Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳ, лайк ё навор дар шабакаҳо. Чаро ду писари иқтисоддони тоҷикро ҷустуҷӯ мекунанд?


Бародарон Холид ва Ҳишом Абдуманноновҳо
Бародарон Холид ва Ҳишом Абдуманноновҳо

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду писари таҳлилгари масоили иқтисодӣ ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Абдуманнон Шералиевро, ки дар хориҷа асту ҳар чанд вақт тасмими мансабдоронро таҳлилу танқид мекунад, ба ҷустуҷӯ додаанд.

Холиди Абдуманнони 25 ва бародараш Ҳишоми 22-сола бар асоси эълони мақомот ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбаранд.

Хонаводаашон мегӯянд, иттиҳом бепоя аст, вале ҳамзамон аз сарнавишти баъдии онҳо нигаронанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Суғд рӯзи 29-уми ноябр тасдиқ кард, ки бародарон таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд. Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад, яке аз онҳоро Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт ва дигареро Раёсати амнияти вилояти Суғд мекобад, вале дақиқ нагуфт, ки он ҷустуҷӯи дохилист ё байнулмилалӣ.

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки аксу маълумоти кӯтоҳро дар бораи Холиду Ҳишоми Абдуманнон дар идораи умури дохилии ноҳияи Ашт дидаанд. Бинобар ин эълон Холид ва Ҳишом ба “иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки ба сабаби экстремистӣ будан мамнуъ шудааст” гумонбаранд. Ин банди қонун аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад.

Дар ҳоле ки бародарон камаш як сол боз зери ҷустуҷӯ будаанд, хонаводаи онҳо мегӯянд, чанд ҳафта пеш аз он огоҳ шуданд ва дар ҳоли ташвишанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, Холид ва Ҳишом дастикам ҳафт сол боз берун аз Тоҷикистон кору таҳсил ва зиндагӣ дорану “узви ҳеч созмону гуруҳе нестанд”.

Падарашон Абдуманнон Шералиев рӯзи 29-уми ноябр гуфт, “хавфи ман ин аст, ки бо дар пайгард қарор додани писаронам мақомот дар ҳаракати онҳо байни кишварҳо монеаву хатар эҷод мекунанд. Ин ҳаракат барои онҳо бинобар омӯзиш ва корҳое, ки доранд воқеан зарурист. Аз тарафи дигар, мақомот метавонанд амаку тағоҳои онҳоро ҳамеша таҳти фишор қарор диҳанд, ҳамон гуна, ки бо ҳамаи наздикони афроди таҳти пайгард мекунанд.”

Шералиев афзуд, бар асоси эълони мақомоти интизомии ноҳияи Ашт ба зидди ӯ низ соли 2020 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Мегӯяд, бархурди мақомотро бо худаш мефаҳмад, чун дар замони расман фаъол будани ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 яке аз пайравонаш дар Тоҷикистон буд.

“Ростӣ, “гуноҳ”-и писаронам чист, на ман медонаму на онҳо. Аммо бо шиносоие, ки аз мақомот дорам, ин “гуноҳ” метавонад бознашри кадом матну навор ё ҳатто шарҳу лайк зери ягон навор ё навиштае бошад. Писарам Ҳишом дар Ютуб барномае дошт ва бо гумони ғолиб “гуноҳ”-аш ҳамон бошад,” – тахмин зад ӯ.

Абдуманнон Шералиеви 49-сола хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар гузашта дар шаҳри Хуҷанд мезисту тиҷорат дошт, вале аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG