Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Ямал ё бе Ямал? Идомаи музокироти Тоҷикистону Русия дар Маскав


Ҳайати расмии Тоҷикистон баъд аз танаффуси даҳрӯза барои идомаи музокирот дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳо ба Русия меравад. Як узви ин ҳайат ба шарти ифшо нашудани номаш 23 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "музокирот баъди ду рӯз дар Маскав ҷараён хоҳад гирифт".

Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари дӯст аст

Ӯ гуфт, “мо даҳ рӯз фурсат гирифта будем, то чанд масъалаи муҳимро дар дохил маслиҳат кунем. Ҳамаи машваратҳоро кардем ва ба онҷо меравем, ки масъала ниҳоӣ шавад”. Ин ҳамсуҳбати мо "ба далели халал нарасидан" ба ҷараёни музокирот аз тафсилоти бештари масъалаҳои мавриди баҳс худдорӣ кард. Вай танҳо гуфт, “умедвор аст, ин дафъа мушкил ҳал мешавад”.

Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Тақрибан ду ҳафта пеш дар музокироти Тоҷикистону Русия бо дархости ҳайати Душанбе танаффус эълон шуд. Дар ҳоле ки масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то кунун аз шарҳи ҷузъиёти музокирот худдорӣ мекунанд, ба назар мерасад, ҷонибҳо натавонистаанд дар атрофи масоили мавриди баҳс ба тавофуқ бирасанд. Аммо Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар музокироти Маскав – рӯзи 13 апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "музокирот ба ҳеҷ ваҷҳ вориди бунбаст нашудааст ва идома хоҳад кард".

Тоҷикистону Русия тақрибан ним сол боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. То кунун чанд даври музокирот дар Душанбеву Маскав баргузор шуда, аммо ҷонибҳо натавонистанд дар ин маврид ба натиҷаи мусбат бирасанд.

Фурудгощи Душанбе
Фурудгощи Душанбе

Тарафи Русия мехоҳад, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.

Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кардааст. Тоҷикистон ҳам қаблан ҳушдор дода буд, ки ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Аммо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан дар парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия ба Душанбе тағйироте рух надода ва парвозҳо тибқи ҷадвали расмӣ анҷом мешаванд.

Ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта, аксари онҳо аз хадамоти ҳавопаймоҳо истифода мекунанд
Ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта, аксари онҳо аз хадамоти ҳавопаймоҳо истифода мекунанд

Солона на камтар аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд ва солҳои охир ҳавопаймо аз умдатарин василаи расидани муҳоҷирони тоҷик ба Русия шудааст. Ин вазъ тиҷорати ширкатҳои ҳавоиро гарм нигоҳ медорад ва онҳо дар амри ҷалби муштарии бештар аз рӯи қонуни бозор амал карда, қимати билети парвозро ҳам муносиб ба кисаи муҳоҷирон мекунанд.

Тафовути қимати парвозҳо гоҳо аз се то чор баробарро ташкил дода, ногузир ширкатҳоро дар шароити рақобати шадид қарор медиҳад.

Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари дӯст аст ва ба фарқ аз бархе ихтилофҳои лафзии гузашта ин навбат касе натиҷаи ин баҳсҳоро пешгӯӣ карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG