Чаро имсол паради низомӣ баргузор намешавад?

Як таҳлилгари масоили ҳарбӣ мегӯяд, ҳадафи тасмими ҳукумат аз худдории баргузории ҷашнҳои бошукӯҳ ҷилавгирӣ аз сарфу харҷи барзиёд мебошад.

Вазорати дифои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 25-умин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳро дар моҳи феврали соли равон бидуни баргузории роҳпаймоӣ ё паради низомӣ истиқбол кунад. Ҳамасола вазорати дифоъ ҷашнҳои солгарди худро бо роҳпаймоии ҳудуди 25 ҳазор сарбозу афсарон бошукӯҳ таҷлил мекард.

Будҷаи гаштҳои калони низомӣ ошкор намешавад, вале дар матбуоти дохилӣ дар гузашта баргузории ҷашнҳои калони давлатӣ аз назари ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишҷӯён, таҳияи либосҳои вижа барои ҳар яки онҳо, интиқод шудааст.

Гуфта мешавад ин тасмим бар асоси фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 19 декабри соли 2017 "Дар бораи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон", гирифта шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати дифоъ дастур дода, ки 9 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли кишвар гашти бошукӯҳи низомӣ барпо кунад.

Ҳукумат ҳамчунин ба ҳама вазорату идораҳои дигар дастур додааст, ки ҳар гуна ҷашну барномаҳои худро дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон барномарезӣ кунанд.Тоҷикистон 30-умин солгарди истиқлолашро 9-уми сентябри соли 2021 ҷашн хоҳад гирифт.

Фаридун Маҳмадализода, сардори Дафтари матбуоти Вазорати дифоъ рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти фармони президент "Дар бораи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон" ҷашни 25-солагии нерӯҳои мусаллаҳ бидуни паради ҳарбӣ сурат мегирад”.

Фаридун Маҳмадализода.

Вай гуфт, “дар соли равон фақат гулгузорӣ дар “Боғи ғалаба”, озмуни ватанпарварӣ дар миёни сарбозон, озмуни беҳтарин шаҳраки ҳарбӣ ва таҳияи филмҳову китобҳо баргузор карда мешаванд. Ду сол қабл соли 2016 ҷашни 25-солагии истиқлол баргузор шуд, ки дар он паради ҳарбӣ гузашт ва ҳудуди 25 ҳазор сарбоз ширкат карда буд”.

Бо ёдоварӣ аз таҷлили ин ҷашн дар соли 2016 гуфта шуд, ки Вазорати корҳои дохилии кишвар дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ин ҷашн ва омодагиҳо ба паради низомӣ, сар аз 19 август то 8 сентябр аз соати 18:00 то 22:00 гаштугузори воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ аз Фурӯшгоҳи Марказӣ то майдони Дӯстӣ ва то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухорӣ, маҳдудшуда буд.

Як таҳлилгари масоили ҳарбӣ мегӯяд, ҳадафи тасмими ҳукумат аз худдории баргузории ҷашнҳои бошукӯҳ ҷилавгирӣ аз сарфу харҷи барзиёд мебошад. Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили низомӣ ҳам аз тасмими ҳукумат барои худдорӣ аз ташкили паради ҳарбӣ дар соли ҷорӣ ҷонибдорӣ кард. Вай гуфт, ин имкон медиҳад тайи чаҳор соли оянда мақомот аз ҳаргуна ҷашнҳо парҳез намуда, аз харҷу сарфи барзиёд худдорӣ кунанд.

Маҳдӣ Собир

“Беҳтар аст мақомот маблағҳоеро ки барои чунин ҷашнҳо тайи ин чаҳор сол сарф мешуданд, барои беҳбудии мардум хусусан хизматчиёни ҳарбӣ сарф мекарданд, барои онҳо хона месохтанд ин иқдомро сарбозон ва хизматчиёни ин соҳа дастгирӣ мекунанд”.

Маъмулан, барои ҳама ҷашнҳои азим ва бошукӯҳ пули буҷа масраф мешуд. Гаштҳои низомӣ бо иштироки садҳо низомиёни сохторҳои интизомии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Будҷаи гаштҳои калони низомӣ ошкор намешавад, вале дар матбуоти дохилӣ дар гузашта баргузории ҷашнҳои калони давлатӣ бахшида ба идҳои расмии мисли таҷлили Наврӯзу иди Ваҳдат аз назари ҷалби ҳазорҳо мактабиёну донишҷӯён, таҳияи либосҳои вижа барои ҳар яки онҳо интиқод шудааст. Бархе журналистон зарурати татбиқи қонуни танзими расму оинҳоро дар баргузории ҷашнҳои давлатӣ аз назари хароҷоти азими онҳо матраҳ кардаанд.