҳо ба волидон мефаҳмонанд, ки фарзандонашон бояд бар асоси қонун ба артиш бираванд ва қарзи худро адо кунанд.
Як сокини ҷамоати Чоркӯҳ, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падарашро шоми 16-уми апрел мақомоти интизомии Исфара бо худ бурданд ва бо гузашти 17 соат ҷавоб надодаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бародараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва мақомот аз падараш талаб доранд, ки фарзандаш аз онҷо баргашта ва ба артиш биравад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мавсими даъват ба артиш бо гиряи модарон оғоз ёфт. ВИДЕОӮ афзуд: "Падарам гуфт, ки қариб 27 нафарем ва моро дар ду утоқ ҷой кардаанд. Аввал пурсидаанд, ки фарзандонатонро аз Русия бармегардонед? Агар ҳа, имзо гузоред. Дар ҳолати барнагардонидани фарзандонатон дар ҳаминҷо мемонед. Падарам гуфтааст, ки ду моҳ пеш 50 ҳазор рубл харҷ карда, ӯро барои кор фиристодам, шароит надорам, ки ӯро баргардонам.”
Ҳамсуҳбати мо гуфт, аз тарси онки мумкин аст, баъди шикояти ӯ матбуот фишор ба онҳо зиёд мешавад, намехоҳад, номашро зикр кунанд.
Шикоят аз чанд ҷой
Айни шикоятро сокинони ҷамоати Ворухи Исфара низ ба Радиои Озодӣ расонданд. Як сокини ҷамоати Ворух рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта аст, ки мақомот ба хешовандонаш фишор меоранд, то ду ҷавони муҳоҷири хонаводаро аз Русия баргардонда, ба артиш фиристанд.
Ба иддаои ин сокини Ворух, амакаш аз рӯзи 10-уми апрел дар идораи пулис нигоҳдорӣ мешавад. “Ду писари амакам синни даъватӣ ҳастанд ва ҳоло дар муҳоҷират мебошанд. Як ҳафта аст, ки ҷавобашон намедиҳанд. Фарзандаш маҷбур шуд, билет гирифта пагоҳ ба Тоҷикистон равад, то амакамро ҷавоб диҳанд”, - гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Писарамро "облава" карданд". ВИДЕОРаисони маҳалла дар ҳарду ҷамоати Исфара тасдиқ мекунанд, ки ҷавононро аз муҳоҷират баргардонда, ба артиш фиристоданд. Вале ба гуфтаи раисони маҳаллаҳо ин кор маҷбурӣ нест.
Орифбой Олимов, раиси маҳаллаи “Таги Сада”-и ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо мардум вохӯрӣ мегузаронанд ва ҷавонон аз муҳоҷират баргашта, ба хидмат мераванд. Баргаштани ин ҷавонон ба гуфтаи Олимов, ихтиёрӣ ва аз "ҳисси ватандӯстӣ" аст ва мақомоти қудратӣ касеро маҷбур накардаанд. Раиси маҳаллаи “Таги Сада” мегӯяд, танҳо шаби гузашта ду нафар аз муҳоҷират омада, ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
"Парвоз карда омада, ба хизмат рафта истодаанд"
“Маъракаи даъват хуб ҷараён дорад. Ҳар рӯз бо мардум вохӯрӣ мекунем. Бачаҳое, ки дар инҷо нестанд, парвоз карда омада, ба хизмат рафта истодаанд. Ин нафарон хизмат мекунам гуфта ба ватан баргаштаанд”, - афзуд Орифбой Олимов.
Ба гуфтаи Олимов, аз ҷамоати Чоркӯҳ бояд 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ равад ва то имрӯз 29 нафар рафтааст.
Маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, ки ҳамасола ду маротиба - баҳору тирамоҳ - сурат мегирад ва аввали моҳи апрел шуруъ шуд. Ҳар дафъа бо оғози мавсим "ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ё худ “облава” садо медиҳад.
Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат дилсард мекунад.
Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз ҳуқуқи сарбозон ҳимоя мекунад, гуфт, аз шаҳри Исфара ба ташкилоти онҳо занг зада, барои ин кор маслиҳати ҳуқуқӣ пурсидаанд. Самадова гуфт, онҳо ба ин гуруҳи сокинон тамос бо додситониро тавсия доданд.
Дилрабо Самадова мегӯяд, чунин амал ғайриқонунӣ аст, чун даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд танҳо аз роҳи қонунӣ сурат бигирад. “Фишору зӯрӣ ҳамавақт ғайриқонунӣ аст. Волидайн барои ҳаракатҳо ва қонунвайронкуниҳои фарзандони болиғашон ҷавобгар нестанд. Даъват ба артиш бояд танҳо бо даъватнома сурат гирад. Роҳи қонуниаш фақат ҳамин аст. Зӯрию фиребу ваъдаҳои дурӯғ ғайриқонунӣ мебошанд”.