Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ “облава”-ро таҷруба кард


Муллораҷаб Юсуфӣ
Муллораҷаб Юсуфӣ

Рӯзи 5-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ иҷборӣ ба идораи комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуд. Ин нафарон худро кормандони Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карданд, вале дар тан либоси мулкӣ доштанд. Юсуфӣ мегӯяд, рафтори онҳо бисёр дағалона буд ва ба далелҳои хабарнигор, ки ӯ билети ҳарбӣ дорад, гӯш намедоданд.

Яке аз кормандони низомипӯш ба дигараш гуфт, “баред, протокол кунед ва 15 шабонарӯз маҳкам мекунем"

Ҳодиса дар назди “Кохи Ваҳдат” замоне рух дод, ки хабарнигор аз пайи таҳияи гузориш буд ва роҳ ба роҳ бо модараш дар телефон суҳбат мекард. Ин вақт се ҷавони тахминан 28-29-сола ӯро нигоҳ доштанд. Муллораҷаб Юсуфӣ мегӯяд, яке аз ин нафарон дастакӣ салом карда ва суроғаи бонкро пурсид.

“Бо телефон суҳбат мекардам, ки маро нигоҳ дошта, суроғаи бонкро пурсиданд. Ба онҳо суроғаи бонки наздиктаринро нишон додам, вале дастамро раҳо накард. Баъди ин маро ба як кунҷе бурда пурсид, ки соли таваллудам чанд аст. Фаҳмидам, ки онҳо аслан бо бонк коре надоранд ва пурсидани суроғаи бонк танҳо баҳонае буд. Худамро муаррифӣ кардам ва гуфтам, ки соли таваллудам 1993 аст ва хабарнигор ҳастам. Шубҳа карда гуфтанд, ки “ба коргар умуман монанд нестӣ”. Шояд ба он хотир, ки дар тан куртаву галстук надоштам. Аммо ман то ҳол намедонистам, ки онҳо корманди куҷо ҳастанд. Вақте талаб кардам, ки худро муаррифӣ кунед, якеаш ҳуҷҷатеро зуд нишон дода ба кисааш гузошт. Ман фурсат наёфтам бихонам, ки ӯ кӣ ва корманди кадом идора аст”.

Муллораҷаб Юсуфӣ мегӯяд, вақте дарк кард, ки онҳо бо ҳадафи ҷалби ӯ ба хидмати аскарӣ нигаҳ доштаанд, гуфт, дар донишгоҳ таҳсил карда, билети ҳарбӣ дорад ва афсари эҳтиётӣ аст.

“Пурсид, ки ранги “военний билет”-ат чӣ хел аст. Ман ростӣ ранги билети ҳарбиамро ҳам фаромӯш карда будам. Гуфтам сурх. Дигар ба онҳо Худо дод ва фикр карданд, ки дурӯғ мегӯям ва аслан билети ҳарбӣ надорам. Чун ранги билети ҳарбии афсарони эҳтиётӣ сабз аст”, - афзуд ӯ.

Хабарнигори Озодӣ аз онҳо хоҳиш кардааст, имкон диҳанд то ба дафтари Радио занг занад ва ҳамкорон бихоҳад, ки билети ҳарбиашро биёранд. Вале онҳо зӯран телефонро аз дасти хабарнигор гирифта ва ӯро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурданд.

“Ман, ки чанд бор дар бораи “облава” матлаб навишта будам, худам аввалин бор ба чунин ҳолат афтидам. Телефонам - дастгоҳи муҳими кору зиндагиам дар дасташон буд. Ман ҳам дигар гуфтам, “рафтем, ба куҷое хоҳед, меравем”. Аз назди Кохи Ваҳдат то Комисариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамроҳ рафтем. Дар роҳ аз се нафар як нафар боқӣ монд. Талаб кард, ки шиносномаамро бидиҳам, ман рад кардам. Ба сарам доду вой мекард, ки “ҳавои ватанро нафас мекашӣ, барои чӣ ду сол рафта хидмат намекунӣ”? Посухаш додам, ки ман афсари эҳтиётӣ

ҳастам, чи хел ҳамчун сарбоз рафта, хидмат мекунам? Намешунид ва ё аслан шунидан намехост. Ба ӯ гуфтам, ки аз рӯи қонун бояд аввал ба ман даъватнома равон кунед. Доду вояш баланд шуд, ки “ман шабу рӯз дар хидмати ватан ҳастам, ту мурда-мурда рафта, ду сол хидмат мекунӣ”, - гуфт Муллораҷаб Юсуфӣ.

Ба қавли Муллораҷаб Юсуфӣ, вақте онҳо ба бинои Комисариати ноҳия расиданд, соат аз 15 гузашта буд. Дар ҳавлии комиссариат чанд шахси низомипӯш ба назар мерасид. Онҳо аз нафаре, ки хабарнигорро ба камиссариат овард, пурсиданд, ки ин кӣ аст? Ин одам посух додааст, ки “ӯ мехост моро сабт кунад”. Яке аз кормандони низомипӯш ба дигараш гуфт, ки “баред, протокол кунед ва 15 шабонарӯз маҳкамаш мекунем”.

Муллораҷаб Юсуфӣ гуфт, ки кормандони комисариат телефонашро тафтиш карда, тамоми аксу наворҳоро диданд. Саволҳое доданд мисли инки рубтаи ҳарбиаш чисту қадамзанӣ дар паради ҳарбӣ аз кадом пой шуруъ мешавад.

Дар ниҳоят вақте телефонро баргардониданд, гуфтанд, ки занг зада дархост кунам, то наздикон билети ҳарбиашро биёранд.

Вазорати мудофиа мегӯяд, эҳтиёҷ ба "облава" надорем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Хабарнигори Радиои Озодӣ танҳо дар ҳамин лаҳза тавонист бо масъулини дафтар дар тамос шуда, вазъро шарҳ диҳад ва хоҳиш кард, ки аз дохили сумкааш дар идораи корӣ дафтарчаи ҳарбиашро биёранд. Вале баъди суҳбати масъули дафтар бо корманди комиссариат, санадҳояшро бори дигар санҷида, ба журналист гуфтанд, ки озод аст.

Масъулини дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯянд, дар бораи ин ҳодиса ба дафтари матбуоти Вазорати дифоъ хабар доданд ва дар онҷо ваъда доданд, ки ин ҳодисаро месанҷанд.

Ҳафтае пеш дар як изҳороти вазорати дифои Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар кишвар дигар “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати артиш вуҷуд надорад, зеро теъдоди ихтиёриҳои хизмат дар артиш афзоиш ёфтааст. Аммо масъалаи “облава” соле ду дафъа ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати баҳорӣ ва тирамоҳӣ доғ мешавад.

XS
SM
MD
LG