Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Обуна ба навори мухолифон". Марди 70-солаи тоҷикро зиндонӣ карданд. ВИДЕО


Камолиддин Шарофов баъди як баҳс дар бораи артиш дар ҷамоати Сурхи Исфара дастгир шудааст
Камолиддин Шарофов баъди як баҳс дар бораи артиш дар ҷамоати Сурхи Исфара дастгир шудааст

Як марди 70-соларо дар шаҳри Исфара ба ҷурми ифротгароӣ панҷ сол зиндонӣ кардаанд.

Пайвандонаш гуфтанд, Камолиддин Шарофов ба писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гунаҳкор шуда, вале иттиҳомро напазируфт.

Намояндагони Додгоҳи шаҳри Исфара рӯзи 17-уми август дар суҳбати телефонӣ хабарро тасдиқ карда, ҷузъиёт надоданд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ ҳукми омӯзгори бознишаста Камолиддин Шарофовро 7-уми августи имсол бароварда, рӯзи дигар ба зиндони шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия 17-уми август ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ ба сабаби мушкили молӣ вакил надошт ва ба ҳамин далел ба зинаҳои болоии додгоҳ низ муроҷиат намекунад."

"Ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ аз вазъи саломатиаш шикоят кард ва хоҳони табобат шуд. Додрас гуфт, ин дархостро аз маъмурони маҳбас бикунад," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Навор:

Ҳукми як марди 70-сола дар Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Маъмурони амниятии Исфара Камолиддин Шарофови 70-соларо дар аввали моҳи майи имсол ва баъди як баҳс дар бораи хидмати ҳарбӣ дар ҷамоати Сурх дастгир карданд.

Яке аз хешовандони Камолиддин Шарофов он вақт гуфта буд, ки “ӯро пас аз он боздошт карданд, ки аз мақомот хост, дуруст рафтор кунанд, вагарна ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ ТВ” шикоят менависад.” Ҳамсуҳбати мо барои пеш наомадани мушкил хост, номашро нанависем, чун баъд аз қазияи Шарофов зери заррабин ҳастанд.

Ба қавли мусоҳиби мо, мақомоти интизомӣ аъмоли Камолиддин Шарофовро санҷида, “гуё маълум кардаанд, ки ӯ чанд навори “Ислоҳ ТВ”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ писандида, чандеро ба дӯстонаш фиристодааст.”

Сомонаи “Ислоҳ” (мудираш Муҳаммадиқболи Садриддин) ва саҳифаҳои вобаста ба онро, ки наздик ба як гуруҳи мухолифон дар Аврупост, дар Тоҷикистон мамнуъ эълон кардаанд.

Бори аввал нест, ки сокинони Тоҷикистонро барои дидан ё гузоштани “лайк”-у ба дигарон фиристодани навори вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ мекунанд. Додгоҳи вилояти Хатлон аввали ҳамин сол ду мансабдор, як хабарнигор ва як сокини ноҳияи Панҷро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз озодӣ маҳрум кард.

Дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумоти танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "таъқиб барои танқид" номида буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодии баёнро саркӯб ва норозиёнро зиндонӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG