Билетфурӯшиҳои холӣ ва шикоят аз билетҳои гарони ширкатҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

Empty ticket office in Dushanbe

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегуяд, як соли ахир аз хидмати ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ тақрибан даст кашидааст.

У, ки ба хориҷ зиёд сафар мекунад, мегуяд, гаронии чипта ва хидматрасонии начандон хуб сабаби дилсардиаш аз ширкатҳои дохилӣ шудаст.

”Як соли охир бештар аз тариқи Тошканд сафар мекунам. Зеро аз тариқи Тошканд билети ҳавопаймо ба Аврупо қариб якуним баробар арзон аст. Ҳатто нисбат ба ширкати туркӣ арзонтар аст” – гуфт, у ба Радиои Озодӣ.

Дар нуқтаҳои чиптафурушӣ дар Душанбе, ки солҳои қаблӣ навбатҳои зиёд буд, ҳоло муштариёнро кам мебинед. Ҳамин мардум ҳам чиптаи ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ва ё дигар кишварҳоро мехаранд, ки андаке аз билетҳои ширкатҳои дохилӣ арзон аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гаронии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон таваррумро бештар кард"

Нархҳои мо гаронтар, сифати ҳавопаймоҳо пасттар. Сатҳи хизматрасонӣ ҳам пасттар, назар ба дигар кишварҳо, назар ба ширкати ҳавоии Остона, ширкати ҳавопаймоии Туркия аз они мо хеле пастттар аст. Афсӯс. – мегӯяд, Фараҳноз Ҳакимова, сокини шаҳри Душанбе.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикоят аз билетҳои гарони ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон

Зоҳиран талаботи кам аст, ки фуруши билет, бахусус билетҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар бархе аз дуконҳо дар Душанбе то 70 дарсад коҳиш ёфтааст. Гаронии нарх муштариёни тоҷикро маҷбур кардааст, кишварҳои ҳамсоя, махсусан Узбакистонро барои сафар ба хориҷи дур интихоб кунанд.

Аз Самарқанду Бухоро арзонтар мехаранд

“Вақте ҳисобу китоб мекунӣ, онҳо дар Тошканд, билетро тақрибан 50-60 дар сад арзон мегиранд. Масалан аз Самарқанд, Бухоро, дигар шаҳрҳои Узбекистон. Баъзеш бо роҳ меравад, ба таксӣ, автобус. Дар ҳар ду ҳолат аз онҷо арзонтар аст. Ин ҳам сабабе мешавад, ки дар Тоҷикистон фурӯши билет хеле кам шудааст” – мегуяд, Руҳуллоҳ Саидов, ки дар Душанбе билет мефурӯшад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Арзиши билети ҳавопаймо ба Русия якбора боло рафт. ВИДЕО

Ширкатҳои Тоҷикистон чун ҳамеша иллати гаронии билетҳор ба гаронии қиммати сузишворӣ иртибот медиҳанд. Аммо мусофиронро бар изофаи гаронии қимати билета, бо таваққуф дар фурудгоҳи дуюм ба нуқтаи аслӣ парвоз кардани ҳавопаймои ширкатҳои дохилӣ, мусофирони аслӣ, муҳоҷирони кории тоҷикро маҷбур кардааст, ки роҳи дигари сафар ба хориҷи кишварро пайдо кунанд.

Ҳаракати автобусҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия, ки билети дастрас ва арзон доранд, як сабаби аз сафар бо ҳавопаймо рӯ гардонидани муҳоҷирон шудааст.