Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду ҷавон. Дар девори мактабу мағозаи Яккатут чӣ навиштанд?


Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Маъмурони милиса дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро ба гумони навиштани "даъвату таҳдид" дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона дастгир кардаанд.

Мақомот ба таври расмӣ маълумот намедиҳанд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми август боздошти ҷавонҳоро тасдиқ кард, аммо ба сабаби гуё махфӣ будани парванда ва надоштани иҷозаи суҳбат ҷузъиёт надод.

Кӯшишҳои мо барои ёфтани волидони боздоштшудаҳо ва гирифтани шарҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия то ин дам бенатиҷа буд.

Манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса дар аввали моҳи август дар ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯй додааст. Яке аз онҳо гуфт: "Дар девори мағоза, сартарошхона ва мактаби ба номи Горкий навиштаанд, ки "аккаунтҳо ва адресҳои телефонҳоятонро иваз кунед" ва "хонаи онҳоеро, ки моро ба мақомот мефурӯшанд, оташ мезанем". Ин хабар ба мақомот расид ва тафтиш дар ҷамоат сар шуд."

Ангезаи чунин рафтори ҷавонон маълум нест. Дар гузашта чанд нафарро дар Тоҷикистон барои дидан ё гузоштани "лайк"-у ба дигарон фиристодани навори вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ кардаанд. Чанд нафари дигар дар манотиқи гуногуни кишвар бо айбномаи часпондани парчами ДОИШ зиндонӣ гаштаанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар соли 2023 ду мансабдор, як хабарнигор ва як сокини ноҳияи Панҷро ба ҳамин иттиҳом аз озодӣ маҳрум кард. Як марди 70-соларо дар шаҳри Исфара ба гуноҳи писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумат панҷ сол ба зиндон андохтанд, вале худаш иттиҳомро напазируфт.

Ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ афзуд, “ду ҷавонро рӯзи 18-уми август бо истифода аз дурбинҳои назоратии бинои мактаб ёфтанд.” Яке аз онҳо 23-сола будааст.

“Ду ҳафта пеш мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамоатҳо падару модаронро ҷамъ оварда, масъалаи ёфтани гумонзадҳоро ҷиддӣ дар миён гузоштанд. Баъди боздошти ду гумонбар низ тафтишу пурсиши сокинон ба поён нарасид. Кормандони умури дохилӣ ҳанӯз ба хонаҳои сокинон мераванд,” -- илова кард ӯ.

Бори аввал нест, ки баъзе аз сокинони Тоҷикистонро барои навиштани шиор дар дару деворҳо дастгир мекунанд. Соли 2014 ва баъди мамнуъ шудани “Гурӯҳи 24”, ду сокини ҷавони Душанберо ба иттиҳоми таблиғи ин созмон ва навиштани шиор алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар наздикии Наврӯзгоҳи пойтахт ҷазо дода буданд.

Шиорҳои даъват ба истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ дар пиёдароҳе дар шаҳри Хуҷанд ба таври фаврӣ пок карда шуданд. Мақомот аз муҷозоти касе дар ин робита хабар надодаанд.

XS
SM
MD
LG