Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

GFP: Тоҷикистон ҳанӯз ҳавопаймоҳои ҷангӣ надорад


Бар асоси як раддабандии байналмилалӣ артиши Тоҷикистон дар миёни артишҳои 126 кишвари ҷаҳон дар зинаи 112-ум қарор гирифтааст.

“Global Firepower” (GFP), як бунгоҳи таҳлилӣ, ки масоили марбут ба иқтидори низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар раддабандии наваш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз лиҳози иқтидори низомӣ дар байни 126 кишвари дунё дар ҷойи 112-ум гузоштааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 81-ум қарор дошт.

Ҳангоми таҳияи ин рӯйхат омодагии ҷангӣ, сифати базаҳои моддию техникӣ, таъминоти молӣ ва захираҳо, сифати омодагии кадрҳои низомӣ ва таҷруба дар пешбурди амалиёти низомии нерӯҳои мусаллаҳ дар назар гирифта шудааст.

Бар асоси гузориши Global Firepower Тоҷикистон 6 ҳазор низомӣ ва 37 тонк доштааст. “Аммо артиши Тоҷикистон ҳавопаймоҳои ҷети ҷангӣ надорад,” – таъкид шудааст дар ин гузориш.

Як моҳ пеш расонаҳо аз эҳтимоли афзоиши саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 6 ҳазори кунунӣ ба 22 ҳазор хабар дода буданд, вале баъдан Вазорати дифоъ вуҷуди як чунин тасмимро рад кард. Буҷети низомии Тоҷикистон 75 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки буҷети низомии Қирғизистон, ки дар зинаи 110-и ин феҳрист ҷой гирифтааст, 240 миллион доллар будааст.

Дар феҳристи торнамои Global Firepower аз артишҳои Амрико, Русия ва Чин ба унвони нерӯмандтарин артиш дар ҷаҳон ном бурда шудааст.

Ҳамчунин, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), қароргоҳаш дар Лондон, дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016” (The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нерӯҳои Русия ва Паймони амнияти дастҷамъӣ номид.

Бино ба ин манбаъ, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нерӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ ва 7500 нерӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нерӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нерӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.

Артиши Тоҷикистон расман 23 феврали соли 1993 дар заминаи воҳидҳои ниманизомии Фронти халқӣ – ҷониби пирӯз дар соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамон рӯз бо ҷалби ҷангиёни Фронти халқӣ дар маркази Душанбе як паради низомӣ ҳам доир шуд. Таърихи 23-солаи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҳамин парад оғоз мегирад.

Тоҷикистон аз байни 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ танҳо кишварест, ки аз мероси Артиши Шӯравӣ даст кашид. Тибқи тартиби тақсими мероси СССР, ҳар кишвари мустақилшуда бояд тамоми дороиҳои Шӯравӣ дар қаламраваш, бо шумули қисмҳои низомии Артиши Шӯравиро ба моликияти худ мегирифт.14 ҷумҳурии дигар алакай дар поёни соли 1991 ва ибтидои соли 1992 дар заминаи ин қисмҳои низомии Артиши Шӯравӣ нирӯҳои мусаллаҳи худро ташкил доданд. Аммо Тоҷикистон, ки дар тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 даргири ихтилофҳои сиёсии дохилӣ шуда буд, ин масъаларо то охир тӯл дод.

XS
SM
MD
LG