"Таҳдид карданд, ки 3-5 сол зиндонӣ мекунем." Like дигар ҷазо надорад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон 29 октябр баъзе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои, ба гуфтааш, беасос боз кардани парванда, аз ҷумла барои гузоштани "лайк" дар Интернет танқид кард. Фарҳод Одинаев, як фаъоли тоҷик дар Аврупо, мегӯяд, масъала танҳо бо дастур ҳал намешавад, бояд қонун дигар шавад.

"Телефонро кашида мегиранд"

Ду хешованди рӯзноманигор Шервони Умриддинро барои писандидан ё гузоштани "лайк" (Like) дар наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир карда, баъд аз пардохти як миқдор пул аз ҷазо озод намудаанд. Ӯ мегӯяд, яке аз ин ҳодисаҳо дар моҳи апрели имсол рӯй дод.

Ба нақли Шервони Умриддин, маъмурони милиса дар шаҳраки Колхозчиёни Панҷакент аввал телефони бародарашро гирифта, ӯро бо худ бурдаанд. Тақрибан як сол пеш язна (шавҳари амма)-ашро низ бо ҳамин ҷурм дастгир карда буданд.

"Язнаи ман панҷ сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери кадом наворе "лайк" гузоштааст. Аз хонаашон бардошта бурданд, ки акси фалон одамро писандидед. Бурданд, таҳдид карданд, ки 3-5 сол зиндонӣ мекунем. Фишорҳо рӯз то рӯз аз тарафи милисаи деҳаи Ғусар зиёд шуда истодааст. Панҷакент, ки аҳолиаш зиёд аст, ду идораи пулис дорад, яке дар маркази шаҳр аст, яке барои деҳаҳо дар шаҳраки Колхозчиён", -- мегӯяд Шервони Умриддин.

Ба қавли ин рӯзноманигор, "милисаҳои шуъбаи Колхозчиён фишор меоранд. Дар телефон ё дар занги телефон амри маъруфе бошад ё ягон маводи диниву исломӣ, телефони шаҳрвандро кашида мегиранд. Ё аз телефони ягон кас даромада, дар барномаҳо беҳуда "лайк" мемонанду мардумро сарсону саргардон мекунанд."

Гузориши видеоӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Бурда, таҳдид карданд, ки 3-5 сол зиндонӣ мекунем”

Ангезаи изҳороти раисҷумҳур чист?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи октябри имсол дар мулоқот бо кормандони мақомоти қудратӣ аз боздошту ҷазо барои "лайк" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ ва қатъи чунин таҷрибаро талаб кард.

"Вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст. Яъне, баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад", -- таъкид кард ӯ.

Ранжет Ятимов

Нигаронии раисҷумҳур дар ҳоле садо дод, ки замони тағйири қонунгузорӣ дар ин самт ҳуқуқшиносон аз эҳтимоли суистифодаи он аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушдор медоданд. Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси расонаҳо, мегӯяд, агар ба омор бингарем, солҳои охир дар Тоҷикистон ҳамин гуна қазияҳо афзудаанд.

"Агар нафаре дар бораи Тоҷикистон иттилоъ гирифтан хоҳаду бо омор ва ҳодисаҳои гузашта шинос шавад, дар сари ҳамон шахс фикр пайдо хоҳад шуд, ки магар шаҳрвандони ин давлат ҳама ифротгароянд? Ба имиҷи давлат бениҳоят зарар мерасад аз ин кор", -- гуфт ҳуқуқшинос.

Ятимов афзуд, камбудӣ дар ин парвандаҳо ин буд, ки додгоҳҳо пушти дарҳои баста мегузашт, маълум набуд, ки унсурҳои ифрот дар кадом калима ё ҷумла буд. Ҳамчунин ӯ набудани санҷиши мустақили додгоҳиро дар Тоҷикистон як иллати ношаффофӣ дар баррасии ин гуна парвандаҳо медонад.

"Чизе тағйир намеёбад, агар..."

Фарҳод Одинаев

Фарҳод Одинаев, яке аз фаъолони тоҷик дар Аврупо, бар ин аст, ки танҳо бо як дастури раисҷумҳур ин масъала ҳал намешавад: "Агар ӯ хоҳад, бояд аввал қонунҳоро расман ба порлумон пешниҳод кунад ва онро лағв кунад, то дигар шаҳрвандон бо ин моддаҳо зиндонӣ карда нашаванд. Вагарна чизе тағйир намеёбад, чун ин модда ҳаст ва ҳар касе, ки дар зери наворҳо ё навиштаи мухолифин лайк мемонад ё ин ки шарҳ менависад, парванда боз мекунанд ва меравад зиндон", -- мутмаин аст Фарҳод Одинаев.

Дар Тоҷикистон моҳи июни соли 2018 дар қонунгузорӣ “сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет” ҷурм шинохта шуд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои “лайк” маъруф аст. Ҳамчунин бар асоси як зумра моддаҳои Кодекси ҷиноӣ амалкардҳои корбарони интернет метавонад ҷиноят дониста шавад:

  • Моддаи 137. Таҳқири оммавии президенти Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ сол зиндон
  • Моддаи 137 (1). Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ сол зиндон.
  • Моддаи 179 (1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигарон барои содир намудани онҳо. Ҷазо: аз 10 то 15 сол зиндон.
  • Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 8 то 15 сол зиндон.
  • Моддаи 307 (1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз интенет. Ҷазо: аз 5 то 10 сол зиндон.
  • Моддаи 307 (3). Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии… экстремистӣ эътирофшуда тавассути шабакаи интернет. Ҷазо: аз 5 то 8 сол зиндон.
  • Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият тавассути интернет. Ҷазо: аз 50 ҳазор то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё 2 сол зиндон.
  • Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 5 то 10 сол зиндон.

Дар Тоҷикистон барои тарафдорӣ ва ё гузоштани "лайк" дар зери "маводи ифротиву зиддидавлатӣ" то кунун даҳҳо нафарро боздошту зиндонӣ кардаанд. Яке аз онҳо Камолиддин Шарофови 70-сола аст, ки ба гуфтаи пайвандонаш, барои писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон панҷ сол аз озодӣ маҳрум гаштааст.

Мақомот омори касонеро, ки барои “лайк” ё шарҳу бознашри маводи интернетӣ ҷарима ё зиндонӣ шудаанд, ба расонаҳо намедиҳанд. Ин ки раисҷумҳури Тоҷикистон онро мояи нигаронӣ донист, баёнгари он аст, ки эҳтимол хеле зиёд шудаанд.