Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими даъват ба артиш бо гиряи модарон оғоз ёфт. ВИДЕО


Якуми апрел дар Тоҷикистон даъвати наваскарон ба артиш бо "нонгазон" шурӯъ шуд. Даҳҳо ҷавон дар Душанбе ва манотиқи дигар дар рӯзи нахусти даъват тайи маросимҳое бо волидон хайрухуш кардаву ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.

Як сабаби парҳези ҷавонон аз хидматро бадрафторӣ дар воҳидҳои низомӣ меноманд, ҳарчанд вазорати дифоъ мегӯяд, ки ин зуҳурот дигар вуҷуд надорад.

Масъулони пойтахт гуфтанд, ки аксар ин ҷавонон довталабона ба коммисариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда буданд. Мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба артиш, курсҳои ройгони ронандагӣ ташкил кардаанд.

Исмоил як ҷавони 20-сола ҳам баъд аз 3 моҳи таҳсил дар курсҳои ронандагӣ дар ҳамин рӯз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд. Исмоил Дамадов гуфт, "ба хоҳиши худам хизмат рафта истодаам".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мавсими даъват ба артиш бо гиряи модарон оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Даъвати аскарӣ ҳамасола дар Тоҷикистон бо мушкил дучор мешавад, зеро дар манотиқи Тоҷикистон бархе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд. Баъзеҳо бо хатми мактаб ва пеш аз расидани мавсими тирамоҳиву баҳорӣ, барои кор ба Русия мераванд, қисмати дигар, ки ба донишгоҳ ворид шудаанд, истисно ҳастанд ва ҳақ доранд, то анҷоми таҳсил ба артиш нараванд.

Бахтиёр Исмоилов, ки дар курси дувуми донишгоҳ мехонад гуфт, зиёд мехост аввал ба артиш равад, вале падару модараш хостанд, ки донишҷӯ шавад. "Барои он, ки донишҷӯ шудан ба ҳар кас муяссар намешавад",- афзуд вай.

Як сабаби парҳези ҷавонон аз хидматро бадрафторӣ дар воҳидҳои низомӣ меноманд, ҳарчанд вазорати дифоъ мегӯяд, ки ин зуҳурот дигар вуҷуд надорад. Ҳамасола бо шурӯи мавсими даъват ба артиш мавридҳои ҷалби иҷборӣ ё "облава" расонаӣ мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам мегӯянд, бо вуҷуди он, ки солҳои охир вазъи хизматчиёни ҳарбӣ, хусусан аскарон беҳтар шудааст, вале ин соҳа ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад.

Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқ.
Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқ.

Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи сарбозон рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз солҳоии пеш мақомот ба шикоятҳои онҳо то андозае гӯш медиҳанд. Ин ҳуқуқшинос, ки таҷрибаи зиёди ҳимояи ҳуқуқи сарбозонро дорад, чанд пешниҳод мекунад:

"Хурду хӯрокашон, ҷои истиқоматашон андак нағз шудааст. Лекин байни аскарон муносибатҳои ғайриоиномавӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки барои пурра аз байн рафтан як реформа гузарондан лозим аст. Мӯҳлати хизматро камтар кардан лозим мебошад. Наваскарону кӯҳнааскаронро дар як казарма ҷой кардан лозим нест, онҳоро ҷудо бояд кард. Чунки сарбозоне, ки аз 1 сол, 1,5 сол зиёд хизмат кардаанд, онҳо муносибатҳои ғайриоиномавӣ мекунанд",-афзуд Дилрабо Самадова

Дар як сол ду маротиба баҳориву тирамоҳӣ бо фармони раиси ҷумҳур ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб карда мешаванд. Фармони имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои даъвати баҳорӣ 11-уми март содир шуда буд.

XS
SM
MD
LG